Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии таърихию фарҳангии ҳайати роҳбарикунандаи ҷузъу томҳои сарҳадӣ, дар асоси дархости Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, барои муовинони сардорони комендатураҳои сарҳадӣ, сардорони дидгоҳҳои сарҳадӣ ва командирони ротаҳо оид ба корҳои сиёсӣ - тарбиявӣ боздиди маърифатӣ ташкил карда шуд.
Дар чорабинии мазкур наздик ба 20 нафар кормандони масъул иштирок намуда,роҳбаладон Умеда Юлдошева ва Шоира Атаева аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Қалъаи таърихии Хуҷанд ва инчунин аз ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ дидан намуданд.
Зимни боздид иштирокчиён бо таърихи бостонӣ, мероси фарҳангӣ, ашёҳои нодири Осорхонаи таърихи вилояти Суғд ва намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ аз наздик шинос гардиданд. Чунин чорабиниҳо барои густариши ҷаҳонбинӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ аҳамияти калон дорад.
Дар ҷараёни боздид роҳбаладони ботаҷриба ба иштирокчиён сайри илмӣ гузаронида, оид ба таърихи бунёд ва ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Баъдан иштирокчиён аз толорҳои намоишии Қалъаи таърихии Хуҷанд гузар намуда, бо намунаҳои нодири санъати миллӣ, аз ҷумла санъати кундалкорӣ, тасвирӣ, дастхатҳо, созҳои қадима ва нигораҳои нодир шинос гардиданд.Ҳамчунин онҳо аз толори “Истиқлоли Тоҷикистон” аз барелеф омода шудааст, ошно гардиданд. Ин барелеф аз эълон гардидани Эъломияи Истиқлоли давлатӣ оғоз гардида. Дар он давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ, раванди Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ки давлатдории навини кишварро инъикос мекунанд, шинос шуданд.
Сониян, иштирокчиён аз ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ боздид ба амал оварданд. Дар ин мавзеъҳо онҳо аз ҳавлиҳои ҳунармандӣ, аз ҷумла наққошӣ, бофандагӣ, дуредгарӣ, сангтарошӣ ва кулолгарӣ ошно гардиданд. Ҳар яке аз ин ҳавлиҳо намунаи равшани ҳунару анъанаҳои қадимаи мардуми тоҷик буда, маҳорати баланди устоҳои мардумиро таҷассум менамояд. Инчунин аз ҳавлии тоҷир, ки бо нақшу нигори қадимаи гузаштагон бо тамоми лавозимоти рӯзгор оро дода шудааст, дидан карданд.
Дар маҷмуъ чунин боздидҳои маърифатӣ барои ғанӣ гардонидани донишҳои таърихию фарҳангии иштирокчиён, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба мероси бойи миллӣ мусоидат менамоянд.






Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”