Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Нишони меҳри модар

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар миёни нигораҳои пурқимати Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ашёҳое мавҷуданд,ки ҳар яке аз онҳо қиссаҳои ношукуфтаи гузаштагонро дар худ ниҳон дорад. Яке аз чунин бозёфтҳои ҷолиб эмизак ва дастпонаи кӯдаконаи биринҷии қадима мебошад, ки аз фарҳанги баланд ва сатҳи зиндагии табақаҳои дорои ҷомеаи гузаштагон шаҳодат медиҳад.

Бале, модарони меҳрубон аз азал бо меҳру муҳаббати беандоза тифли худро ба гаҳвора мебастанд. Гаҳвора на танҳо ҷойи хоб, балки гӯшае аз амну оромӣ буд. Барои он ки кӯдак ором бигирад ва ба хоби ширин равад ба ӯ эмизак медоданд. Садои мулоими ҷунбиши гаҳвора, навои аллаи модар ва эмизак, ки тифлро таскин мебахшид. Фазои орому гармии хонадонро пур  мекард, ки эмизак василаи оромиш ва рамзи ғамхории модар маҳсуб меёфт. Он кӯдакро аз гиря боз медошт, хобашро сабук ва ором месохт ва ба модар имкон медод, ки бо дилпурӣ ба корҳои рӯзгор машғул шавад. Ҳамин гуна лаҳзаҳои содаву самимӣ имрӯз ҳамчун ҷузъи фарҳангии зиндагии ниёгон дар хотираҳо ва нигораҳои таърихӣ таҷассум ёфтаанд.

Дар толори намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, яке аз ёдгориҳои нодири фарҳанги моддӣ, тааллуқ ба асри XIX, эмизак ва даспонаи кӯдаконаи биринҷии қадима ба маърази тамошо гузошта шудааст, ки таваҷҷуҳи зиёди меҳмонон ва сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. Дар замонҳои пешин эмизак ва даспонаҳои кӯдаконаи биринҷиро, бештар дар оилаҳои сарватманд ва мансабдор истифода мешуданд. Ин гуна ашё на танҳо воситаи нигоҳбинии кӯдак, балки рамзи нишони меҳри модар, нуфуз ва мақоми иҷтимоии хонавода ба ҳисоб мерафт. Онҳо одатан аз маводҳои қиматбаҳо ё устувор, аз ҷумла биринҷӣ, нуқра ва дигар фузулот сохта мешуданд. Дастпонаҳои кӯдаконаи биринҷӣ бошанд, бештар ҷиҳати муҳофизат ва ҳамзамон ороиши кӯдак истифода мегардиданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки коркарди даспонаҳои кӯдаконаи биринҷӣ, шаклдиҳӣ ва ороиши далели он аст, ки дар он давра ҳунармандони мардумӣ, на танҳо ба ҷанбаҳои амалӣ, балки ба зебоии зоҳирӣ низ аҳамияти махсус медоданд. Ин гуна бозёфтҳо барои омӯзиши таърихи ҳунармандӣ ҷузъиёти зиндагии рӯзмарраи гузаштагон, ки ғамхори нисбат ба кӯдак, ҳатто дар асрҳои пешин будааст. Ин гуна нигораҳо моро водор месозад, ки ба таърих бо назари амиқтар нигарем ва мероси гаронбаҳои ниёгонро ҳифз намоем. Хотиррасон намуд, ки муаррифии чунин нигораҳои нодир дар доираи тадбирҳои бахшида ба таҷлили 100 – солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд роҳандозӣ гардида истодааст. Ин муассисаи фарҳангӣ дар тӯли як аср ҳамчун махзани боэътимоди таъриху тамаддуни халқи тоҷик хизмат намуда, дар ҳифзу муаррифии мероси гаронбаҳои ниёгон саҳми арзанда гузошта истодааст.

Валӣ Набизод – котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНишони меҳри модар
Scroll to Top