Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ба ифтихори 100 – солагии Осорхонаи таърихи вилояти Суғд Ҳайкалтароши маъруфи тоҷик

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Рассом мусаввир шахсе ки ба ҳунарҳои таҷассумӣ машғул аст. Аммо рассомро аксар вақт шахсе меноманд, ки на танҳо дар бахши ҳунарҳои таҷассумӣ, балки дар дигар гунаҳои эҷодиёти бадеӣ низ кор мекунад. Ҳунар сармояи гаронест, ки онро ба ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ мегардонад.

Раҳматов Давронҷон Аҳмадҷонович - яке аз рассом ва ҳайкалтароши муосири тоҷик буда, соли 1979 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамоати Ғозиён дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Ӯ мактаби миёнаи № 11 ноҳияи мазкур ва мактаби рассомии шаҳри Хуҷандро хатм кардааст. Таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров идома дода, соли 2003  онро бо ихтисоси рассом – ҳайкалтарош, омузгор ба итмом расонидааст.

Раҳматов Д.А аз зумраи омӯзгорон ва муттахасисони хуби санъати ҳайкалтароши на танҳо дар вилояти Суғд, балки дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад ва чун омӯзгори дараҷаи олии тахассусӣ (суратмачлиси комиссияи атестатсионӣ № 64) ва ҳам ҳайкалтароши номӣ дар тарбияи насли наврас саҳми калон дорад.

Ӯ баъди таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолияти меҳнатиашро дар Колеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз оғоз карда, баробари машғул шудан дар таълиму тарбияи ҳунарварони ҷавон ба корҳои эҷодӣ шуғл варзида, як қатор асарҳои хуб офаридааст.

Соли 2003 деворнигораи (барелефи) Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукӯҳиро сохта, дар девори бинои кӯчаи ба номи Аминҷон Шукӯҳи ва соли 2013 дар Китобхонаи бачагонаи вилоятии ба номи шоир насб кардааст. Соли 2004 деворнигораи Ҳаким Карим дар бинои шӯъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва соли 2005 – ум 107 метр деворанигора дар Осорхонаи таърихии вилоятӣ (аз оғози давраи ташаккули ҳаёти инсон дар рӯи замин то даврони Истиқлол) ва меҳроби қадимаи Ашт (нусхааш) – ро дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба анҷом расонидааст.

Солҳои 2005 – 2006 пайкараи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмаликро дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд (баландии ҳайкал 4,5 метр буда, аз биринҷи рехта шудааст) гузоштааст.

Ба муносибати 1150 – солагии сардафтари адабиёти тоҷик солҳои 2007 – 2008 бунёди маҷмаа ва ҳайкали Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ( баландии ҳайкал бе пояаш 8 – метр буда, аз биринҷ рехта шудааст ) ба анҷом расонида, сазовори мукофоти ба номи Камоли Хуҷандӣ гардидааст. Ҳамчунин, соли 2008 ҳайкали барқади Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дар шаҳри Истаравшан  (баландиаш бе поя 4,0 метр) нимпайкараи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро дар маркази ноҳияи Зафаробод гузоштааст. Соли 2009 деворанигораҳои Мактаби Президентӣ дар шаҳри Бӯстон (Чкалов) ва (барелейфи) Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил анҷом дода, дар ороиши Осоишгоҳи “Баҳористон ” ва шаҳраки бачагонаю чойхонаи он ширкат варзидааст. Соли 2011 нимпайкараҳои академик Бобоҷон Ғафуров, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, ороиши истироҳатгоҳи “Шоҳин” ва соли 2012 бунёди мақбараи Ҳунарманди мардуми Тоҷикистон Боймуҳаммад Ниёзов пурра аз ҳисоби маблағи худ сохта, ҳадя кардааст. Соли 2014 бошад, пайкараи Содирхон Ҳофизро (баландиаш 4,5 метр) дар назди Колеҷи санъати шаҳри Хуҷанд сохта тақдим намуд. Ҳамон сол бунёди ҳайқали қаҳрамони халқи тоҷик Темурмаликро анҷом дод ва соли 2015 дар маркази ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон (баландиаш бе поя 6,7 метр) гузошта шуд. Аз ибтидои соли 2015 ба бунёди ҳайкали Хоҷа Камоли Хуҷандӣ барои МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” машғул шуда, онро ба сифати баланд дар паҳлӯи мақбараи рамзии шоир болои пояи мармарин насб намуд.

Эҷодиёти ин ҳунарвари мумтоз, ки соли 2010 ба узвияти Иттифоқи рассомони Тоҷикистон пазируфта шудааст, ду равияро фаро мегирад: равияи аввал ин деворанигорӣ ва равияи дуюм ин пайкарсозӣ мебошад. Сарбаландона Давронҷон Рахматов дар ҳар ду равия комёб гардидааст. Чунончи, вақти офаридани деворанигораи “Чор дарвеш” Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарифов ба кори ӯ баҳои баланд дода, зикр намудааст, ки каме аз ҳунарварон дар ин равия комёб шудаанд. Вале Раҳматов Д соли 2005 – ум 107 метр деворанигора дар Осорхонаи таърихии вилоятӣ (аз оғози давраи ташаккули ҳаёти инсон дар рӯи замин то даврони Истиқлол) офарида собит намуд, ки дар ин услуби нигорандагӣ ҳам истеъдоди фавқулода дорад.

Дар “Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” Давронҷон Раҳматов деворанигораи барҷастаи “Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон – шукуҳи Истиқлоли Тоҷикистон” – ро офарида, ба услуби барҷастанигорӣ дар санъати тасвирии манументалии тоҷик асос гузошт.

Раҳматов Давронҷон Аҳмадҷонович ҳамчунин, дар зарфи 20 – соли фаъолияти меҳнатиаш дар Колеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз ва факултаи санъати Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров даҳҳо нафар шогирдонро тарбият кардааст, ки алҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҷумҳури мустақилона кор карда истодаанд.

Аксҳои мазкур аз экспозитсияи Осорхона ва Қалъаи Хуҷанд

 Исҳоқӣ Фаридахон – сармуҳофизи фонди

Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД “МФТ “Калъаи Хуҷанд”


Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБа ифтихори 100 – солагии Осорхонаи таърихи вилояти Суғд Ҳайкалтароши маъруфи тоҷик
Scroll to Top