Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дар роҳи ҳифзи таърихи миллат

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Шахсе ки дилдодаи касби хеш аст, бо ҳар нафас ва ҳар қадамаш кори худро дӯст медорад. Ӯ бо завқ ва шавқ ба вазифаҳои рӯзмарра рӯ меорад ва ҳамеша мекӯшад, ки беҳтарин натиҷа ба даст орад. Дӯст доштани касб ба ӯ нерӯи тоза мебахшад ва ҳатто дар вазъҳои душвор ҳам рӯҳбаландӣ ва интизомро нигоҳ медорад. Шахси дилдодаи касби хеш ҳамеша намунаи меҳнатдӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва муҳаббати ҳақиқӣ ба кори худ мебошад. Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз зумраи маконҳое аст, ки кормандонаш бо як ихлос ва муҳаббати беандоза ба кор шурӯъ менамоянд. Инак як аср мешавад, ки ин мавзеъ макони гувоҳи таърих ва мероси фарҳангӣ буда, тамошобинонашро бо таърих, фарҳанг ва суннатҳои халқи тоҷик шинос менамояд. Яке аз шахсиятҳое, ки мо бевосита дилдодаи касби хеш гуфта метавонем, ин Домуллоев Ғайбуллоҷон мебошад. Ин шахсияти наҷиб дар солҳои фаъолияташ дар Осорхона,  тамоми нозукиҳои ин касбро омӯхта, барои ривоҷёбӣ ва пешрафти он кӯшишҳои зиёд ба харҷ додааст.

Домуллоев Ғайбуллоҷон 17 ноябри соли 1953 дар шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд), дар оилаи  хизматчӣ таваллуд шуда, соли 1970 мактаби №16-ро хатм мекунад. Худи ҳамон сол ба Институти педагогии ба номи Киров (ҳозира ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров) дохил шуда, онро соли 1974 бо муваффақият ба итмом мерасонад. Баъди хатми донишгоҳ чанд муддат дар ноҳияи Ғончӣ (ҳазира Деваштич) ба ҳайси муаллими забони хориҷӣ ва сипас дар факултаи забонҳои хориҷӣ аз фанни забони олмонӣ дарс медиҳад. Баъдан дар шӯъбаи кадри Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд кор мекунад. Сипас аз моҳи апрели соли 1984 ба Осорхонаи таърихӣ кишваршиносии вилояти Ленинобод ба ҳайси мудири фонд ба фаъолият шурӯъ менамояд. Бо супориши директори онвақтаи осорхона Қодиров А. соли 1984 баҳри  баланд бардоштани савияи дониши худ ба курси такмили ихтисос ба шаҳри Масква  фиристода шуд. Баъди бозгашт, дар шӯъбаи фонд фаъолияти худро идома дода, барои пешравии кори фонд бисёр корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад ва якчанд навигариҳоро ворид менамояд.

Соли 1986 бахшида ба 2500 солагии шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) аз тарафи Иттифоқи нависандагон бо роҳбарии нависандаи машҳур Раҳим Ҷалил, ҷамъияти дӯстдорони китоб бо роҳбарии Юсупов Д. ва Осорхонаи таърихӣ кишваршиносӣ бо роҳбарии Қодиров А. китобе омода гашт, ки барои чоп кардани он Домуллоев Ғайбуллоҷон ҳамчун муттасадӣ ба шаҳри Таллин (Эстония) фиристода шуд. Китоб  “Ленинабад  2500 лет” ном дошта, намунаи он дар толори намоишии Осорхонаи бостоншиносии ба номи академик Нӯъмон Неъматов қарор дорад.

Дар давоми фаъолияти кории худ бисёр конфронсҳои илмию маҳфилҳо ташкил намуда, дар он фаъолона ширкат меварзида ва борҳо бо ифтихорномаҳою раҳматномаҳо сарфароз гардида буд. Дар созмон додани экспозитсияҳо ва намоишҳои сайёр ширкат меварзид.

Бояд зикр намуд, ки солҳои 90 ум, солҳои вазнини Осорхона ба ҳисоб меравад. Бо сабабҳои гуногун он якчан маротиба аз як макон ба макони дигар кӯчонида мешавад. Домуллоев Ғайбуллоҷон, ки дар он замон мудири шӯъбаи оммавӣ фарҳангӣ буд, саҳми бевоситаи худро барои кӯч бастану аз нав созмон додани толорҳои намоишӣ гузоштааст.

Бо гузашти вақт Домуллоев Ғайбуллоҷон самти фаъолияти ҳо худро дигар менамояд. Гарчанде ӯ солҳои зиёд дар Осорхона фаъолият набурда бошад ҳам, лекин барои пешрафти он саҳми назарраси худро гузоштааст.

 

Дилором Саидова - корманди илмии

Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДар роҳи ҳифзи таърихи миллат
Scroll to Top