Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Шанбегии дастаҷамъона дар маҷмааи фарҳангӣ ба истиқболи фасли баҳор

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар доираи корҳои ободониву сабзкорӣ бахшида ба соли 2026 вусъат бахшидани корҳои созандагию ободкорӣ, ҳар ҳафта ба истиқболи фасли баҳор ва таъсисёбии ҷашни 100 – солагии таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”шанбегии дастаҷамъона баргузор мегардад. Ин иқдоми нек бо ҷалби кормандони муассисаи мазкур, донишҷӯён сурат гирифта, барои нигоҳдории муҳити тозаву зебои ин макони таърихӣ роҳандозӣ гардиданд.

Гуфтан ба маврид аст, бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо ба ин чорабинии ҷамъиятӣ донишҷӯёни Муассисаи давлатии “Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд”-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарии омӯзгорон Маҳина Боқиева ва Азиза Негматова, ки бо муассисаи фарҳангӣ ҳамкории зич доранд, фаъолона иштирок намуданд. Донишҷӯён дар корҳои ободонӣ саҳми назаррас гузошта, гирду атрофи Хона – музейи Камоли Хуҷандиро тоза ва озода намуданд.

Дар ҷараёни ин корҳо донишҷӯён ҳуҷраҳои осорхонаро аз гарду чанг пок намуда, муҳити дохилиро тоза ва тартиб дароварданд. Ҳамчунин кӯрпача ва кӯрпаҳои дар таҳмон нигоҳдошташударо берун бароварда, дар офтоби баҳорӣ паҳн карданд, то ки онҳо тоза гарданд. Ин амал барои нигоҳдории беҳтарин ва таъмин намудани  шароити санитарӣ аҳамияти калон дорад.

Илова бар ин, лавозимотҳои гуногуни рӯзгор ва ашёҳои таърихие, ки дар осорхона ба намоиш гузошта шудаанд, аз ҷониби донишҷӯён бо эҳтиёт тоза ва ба тартиб дароварда шуданд.Онҳо кӯшиш карданд, ки муҳити осорхона барои меҳмонон ва тамошобинон боз ҳам  ҷолибтару озода гарданд.

Ҳамзамон, аз фурсат истифода бурда  намояндаи стансияи дезинфексионӣ низ ба корҳои пешгирӣ аз ҳашароти зараррасон машғул шуд.Бо мақсади нигоҳ доштани тозагӣ ва ҳифзи ашёи осорхонавӣ маҳлули махсуси зидди ҳашарот пошида шуд.

Дар ин раванд, боғбонони маҷмаа ба корҳои сабзкорӣ машғул шуда, гулҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои нав шинониданд. Аз ҷумла, бо ташаббуси Абдусалом Қурбонзода, директори Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, дар ҳудуди қалъаи таърихӣ 18 бех намуди ниҳолҳои дарахти “каштан” ва майдончаи гулгаштҳо гулҳои рангоранги мавсимӣ шинонида шудаанд, ки дар оянда ба зебоии табиӣ ва муҳити сабзи ин макон ҳусни тоза мебахшанд.

Ба гуфти боғбонон дарахти каштан умри тӯлонӣ мебинад, ба ҳисоби миёна аз 150 то 200 сол умр мебинад. Одатан баъди 10 – 15 сол ба дарахти калон табдил ёфта, сояи хуб медиҳад, ки ба ҳавои муҳит тобовар будааст.

Дар идомаи шанбегӣ мутахассисони шуъбаи техникӣ корҳои санҷишӣ ва омодагиро ба роҳ монданд.Онҳо фаввораҳои боғи истироҳатӣ ва қалъаи таърихиро аз назари техникӣ пурра гузаронида, ҳолати таҷҳизотҳо, қубурҳо ва низоми обтаъминкуниро тафтиш намуда, корҳои таъмиру танзим анҷом дода шуданд. Инчунин аз ҷониби кормандон тамоми қуттипартовҳо ва курсиҳои нишасти боғи истироҳатиро бо рангҳои махсус тоза ва рангубор карда шуд, ки ҳусни боғро дигаргун намуд.

Ташкили чунин шанбегиҳои дастаҷамъона, на танҳо ба тозагиву ободонӣ, балки ҳисси масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба мероси таърихию фарҳангӣ дар байни ҷавонон тақвият мебахшад.

Ин гуна иқдомҳои тозагӣ барои боз ҳам зеботар гардидани муҳити экологӣ ва фароҳам овардани гӯшаи дилнишин барои сокинон ва меҳмонон мусоидат хоҳад кард.

 

 

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОШанбегии дастаҷамъона дар маҷмааи фарҳангӣ ба истиқболи фасли баҳор
Scroll to Top