Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боғи Хоҷа Камол - макони осоиши рӯҳу тан

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

Субҳи барвақт. Фазои боғи истироҳатиро тумани тунуке пӯшонида. Аз сабзазорҳои дохили боғ бӯи муаттари сабзаҳо ба димоғ расида, ба тану ҷони кас роҳате мебахшад. Қатраҳои шабнами пагоҳӣ, ки дар рӯи гулҳои шукуфони гулкарами дар қадди пайроҳаҳо шинондашуда нишастааст, аз нури офтоб дурахше дорад. Ҳарчанд фасли сармост, хуршеди оламтоб нурҳои худро бедареғ ба ин мавзеъ мепошад. Ин макон - Боғи фарҳангиву фароғатии Хоҷа Камол аст…

Моҳи августи соли равон дар гулгаштҳои Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳамроҳи наберагонам сайругашт доштему дар сӯҳбат бонуи хуҷандӣ Замира Мамадҷонова, ки чаҳор сол инҷониб дар мамлакати Туркия буд, гуфт, дар ин муддат шаҳрамон чӣ қадар обод шудааст, боғи шаҳр бошад, дар зебоиву дилрабоӣ нотакрору камназир аст… - Ин аст таассуроти як нафар тамошобини боғ…

Барҳақ, ин ҷо макони осоиши рӯҳу ҷон, сарчашмаи шифоёбии бемориҳо, ҷои истироҳату фароғат барои мардум аст, ки ҳар рӯз ҳазорон нафар аз дидани он баҳраёб мегарданд.

Оё дар ин рӯзҳои мавсими сармо низ боғ ҷои истироҳатӣ аст, мардум ба сайругашту меҳмонон барои дидан меоянд?

Мухбирамон бо ин суолҳо ба омири кулли Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳим Иброҳимов муроҷиат намуд.

-Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” аз се қисми  таркибӣ иборат аст:- Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва Осорхонаи бостоншиносӣ; Боғи истироҳативу фароғатии Камоли Хуҷандӣ; Мақбараи рамзӣ ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ. Ба ин ҷо ҳамчун мавзеи таърихии шаҳр аксари меҳмонон ва гурӯҳҳои сайёҳӣ ба тамошо меоянд. Дар барномаи сафари меҳмонони расмӣ аз давлатҳои хориҷа ва хориҷи дур, ки ба шаҳри Хуҷанд меоянд, албатта дидан кардан аз ин Маҷмаа ҳаст, ки ин тамоми сол давом меёбад. Меҳмонону сайёҳонро роҳбаладон, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ сухан мекунанд, роҳнамоӣ карда, аз таърихи ин иншоотҳо шинос мегардонанд.

 Албатта, имрӯзҳо низ ба боғи фарҳангиву фароғатӣ сокинон барои тамошои сабзкориҳо, гулҳои ороишии хушнамуд, ки дар ин сардиҳо низ дар гулгаштҳои боғ шукуфон гашта, гӯё ҳусни худро намоиш медиҳанд, меоянд. Ё ки алҳол анъана шудааст ба бисёр сокинон, ки барои барқарор намудани саломатиашон меоянд. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ аз субҳи барвақт барои аз ҳавои тоза баҳра бурдан, ғизои рӯҳ гирифтан меоянд ва дар оромии субҳ соатҳо гаштугузор мекунанд.

Боиси хурсандист, ки соли ҷорӣ Боғи фарҳангиву фароғатии Камоли Хуҷандӣ боғи беҳтарин дар мамлакат эътироф гардид. Ва кормандон аз таҳти дил кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ба беҳтарин будан сазовор бошанд. Зикри он ҷоиз аст, ки имрӯз таваҷҷӯҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шахсан Раиси вилоят, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар нигаҳдории боғ, дигар иншоотҳои таърихии Маҷмаа доимӣ буда, дар ҳалли тамоми масоил кӯмаку дастгирии худро дареғ намедоранд. Ин ғамхориву таваҷҷӯҳ ҳамаи масъулон ва кормандонро водор мекунад, ки ба иҷрои вазифа бо масъулияти бештар муносибат кунем.

Бояд гӯям, ки ба бисёр мамолики хориҷа сафар карда, аз ҷумла аз боғҳои истироҳатӣ дидан кардаам. Ба қарибӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия будам. Ба қавле, дар ягон мавзеи истироҳатӣ дар мавсими сармо чунин сабзкориҳо, гулпӯшу гулбасарии боғро мушоҳида накардам. Яъне, на дар ҳама минтақа низ чунин гулҳо, ки ба сармо тобовар бошанд, нашъунамо меёбанд.

Ҳарчанд боғи фарҳангиву фароғатӣ баъди азнавсозӣ аз моҳи марти соли 2015 дар хизмати мардум вогузор шудааст, ба қавле, моҳ ба моҳу сол ба сол тағйироту пешравиҳо ба назар мерасанд. Бахусус, имсол барои аҳли кормандон соли пешравиҳои назаррас буд. Аз оғози сол 90-солагии Осорхонаи таърихӣ таҷлил карда шуд, ки дар доираи ин ҷашн бо иштироки васеи олимону донишмандон чандин конфронси илмиву амалӣ сурат гирифт. Боз як иқдоми нек он буд, ки Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомот, ки дар сӣ соли мавҷудияташ таъмир нашуда буд, таъмир, нигораҳои нодири он ба талаботи осоршиносӣ мувофиқ гардонида шуданд. Ин пешравиҳо, албатта, ба афзудани даромадҳо низ мусоидат кард. Дар хусуси теъдоди меҳмонон бошад, давоми даҳ моҳи соли равон 52058 нафар аз Маҷмаа дидан карданд. Дар рӯзи дарҳои кушод, ки ба ифтихори Рӯзи Президенти мамлакат доир карда шуд, шумораи бинандагон аз 4500 нафар зиёд буд.

Чунонки аз сӯҳбати сарвари гулпарварони боғ Абдусамад Шодибеков аён гардид, дар боғ 17 нафар боғбон буда, аксарашон бонувонанд. Дар ҳудуди боғ давоми сол гулҳои мавсимии петуня, тагес, вёла, катарантус, тоҷи хурӯс, мехчагул, вербена, гарсания, салвия, гулкарам ва дигарҳо, ҷамъ беш аз 250 ҳазор бех шинонда, парвариш карда мешавад. Ба онҳо гулпарварони чобукдаст Дилафрӯз Шерназарова, Зулфия Эргашева, Меҳринисо Топилова, Муҳаббату Дилрабо бо дастони эъҷозкорашон нигоҳубин менамоянд. Ҳоло дар гулгашту пайроҳаҳо се намуди гулкарам-сурх, сафед ва гулобӣ шинонда шудааст ва дар гармхонаи «Баҳористон»-и боғ, ки дар ҳудуди деҳаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқест, тухми гулҳои баҳорӣ кошта шуда истодаанд.

Дар маҷмӯъ, аҳли меҳнати Маҷмаа барои истироҳати бофароғати мардуми диёр, ташаккул додани эҳсоси зебоипарастии онон ва ҳамчун макони осоиши рӯҳу тан, ба ҷои дӯстдоштаи сокинон табдил ёфтани он монда нашуда, заҳмат мекашанд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

Рӯзномаи Ҳақиқати Суғд аз 3 декабри соли 2016 таҳти рақами №144 (17669)

 

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоғи Хоҷа Камол - макони осоиши рӯҳу тан
Scroll to Top