Шукронаи имрӯзу давру замон, ки баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ мардуми шарифи тоҷик боз ба сӯи омӯзиши бемалоли алифбои ниёгон комёб гашт. Дар макотибу мадорису донишкадаҳо ба омӯзиши дастхатҳои қадимаи ниёгонамон аҳамият дода шуд. Мутаассифона то ба даст оварани истиқлолият миқдори зиёди китобу дастхатҳои нодир дар давраи Шӯравӣ ба нобудӣ расид, мардум аз тарси молу ҷонашон ин ганҷномаи бебаҳоро зери хоку зери об карданд, қисме сӯзонида шуд, чӣ қадари аз ҳудуди кишвар ба кишварҳои бегона бурда шуданд. Бо вуҷуди ин ҳама мардуми бомаърифату бофарҳанг ва китобдӯсти тоҷик ҳадди ақал тавонист ба андозае дастхатҳои бузургони миллатро дар таҳхонаҳою махфигоҳҳо байни қабати деворҳои хона пинҳон ва маҳкам намоянд ва аз нобудшавӣ нигаҳ доранд.
Бояд қайд намуд, ки аз рӯзи таъсис ёфтани МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” (соли 2015) шӯъбаи “Дастхатҳо ва табъу нашр” ташкил карда шуд ва то имрӯз фаъолият бурда истодааст. Аз рӯзи аввали таъсисёбии шӯъбаи мазкур мудири шӯъбаи дастхатҳо ва табъу нашр Аҳадов Абдуҳафиз таъин гардида, барои пешрафти кори шӯъба саҳми арзанда гузоштаанд. Аз рӯзи аввали фаъолияти корӣ аз шаҳрвандон бо дастгирии МИҲД - и вилояти Суғд китобҳои нодир ва дастхатҳои қадима ба миқдори 83 адад (2015), 206 адад (2016), 9 ададд (2017), 16 адад (2018), 8 адад (2019), 33 адад (2020), 7 адад (2021), 19 адад (2022), 17 адад (2023), 38 адад (2024), 22 адад (2025) ҷамъ ва харидорӣ карда шуд. Ҳамчунин аз соли 2015 то инҷониб 12 адад китобу дастхатҳои нодир аз тарафи шаҳрвандон ройгон ба фонди осорхона супорида шуд. То ҳол 474 адад китобу дастхатҳои нодир ҷамъоварӣ ва харидорӣ гардида, дар фонди осорхона нигоҳ дошта шуда, дар толорҳои бинои асосии Қалъаи Хуҷанд ва тадрисгоҳи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Аз ин теъдоди китобу дастхатҳои нодир наздик 40 адад китобҳо бо ҳамкории МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” баргардон шуда, дар тадрисгоҳи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ гузошта шудааст. Аз ҷониби мудири шӯъба Аҳадов А. китобҳои “Маноқиби Хоҷаи Нақшбандӣ” ва “Ҳайрат-ул-фуқаҳо” таҳия ва баргардон карда шуд. Аз байни китобҳои ҷамъоваришуда зиёда аз 145 адади онҳо дастхат буда, 335 адади он чопи сангӣ мебошад. Ҳамчунин аз тарафи шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашр китобҳои “Феҳрасти нусхаҳои хаттии фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”, ва “Муаррифии китобҳои чопи сангии фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд” нашр гардид.
Дар байни ин китобҳо нусхаҳои нодире ҳастанд, ки аз арзишмандтарин осори ниёгони мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар ин радиф метавон китобҳои “Асрур-ул-фотиҳа”, “Меъроҷу-н-нубуват”, “Мавоҳибу-н-алия”, “Захирату-л-мулук”, “Тазкирату-ш-шуаро”, “Девон”- и Камоли Хуҷандӣ ва чандин китобҳои дигарро ном бурд. Аз ҷониби ходими илмии шӯъба то ин дам маълумотнома доир ба ҳар як китобҳои маҳфузбуда омода гардидааст.
Барои ҳаматарафа рушд кардан ва пешрафти кори шӯъба ҷамъоварии китобҳои дастхат ва чопи сангӣ идома ёфта, дастхатҳои маҳфуз дар бойгонии осорхона мавриди омӯзиш қарор доранд.
Шӯъбаи дастхатҳо ва табъу нашр дар оянда баргардонидани китобу дастхатҳои нодири мавҷуда ва таҳияи мақолаву навиштани корҳои илмӣ саҳми босазои худро гузошта, дар такмили маънавиёт ва муаррифии сарчашмаи илмию адабии ниёгонамон ва эҳё намудани таърихи бузургони миллати қадимаю фарҳангдӯсти форсу тоҷик корбарӣ мекунанд. Айни ҳол мудири шӯъбаи дастхатҳо ва табъу нашр Исобоев Д. корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодааст.
Бойматова Мавҷуда
Корманди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”