Саҳифаҳои рӯзғори инсонҳое, ки умри хешро сарфи иҷрои рисолати инсониву касбӣ ва анҷоми вазифаҳои муқаддаси одамӣ намудаанд пур аз рангинтарин корномаҳост ва ҳар яке аз ин номаҳои пайкору талошҳои собит сабақи ибратомӯзе барои имрӯзиёну фардоиён ва ҷумла насли одамӣ хоҳад буд.
Осорхонаҳо муҳимтарин муассисаи фарҳангӣ - маърифатӣ ба ҳисоб мераванд, ки дар ҷамъоварӣ, ҳифзу тарғиби осори таърихӣ ва моддӣ – фарҳанги ниёгон нақши назаррас доранд. Яке аз ҳамин гуна марказҳои аввалини кишваршиносии таърихӣ, илму фарҳанг, ки дар тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносӣ, ҳувияти миллӣ нақши бузург мебозад Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии вилояти Ленинобод (Осорхонаи таърихии вилояти Суғд) мебошад. Марофиев Саидҷон Шарипович (1938-2016) - проффессори ДДХ ба номи ак. Бобоҷон Ғафуров, узви комиссияи ҳифзу эҳёву истифодаи мероси моддии таърихӣ - фарҳангии МИҲД - и вилояти Суғд чунин мешуморад, ки ба осорхонаи аввалин соли 1926 асос гузошта шуда, асосгузораш кишваршиносу коллексионеру сайёҳи фидоии маҳаллӣ Ҳоҷӣ Мирзохоҷа ибни Собирхоҷа (1857-1926) буд, ки дар байни мардум бо номи Ҳоҷӣ Антиқа машҳур аст.
Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии вилояти Ленинобод то солҳои 90-уми асри гузашта дар бинои масҷиди Шайх Маслиҳатдин (ёдгории меъмории асри XII) ҷойгир буда, аз панҷ шӯъба: шӯъбаи табиат, таърихи давраи тоинқилобӣ, таърихи давраи шӯравӣ, шӯъбаи фонд ва оммавӣ- маърифатӣ иборат буд.
Охири солҳои 70 – уми асри гузашта бо сабаби тағйир ёфтани талабот ба фаъолияти осорхонаҳо ба Осорхонаи таърихии кишваршиносии вилояти Ленинобод зарур омад, ки намоишгоҳи осорхонавии шӯъбаҳои табиат, шӯъбаи давраи тоинқилобӣ, шӯъбаи давраи шӯравиро ба таври замонавӣ аз нав созмон диҳад.
Кормандони илмии осорхона ба таҳияи нақшаи мавзӯӣ - намоишӣ оғоз намуданд. Мудири шӯъбаи табиати осорхонаи мазкур Нурмухаммедова Руқия Хайруллаевна (1929-2011) буд. Нурмухаммедова Р.Х. фаъолияти кории худро аз техникуми кооперативии шаҳри Хуҷанд ба ҳайси муаллима оғоз намуда, сипас чун мудири шӯъбаи табиат фаъолияти кории худро дар Осорхонаи таърихии кишваршиносии вилояти Ленинобод идома дод.
Нурмухаммедова Р.Х. баъди таҳияи консепсияи илмӣ ва нақшаи мавзӯӣ-экспозитсионии шӯъба ба азнавсозии намоишгоҳ оғоз кард. Баҳри созмон додани намоишгоҳ кормандони осорхона, аз ҷумла роҳбалади осорхона - Мирзоева Иноят, ронанда – Бобоҷонов Абдусамад бо роҳбарии Нурмухаммедова Р.Х. ба Музейи табиати шаҳри Тошканд сафари корӣ дошта, бо таксодермистҳо маслиҳат карда, хӯсаҳои ҳайвоноту паррандаҳоро ба Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Ленинобод оварданд. Дар натиҷаи меҳнати софдилона, ғайрату кӯшиши ин зани меҳрубон, хоксору бофарҳанг дар якҷоягӣ бо мутахассисон – таксодермистҳо, созандагони диорама, ки аз шаҳри Тошканд даъват шуда буданд, гӯшаи кӯҳсори Шаҳристон бо арчазору ҷӯйбор, гӯшаҳои биёбон, тӯқайзор, табиати зериобӣ (намудҳои моҳиҳо) бо тарзи замонавӣ пешкаши тамошобинон гардид. Ӯ нисбати худ ва кормандон серталаб ва ҳамчунин ғамхор буд. Аз кормандон интизоми қавӣ ва дониши мукаммалро талаб менамуд. Ӯ баъди ба нафақа баромадан ҳам дар осорхона фаъолияти худро давом дода, барои пешравии кор маслиҳати худро дареғ намедошт.
Дар вақти азнавсозии намоишгоҳи осорхонавӣ он вақт мудири шӯъбаи таърихи давраи тоинқилобиро Ҳамдамова М.М. (1937-2006) дар ӯҳдаи худ дошт. Ҳамдамова Муҳаррама Мирзотошевна (мудири шӯъбаи таърихи давраи тоинқилобӣ) бо ҳамроҳии корманди илмӣ Москаленко Александр Николаевич нақшаи мавзӯии ин шӯъбаро таҳия намуда, барои созмон додани толорҳои намоишӣ саъю кӯшиш намуда, бо сатҳу сифати баландмазмуни илмӣ пешкаши тамошобинон гардониданд. Дертар корҳои илмии онҳоро Ашӯрова Оминахон, Файзуллоев Муҳиддин, Тошматов Абдуманнон давом дода, барои ҷамъоварӣ намудани бозёфтҳои нодир аз байни мардум ва ғанӣ гардонидани фонди осорхона саҳми арзандаи худро гузоштанд. Ҳамчунин, онҳо ба бозёфтҳои ҷамъовардашуда таснифоти илмӣ навишта, мақолаҳои худро оиди ин ё он бозёфт дар рӯзномаҳо чоп менамуданд.
Вақте азнавсозии шӯъбаҳо оғоз гардид кормандони шӯъбаи таърихи давраи совети (шӯравӣ) бо роҳбарии Ҳомидов Абдураҳмон - мудири шӯъба (ҳоло муаллими фанни таърихи Коллеҷи санъати ба номи С.Ҳофизи шаҳри Хуҷанд, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон), ходимони илмӣ Атохӯҷаева Ибодат, Азаматова Сангиной. консепсияи илмӣ ва нақшаи мавзӯӣ - намоиширо таҳия намуда, ба шӯрои илмии Осорхона пешкаш намуданд. Инчунин дар ҳамин солҳо ба таври соҳавӣ корро дар шӯъба ба роҳ монданд.
Атохӯҷаева И. ҷиҳати пешбурди корҳои илмӣ дар соҳаи фарҳангу маориф ва Азаматова С. дар самти фаъолияти соҳаи кишоварзӣ фаъолият менамуданд. Ин кормандон кори худро дӯст медоштанд, сидқидилона меҳнат намуда, барои ғанӣ гардонидани фонди осорхона саҳм гузоштаанд. Вақте кас аз фонди осорхона нигораҳои ҷамъоварда ва таснифоти илмие, ки аз тарафи ин кормандон навишта шударо мебинад, беихтиёр пеши назар ин кормандон меоянд.
Сипас Бойматов Мансур Тошматович (ҳоло омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд) баъди хатми факултаи таърихи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз соли 1984 то соли 1994 ба Осорхонаи таърихии кишваршиносии вилояти Ленинобод ба ҳайси мудири шӯъбаи таърихи советӣ (шӯравӣ) фаъолият намуда, ҳоло кори неку номи неки ин кормандонро идома дода истодааст. Бойматов М.Т. ҳамчун омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз оғози фаъолият ҳамчун мудири шӯъба барои инъикоси дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят дар намоишгноҳи осорхонавӣ дар он солҳо нақши муассир гузошт.
Яке аз занҳои ҳалиму хоксор, поквиҷдон, зебопараст, болаёқат, рассоми осорхона Гордеева Ирина буд, ки солҳои 80-ум дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Ленинобод кору фаъолият бурдааст. Ӯ барои пурмазмун ва аз ҷиҳати ороишӣ зебо созмон додани намоишҳо ҳам дар осорхона ва ҳам берун аз он (сайёр), бехато тасвир намудани ашёҳои таърихӣ дар шиносномаҳои илмӣ кӯшиш ба харҷ медод.
Корҳои азнавсозии намоишгоҳи осорхонавӣ дар давраи роҳбарии сарвари осорхона Марофиев С.Ш. оғоз ёфта, замони сарварии директори осорхона Қодиров Абдураззоқ Сангинович ба анҷом расонида шуд.
Роҳбаладони осорхона Неъматҷонова Муҳаббат, Мирзоева Иноят, Чекина Татяна, Юсупова Раъно муаррифгари толорҳои намоишӣ буда, ҳар як тамошобинонро бо таърихи бою фарҳанги куҳани тоҷикон ошно менамуданд.
Солҳои 80-уми асри гузашта дар ободу тозаю зебо нигоҳ доштани толорҳои осорхона ва гирду атрофи он нозирони толор Шарипова Ш., Ашӯрова З., Баротова, Қаҳҳорова, оростакорон Қаюмова, Рустамова, Ҷӯраева, хазинадор Латипова С. ва назоратчӣ Латипова Ҳ. саҳми босазо гузоштаанд.
Китобхонаи илмии осорхона, ки ҷузъи ҷудонашавандаи осорхона мебошад дорои китобҳои таърихӣ, илмӣ, бадеӣ буда, кормандон аз ин хазинаи беҳамто истифода мебурданд. Китобдорон Ашӯрова Муаззама, Мамадҷонова Мусабеъхон, Абдуллоева Муҳаррама барои ғанӣ гардонидану эҳтиёт намудани ин асарҳо заҳмати зиёд кашидаанд. Дар давраи фаъолияти кории Абдуллоева М. ҳамаи рӯзномаҳо китобат шуда, осорхона, ки дар тӯли фаъолияти кории ӯ чаҳор маротиба аз як мавзеи шаҳр ба дигар мавзеъ кӯчид, ҳамаи китобҳоро эҳтиёт намуд ва ҳоло аз ин хазина ҳам мактабиён, донишҷӯёни мактабҳои олӣ истифода бурда, китобҳоро мутолиа менамоянд.
Солҳои 90-уми асри гузашта барои осорхона солҳои хеле вазнин ва нобарор гардид. Азбаски осорхона аз аввали таъсис ёфтанаш дар толорҳои бинои масҷиди Шайх Маслиҳатдин ҷойгир карда шуда буд, дар натиҷаи муташаниҷ ва ноором гардидани вазъият дар ҷумҳурӣ маъмурияти масҷид, намозгузорон қатъиян талаб намуданд, ки осорхона дар муддати як ё ду рӯз ба дигар ҷой кӯчонида шуда, бинои масҷид холӣ карда шавад. Бинобар ин бозёфтҳои осорхонаро ба Ӯрдаи Хуҷанд, ки онро ҳарбиён тарк карда буданд, кӯчониданд.
Дере нагузашта тақрибан охирҳои соли 1992 бо сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ва қабули қарори ҳукумат дар хусуси ба Ӯрдаи шаҳр ҷойгир кардани қувваҳои мусаллаҳ осорхона ба бинои тарабхонаи “Панҷшанбе” кӯчонида шуд.
Осорхона дар бинои тарабхонаи “Панҷшанбе” (ҳозира маркази Савдои Ҳоҷӣ Абдулазиз) баъди гузаронидани корҳои таъмирӣ ва созмон додани намоиши осорхонавӣ соли 1996 ба ифтихори 5-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 675-солагии шоири ғазалсаро К.Хуҷандӣ, Анҷумани тоҷикону форсизабонон фаъолиятро оғоз намуд. Нақшаи мавзӯӣ - намоишии осорхона аз тарафи Дадохоҷаев Ф.-ҷонишини омир оид ба корҳои илмӣ таҳия карда шуда, дар осорхона конфронсҳои илмӣ, вохӯриҳо бо шахсиятҳои номдор, намоишҳо ташкил карда мешуданд.
Ноябри соли 1998 бинобар дохил шудани гӯрӯҳҳои мухталифи зидди сиёсати пешгирифтаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол вазъият дар шаҳр ноором гашт.
Кормандони осорхона Дадохӯҷаев Файзихӯҷа – ҷонишини омир оид ба корҳои илмӣ, Атаева Кимиё – мудири фонд, Мирзоева Иноят – роҳбалади осорхона, Латипова Ҳабиба, Ахмедова Марҳабо, Ашӯрова Марҳабо, Боймуродова Ҳамида – нозирони толор, Назарова Хонзода – фаррош, посбонон – Шодиев, Олимов, Раҳимов А. хосатан хизмати хеле назаррас доранд Калонов - мудири хоҷагӣ, ки осорхонаро бо роҳбарии Бузуруков Аҳрорхоҷа Мадаминович нигаҳбонӣ намуда, кӯшиш ба харҷ доданд, ки ягон бозёфти осорхона осеб наёбад. Дар ҳамин вақт ҳамешга роҳнамою дастгири кормандон Муҳиддинов Фатҳулло Эргашович – сардори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Бобоев Алиҷон Шарипович – Раиси иттифоқи касабаи коркунони фарҳанг Солиҷонов Нодирҷон – ҷонишини Раиси иттифоқи коркунони фарҳанг буданд. Чӣ хеле, ки Бобоев А.Ш. изҳор мекарданд инҳо ҳама фидоиёни кори худ буданд.
Бинои осорхона соли 2004 бинобар ба маркази савдо табдил додан ба тоҷирон дода шуда, бозёфтҳои осорхона то ба итмом расидани сохтмони бинои нави осорхона ба таҳхонаҳои собиқ фабрикаи пойафзолдӯзии шаҳр кӯчонида шуд.
Бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвари фарҳангдӯст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои сохтмони бинои осорхона маблағ ҷудо гардида, соли 2003 сохтмони бинои нави осорхона ба шакли истеҳкоми қадимаи анъанавии муҳофизатӣ дар назди Қалъаи Хуҷанд оғоз гардид.
18-уми июни соли 2003 дар маросими тантанавии гузоштани хишти аввали Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз тарафи Раиси вақти вилояти Суғд Қосимов Қосим Раҳбарович сурат гирифт. Аз ҳамин давра дар рафти корҳои сохтмонӣ тарҳрезии намоишгоҳи осорхонавӣ идома меёфт.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ ҳафтае як маротиба бо мутахассисони соҳаи сохтмониву осорхонашиносӣ бо сарварии Муовини вақти Раиси вилояти Суғд Атабаева Хуршеда Акрамовна ҷаласа гузаронида мешуд, ки дар он масоили рӯзмарра роҳи ҳаллу фасли худро меёфт.
Меъморони лоиҳаи бино Музаффар Юнусов сармеъмори вақти вилояти Суғд ва Аюбҷон Раҳматов меъмори вақти вилояти Суғд буданд.
Дар сохтмони бино ҶСК Суғсохтмон-2 бо сарварии директории кулли он Атаев З., Қурбонов А.-ҷонишини директори кулл, Ниёзов А.-сарвари ҶСК СУ-8 роҳбари ин иншоот ва кормандони онҳо бо роҳбарии Бобоев Б. саҳми арзанда гузоштанд.
Боиси сарфарозист, ки устодони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Турсунов Н., Аҳмадов Ш., Мирбобоев А.К., Насриддинов А., Файзуллоев М., Тоатов Ҳ., Шарипов Ш., Ҳомидов Ф., Болтубоев , Дадобоев Қ. барои аз ҷиҳати даврабандии таърихӣ созмон додани экспозитсия, омӯзиши нигораҳои нодири дар осорхона вуҷуддошта кӯмаки худро расониданд.
Осорхона бо телевизионҳои “ТВ-Суғд”, “Азия”, “СМ-1” робитаи зич дошта, дар барномаи онҳо аз толорҳои намоишӣ рафти конфронсҳои илмӣ, вохӯриҳо наворҳо пахш карда мешуд.
Муаллифи консепсияи илмии намоишгоҳи осорхонавӣ Атаева К. - номзади илмҳои филологӣ, Дадохӯҷаев Ф. – мудири шӯъбаи таърих буда, сармушовир Марофиев С.Ш. - устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, профессор, бостоншиноси маъруф ва мушовир Бузуруков А. – омири осорхона буданд.
Саррасом Маҳмудов А., Ёдгоров К. - рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ботуралиев Р.– Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷӯраев Ғ. – дорандаи ҷоизаи вилоятии ба номи К.Хуҷандӣ, Ҷабборов А. – дорандаи ҷоизаҳои байналхалқӣ, ҳайкалтарош Раҳматов Д. ва усто-рехтагар Ҳоҷибоев М. барои созмон додани толорҳои намоишии осорхона саҳми босазо гузоштанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар пешбурди корҳои ободонии осорхона ва гирду атрофи он саҳми мудири хоҷагидорӣ – Қаюмов Р., нозирони толор – Латипова Ҳ., Ахмедова М., оростакор – Назарова Х., посбонон - Шодиев, Раҳимов А., Олимов, Ӯрунов М. хеле назаррас аст.
Бино ба шакли истеҳкоми қадимаи анъанавии муҳофизатӣ сохта шудааст. Он аз як толори васеи болоӣ ва се толори калонҳаҷми зеризаминӣ иборат аст. Дар толори болоӣ ва ду толори зеризаминӣ экспозитсияҳо созмон дода шуда, як толори зеризаминии он барои фонди осорхона пешбинӣ шуда буд.
Сохтмони бино охири моҳи августи соли 2006 ба итмом расонида шуд ва он тӯҳфаи муносибе ба 15-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли бузургдошти тамаддуни ориёиҳо, 2700-солагии бостонии Кӯлоб ва анҷумани тоҷикону форсизабонон гардид.
Дар расми кушоди осорхона 23 августи соли 2006 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташриф оварда, аз осорхона дидан намуданд.
Ҳоло дар осорхона 6 шӯъба фаъолияти худро идома дода истодааст. Кормандони илмии шӯъбаҳо барои дар руҳияи худшиносии миллӣ, меҳанпарастӣ, ватандӯстию зебопарастӣ тарбия намудани ҷавонон ва насли наврас саҳми назарраси худро гузошта истодаанд.

Мирзоева И., Бузурукова Н.
Кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”