Дар солҳои охир рушди сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида ба муаррифии таъриху фарҳанги ғании миллат дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Осорхонаҳо ва ёдгориҳои таърихӣ дар ҳар як миллат ҳамчун оинаи тамаддун ва худшиносии миллӣ хизмат мекунанд. Онҳо на танҳо ҷойи нигоҳдории ашёҳои қадимӣ ҳастанд, балки марказҳои муҳими маърифатӣ, таърихию фарҳангӣ ва сайёҳӣ ба шумор мераванд.
Метавон гуфт,ки дар ин радиф Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, аз ҷумлаи чунин маконҳои муҳими таърихиву фарҳангии сайёҳӣ ба шумор рафта, ҳамасола шумораи зиёди меҳмонони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб менамоянд. Дар ин муассисаи давлатӣ бозёфтҳои бостоншиносӣ, дастхатҳои қадимӣ, асарҳои санъати тасвирӣ ва дигар ашёҳо нигоҳдорӣ ва муррифӣ карда мешаванд. Ин ҳама нишон медиҳанд, ки осорхонаи таърихӣ, қалъаи таърихӣ ва ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ, танҳо ёдгории тамаддуни гузаштагон нестанд, балки макони муҳими рушди фарҳангу таърих ва худшиносии миллӣ ба ҳисоб мераванд.
Илова бар ин, ба истиқболи ҷашни 10 0- солагии таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд роҳандозии хизматрасонии роҳбаладони ботаҷриба бо забонҳои хориҷӣ иқдоми саривақтӣ ва муҳиме маҳсуб меёбад, ки ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва муаррифии шоистаи мероси таърихию фарҳангӣ мусоидат менамояд.
Аз ин рӯ, якчанд қатор иқдомҳои муҳими фарҳангӣ ва сиёсӣ амалӣ мегарданд, ки яке аз чунин ташаббусҳои муҳим ин кушодашавии филиали кафедраи сайёҳии байналмиллиӣ ва забонҳои хориҷии Муассисаи давлатии “Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд-и Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилаллии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” созишнома миёни Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба имзо расиданд. Бешак, омодасозии кадрҳои ҷавонони баландихтисос ва ба роҳ мондани фаъолияти роҳбаладон бо забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ, англисӣ, форсӣ ва арабӣ мебошанд. Ин иқдом бо баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва боз хубтару бештар муаррифии шоистаи таъриху фарҳанги миллати тоҷик равона гардидааст.
Имрӯзҳо, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанд ба яке аз маконҳои ҷолибу сертамошобини сайёҳӣ табдил ёфтаанд. Ин ҷойҳо на танҳо барои сайёҳон, балки барои дӯстдорони таърих ва фарҳанг низ аҳамияти калон доранд. Дар чунин мавзеъҳо осори қадима, ашёҳои нодир, ёдгориҳои меъморӣ ва маълумотҳои арзишманди таърихӣ нигоҳ дошта мешаванд, ки аз зиндагӣ ва фарҳанги гузаштагони миллати тоҷик ҳикоят мекунанд. Ҳар рӯз садҳо меҳмонони дохиливу хориҷӣ барои дидан ва шинос шудан бо таъриху тамаддуни мардум ба ин маконҳои таърихию фарҳангӣ меоянд ва аз тарафи роҳбаладон сайёҳати илмӣ гузаронида мешавад. Дар натиҷа меҳмонон на танҳо тамошо мекунанд, балки дониш ва таассуроти нав мегиранд. Баъди анҷоми сайёҳати илмӣ роҳбаладон меҳмононро бо эҳтиром гусел намуда, онҳоро ба боздиди дигар ҷойҳои таърихию фарҳангии кишвар низ даъват мекунанд.
Ба ин хотир, бо дарназардошти афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба мероси таърихии кишвар, зарурати пешниҳоди маълумоти дақиқ, ҷолиб ва фаҳмо бо забонҳои байналмилалӣ беш аз пеш эҳсос мегарданд.
Ин амал на танҳо сатҳи қаноатмандии меҳмонону сайёҳони хориҷиро боло мебарад, балки симои Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои фарҳанги ғанӣ ва хизматрасонии босифат дар арсаи байналмилалӣ тақвият мебахшад.
Дар маҷмуъ, ҷашни 100 - солагии таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, барои боз ҳам бештар рушд додани фаъолияти осорхона, ворид намудани усулҳои муосири муаррифӣ, такмили инфрасохтори сайёҳӣ ва баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамчунин, иқдомҳои амалӣ дар самти ҷалби роҳбаладон бо забонҳои хориҷӣ далели равшани таваҷҷуҳи роҳбарияти муассисаи мазкур ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ҳифз ва тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ буда, дар оянда ба афзоиши шумораи меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ ва рушди иқтисоди фарҳангиву таърихӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо ин сабаби роҳандозии усулҳои муосир ва сатҳи баланди хизматрасонии роҳбаладон имкон медиҳад, ки осорхона ба маркази воқеии муколамаи таърихиву фарҳангӣ табдил ёбанд ва таърихи ғании миллати тоҷикро бо тамоми ҷолибият ва аҳамияти он ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
Валӣ Набизод - котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”


