Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати муносибатҳои байналмилалӣ, соҳаи сайёҳӣ (туризм) ҳамчун яке аз самтҳои муҳими иқтисодӣ ва фарҳангӣ нақши калидӣ мебозад. Соҳаи сайёҳӣ на танҳо воситаи рушди иқтисоди миллӣ, балки омили муҳими муаррифии фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Дар ин раванд, нақши роҳбалад – (гид) ва ҳамроҳкунандаи сайёҳон махсусан муҳим аст, зеро маҳз онҳо ҳамчун намояндагони фарҳанги миллӣ баромад намуда, симои кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд.
Яке аз намояндагони барҷастаи ин соҳа роҳбалад - экскурсоводи тоҷик Фарангис Шарипова мебошад, ки бо фаъолияти касбӣ, таҷрибаи ғанӣ ва ташаббусҳои фарҳангии худ дар рушди сайёҳӣ саҳми назаррас гузоштааст. Фаъолияти ӯ намунаи равшани вафодорӣ ба касб, масъулиятшиносӣ ва хизмат ба рушди фарҳанг ва сайёҳии кишвар мебошад. Ташаккули шахсияти касбии ҳар як мутахассис аз сатҳи таҳсилот, муҳити иҷтимоӣ ва таҷрибаи амалӣ вобаста аст. Фарангис Шарипова 25-уми июли соли 1981 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ таваллуд шуда, соли 1988 таҳсилоти худродар мактаби миёнаи №10 ш. Ленинобод (ҳозира ш. Хуҷанд) оғоз намуда, соли 1999 бомуваффақият тамом карда фаъолияти меҳнатии худро дар шаҳри Хуҷанд идома додааст. Дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ, аз ҷумла соли 2007 дар Академияи сайёҳии шаҳри Москва таҳсил карда, онро соли 2011 бо тахассуси роҳбалад- гид тамом кардааст.
Омӯзиши илмии соҳаи сайёҳӣ ва азхуд намудани донишҳои назариявӣ ва амалӣ ба ташаккули малакаҳои касбии ӯ мусоидат намуда, заминаи устувор барои фаъолияти минбаъдаи касбӣ фароҳам овард. Инчунин, таҳсил дар муассисаҳои таълимии касбӣ ва омӯзиши фанҳои махсус ба баланд шудани сатҳи касбият ва омодагии ӯ барои фаъолияти касбӣ мусоидат намуд. Фаъолияти касбии Фарангис Шарипова зиёда аз 18 солро дар бар мегирад. Ӯ ҳамчун роҳбалад дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз соли 2009 то 2017 фаъолият намуда, дар муаррифии мероси фарҳангӣ ва таърихии тоҷикон саҳми назаррас гузоштааст. Сайрҳои илмие,ки барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ баргузор менамуд, танҳо оиди экспанатҳо маҳдуд намешуданд. Ҳар як сайри илмӣ бо таҳлили амиқи таърихӣ, шарҳи муқоисавии манбаъҳо ва ба баёни ҷолиби рӯйдодҳо ҳамроҳ буда, фазои осорхонаро ба як мактаби зиндаи маърифат табдил медод. Меҳмонон баъд аз анҷоми сайр на танҳо маълумоти нав ба даст меоварданд, балки бо эҳсоси ифтихор аз гузашта, дарки амиқтар аз ҳувияти миллӣ ва таассуроти фаромӯшнашаванда баромада ба худ ғизои маънавӣ мегирифтанд.
Фаъолияти роҳбаладӣ на танҳо донишҳои таърихӣ, балки маҳорати баланди муошират, қобилияти таҳлил ва пешниҳоди маълумотро талаб мекунад. Роҳбалад ҳамчун миёнарав байни фарҳанг ва сайёҳ баромад намуда, маълумоти таърихиро ба шакли фаҳмо ва ҷолиб пешниҳод мекунад. Таҷрибаи андӯхта дар муҳити илмӣ – фарҳангии осорхона, иштироки фаъол дар чорабиниҳои илмӣ, ҳамкориҳо бо муҳаққиқон ва кор бо сайёҳони хориҷӣ ба рушди малакаҳои касбии ӯ такони ҷидди бахшид. Ин ҳама боис гардид , ки Фарангис Шарипова ба дастовардҳои баланд ноил гардида, ҳамчун роҳбалади соҳибтаҷриба ва муаррифгари арзандаи фарҳанги миллӣ эътироф гардид. Аз соли 2022, ӯ фаъолияти худро ҳамчун ҳамроҳкунандаи сайёҳон дар ширкати байналмилалии “Mazzali Travel” идома дода, дар рушди сайёҳии байналмилалӣ саҳм мегузорад. Бо диплом ва сертификат аз ҷониби занҳои рӯзноманигорони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили хабарҳои муфид қадрдонӣ карда шудааст. Дар назди сафирони давлатҳои Русия ва ИМА дар мавзӯи “Ривоҷу равнақи соҳаи туризм” аз ҷониби занҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намудааст. Ин фаъолият имконият фароҳам овард, ки ӯ таҷрибаи байналмилалӣ ба даст оварда, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои таърихи бой ва фарҳанги ғанӣ муаррифӣ намояд.
Нақши фаъолияти ӯ дар рушди сайёҳии миллӣ, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Фарангис Шарипова мебошад, ин ташкили барномаҳои фарҳангӣ ва экскурсионӣ мебошад. Ӯ барои сайёҳон барномаҳои махсус, аз ҷумла сайри илмӣ ба мавзеъҳои таърихӣ, маросимҳои фарҳангӣ ва барномаҳои муаррифии анъанаҳои миллӣ ташкил менамояд. Ин гуна фаъолият ба рушди туризми фарҳангӣ мусоидат намуда, барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва баланд бардоштани обрӯи байналмилалии кишвар аҳамияти муҳим дорад. Туризми фарҳангӣ яке аз самтҳои муҳими рушди устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, зеро он на танҳо манфиати иқтисодӣ, балки ҳифзи мероси фарҳангиро низ таъмин мекунад. Фаъолияти байналмилалии гид-экскурсовод яке аз нишондиҳандаҳои муҳими сатҳи касбият мебошад. Фарангис Шарипова дар 12 кишварҳои гуногун, аз ҷумла Ӯзбекистон, Россия, Туркия, Чин ва дигар давлатҳо фаъолияти касбӣ анҷом додааст.
Фаъолияти ӯ дар сатҳи байналмилалӣ ба мубодилаи таҷриба, густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбият мусоидат намудааст. Инчунин, иштироки ӯ дар конфронсҳо ва барномаҳои байналмилалӣ ба муаррифии фарҳанги тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат кардааст. Соли 2024, аз тарафи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо унвони ягона «Амбассадор дар соҳаи сайёҳӣ» (дар байни Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон) сарфароз гардонида шуд, ки ин нишонаи эътирофи фаъолияти касбии ӯ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Яке аз хусусиятҳои муҳими фаъолияти касбии Фарангис Шарипова вафодорӣ ба касб мебошад. Вафодорӣ ба касб дар муносибати масъулона ба фаъолияти касбӣ, кӯшиши доимӣ барои такмили дониш ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳа зоҳир мегардад. Ӯ на танҳо фаъолияти роҳбаладиро анҷом медиҳад, балки дар рушди сайёҳӣ, ташкили барномаҳои фарҳангӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ саҳм мегузорад. Ин гуна фаъолият нишонаи сатҳи баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба касб мебошад.
Фаъолияти ӯ на танҳо барои рушди соҳаи сайёҳӣ, балки барои ҳифзи мероси фарҳангӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти муҳим дорад. Омӯзиш ва таҳлили фаъолияти чунин мутахассисон барои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ ва ташаккули мутахассисони баландихтисос аҳаммияти илмӣ ва амалӣ дорад. Ҳамин тариқ, фаъолияти касбии Фарангис Шарипова намунаи равшани вафодорӣ ба касб ва хизмат ба рушди соҳаи сайёҳӣ мебошад.
Сайфиева Шарифа – мудири шӯъбаи оммавӣ – фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа