Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Наврӯз – паёми баҳор ва эҳёи анъанаҳо

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо фаро расидани фасли баҳор табиат ҷомаи сабз ба бар карда, замин аз нав зинда мешавад. Дар ҳамин рӯзҳои пур аз таровату умед мардуми тоҷик яке аз куҳантарин ҷашнҳои башарият – Наврӯзи бостониро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мекунанд.

Бале, Наврӯзи аҷам яке аз куҳантарин ва пуршукуҳтарин ҷашн ба шумор меравад, ки танҳо як ҷашни мардумӣ нест, балки ойинаи фарҳанг, суннат ва арзишҳои маънавии халқҳои ориёнтабор мебошад. Ҷашни Наврӯз дар байни мардуми ориёӣ таърихи зиёда аз шашҳазорсола дорад. Ин ҷашни муборак дар байни тоҷикон беш аз сеҳазорсол, то пазируфтани хеши зардуштӣ вуҷуд доштааст. Дар даврони шоҳони Ҳахоманишӣ, Ашконӣ ва хостатан Сосонӣ дар байни мардуми ориёӣ ҷашни Наврӯз бо бисёр маросиму одатҳои наҷиб пешвоз гирифта мешуданд.

Қобили зикр аст, ки баъди қабул намудани дини мубини Ислом дар ин сарзамин ҷашни Наврӯз, оинҳои он дар байни қавмҳои эронитабор, аз ҷумла тоҷикон коҳиш ёфта, оҳиста – оҳиста он боз мавқеи худро дарёфт намудааст. Тавре ки таърихшиносон ва фарҳангшиносон маълумот медиҳанд, ҷашни Наврӯзи бостонӣ ва таҷлили он дар дарбори хулафои Аббос ва ҳатто пештар аз он, дар даргоҳи бани Умия эътибор доштааст.

Мутаффакири бузурги шарқ - Абурайҳони Берунӣ дар асари машҳури худ “Осор – ул – боқия ан – ил – қурун – ил –холия”, дар бораи бисёр ҷашнҳои қадимаи халқҳо, аз ҷумла ҷашни Наврӯз маълумоти ҷолиб овардааст. Ӯ менависад, ки Наврӯз ҷашни куҳан аст ва мардум онро аз замонҳои қадим ҳамчун рӯзи эҳёи табиат, оғози баҳор ва навшавии зиндагӣ таҷлил мекарданд.

Абурайҳони Берунӣ инчунин ривояти маъруферо нақл мекунанд. Ба гуфтаи ӯ рӯзе дар рӯзи Наврӯз ба ҳузури ҳазрати паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в.) косае аз ҳалвои ширин оварданд. Паёмбар пурсиданд: - Ин чист.? Гуфтанд: - Ин барои ҷашни Наврӯз аст. Он ҳазрат каме аз он чашиданд ва гуфтанд, ки агар ҳар рӯз Наврӯз мебуд, хуб мешуд. Баъдан ин шириниро ба саҳобагони киром доданд, то ки онҳо ҳам бичашанд. Мақсади ин нақл дар китоби таърихӣ бештар нишон додани он аст, ки анъанаҳои нек, мисли шодмонӣ, меҳрубонӣ, тақсим кардани ширинӣ ва дӯсти байни мардумон бо рӯҳияи инсондӯстонаи ислом мухолиф нестанд. Аз ҳамин сабаб, дар бисёр сарзаминҳои мусулмонӣ,махсусан дар минтақаҳои форсизабон, ҷашни Наврӯз то имрӯз бо эҳтиром таҷлил мешаванд.

Дигаре, яке аз расму ойинҳои ҷолиби ҷашни қадимаи Наврӯз дар байни тоҷикон анъанаи навиштани “Ҳафт салом” бо заъфарон будааст. Ин расм дар баъзе минтақаҳои  тоҷикнишин ҳамчун рамзи покӣ, баракат ва шифо нигоҳ дошта шудааст. Дар гузашта, дар арафаи Наврӯз шахси донишманд ё пирони хонадон ояти “Ҳафт салом” – ро аз Қуръони маҷид бо оби заъфарон бар рӯйи коғази сафед менавиштанд Заъфаронро интихоб мекарданд, зеро он ранги зебо ва бӯйи хуш дорад ва дар фарҳанги шарқӣ рамзи покӣ ва баракат дониста мешавад. Ҳафт салом ба ҳафт ояте гуфта мешавад, ки дар онҳо калимаи “салом” омадааст. Ба монанди “Саломун қавлан мин Раббин раҳим”, “Саломун ало Иброҳим”, “Саломун ало Мусо ва Ҳорун” ва дигаре, ки дар онҳо калимаи “салом” ба паёмбарон ё бандагони нек гуфта шудааст. Пас аз навиштан, коғазро ба зарфе бо об меандохтанд, то навиштаҳои заъфаронӣ дар об ҳал шаванд, баъдан аз он аъзоёни хонавода бо навбат менӯшиданд Онҳо аз даргоҳи Худованд орзуҳои сиҳатмандӣ ва шифо барои аҳли хонавода, хушнудӣ ва зиндагии осоишта, сулҳ ва вафо байни мардум, хайру баракат дар рӯзгор, оромӣ ва амният барои кишвар дигареро тақозо мекарданд. Ин анъана нишон медиҳад, ки дар фарҳанги тоҷикӣ ҷашни Наврӯз на танҳо як ҷашни табиат, балки омезиши анъанаҳои бостонӣ бо арзишҳои маънавию исломӣ мебошад. Яъне мардум дар баробари шодии табиати фасли баҳор, ҳамчунин ба дуо, покӣ ва некӣ аҳамият медоданд.

Аз ин дидгоҳ, Наврӯзи қадим ҳикматҳои зиёде доштааст. Албатта, дар ин замина асарҳои мухталифи зиёде аз гузаштагон то ба имрӯз иншо гардидааст, ки ба монанди Наврӯзномаҳо, қасидаҳои баҳорияву наврӯзияҳо, ғазалу ашъори дилнишин ва достонҳои марғуба эҷод шудаанд. Муҳимият ва асолати ҷашни Наврӯзи аҷам он аст, ки дар давоми мавҷудияти беш аз сеҳазорсола, дар баробари пурра нигоҳ доштани урфу анъанаҳои худ, номи таърихию мантиқии худро нишон медиҳад.

Воқеан, таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, ҳамзамон бо ҷашни 100 – солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” имкони хубе фароҳам овард, ки барои боз ҳам амиқтар дарк намудани арзиши таърих, фарҳанг ва анъанаҳои миллии худ мебошад. Ин рӯйдодҳо моро водор месозанд, ки ба мероси гаронбаҳои ниёгон бо эҳтиром муносибат намуда, онро ҳифз ва ба наслҳои оянда бо ифтихор интиқол диҳем.

Ҳамин тавр, Наврӯзи байналмилалӣ на танҳо ҷашни эҳёи табиат, балки рамзи зиндашавии арзишҳои маънавӣ ва фарҳанги миллати тоҷик мебошад. Рост омадани таҷлили  ин иди бостонӣ бо ҷашни Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бори дигар нишон медиҳад, ки гузашта, имрӯз ва ояндаи мо бо робитаҳои мустаҳками фарҳанг ва таърих пайвастаанд. Пос, доштани Наврӯзи аҷам ва ҳифзи мероси таърихӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа аст, зеро маҳз тавассути эҳтиром ба анъанаҳои ниёгон мо метавонем, худшиносии миллиро таҳким бахшида онро ба наслҳои оянда бо ифихор мерос гузорем.

Валӣ Набизод- котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНаврӯз – паёми баҳор ва эҳёи анъанаҳо
Scroll to Top