Бо фаро расидани рӯзи аввали соли нав – Сари сол, табиат ва зиндагӣ бо орзуву умедҳои нав боз як бори дигар ранги тоза мегирад. Сари сол на танҳо оғози тақвими нав, балки рамзи умед, шодмонӣ ва эҳёи зиндагӣ мебошад.
Пас, чаро онро “Сари сол” меноманд?. Сари сол рӯзест, ки соли нави табиат ва кори деҳқонон дар саҳро оғоз мегардад. Калимаи “сар” дар ин ҷо маънои ибтидо, аввали чизро дорад ва “сол” табиат ва вақти солро ишора мекунад. Яъне “сари сол”- аввали соли нав мебошад.
Дар фарҳанги тоҷикон ва дигар миллатҳои эронтабор, соли нав аз ҷашни Наврӯз оғоз мешавад, ки одатан ба 20 – 21 март рост меояд. Ин рӯз ба эътидоли баҳорӣ рост меояд, шабу рӯз баробар ва офтоб ба бурҷи Ҳамал медарояд, ки баҳор оғоз мешавад. Дар урфу одатҳои мардумӣ, аз сари сол одамон орзуҳои нек карда бо покӣ ва таманноҳои хайр оғоз мекунанд, ки ба боварии мардум рамзи шодмонӣ, фаровонии рӯзгорро мебахшад.
Пеш аз фарорасии Сари сол мардуми тоҷик хонаҳоро рӯбучин карда, кӯҳнаҳоро нав месозанд. Яке аз суннатҳои бостонӣ ин сабзонидани гандум ё ҷав мебошад. Сабза нишонаи зиндагии нав, фаровонӣ ва орзуҳои нек аст. Дар рӯйи дастурхони Сари сол ҳамчунин ҳафтсин гузошта мешавад, ҳафт ашё, ки бо ҳарфи “с” оғоз мешавад ва ҳар кадом рамзи некӣ, покӣ ва саодат дорад. Инчунин маросимӣ суманакпазӣ низ ҷузъи муҳими урфу одати мардумон буда, ин суннати занона, шаби пур аз сурудхониву рақсу бозӣ ва шодмонӣ пухта мешаванд.
Дар баъзе минтақаҳои кишвари Тоҷикистон аз оташдон гузаштан машғул мешаванд, ки рамзи покӣ ва тоза кардани руҳ бошад. Инчунин дар рӯзи Сари сол ба зиёрати калонсолон ба хотири дуои нек гирифтан ва ба кӯдакон туҳфаҳо ҳадя мекунанд, ки ҷашнро пурмазмун ва хотирмон месозад. Дар Хуҷандшаҳри бостонӣ расму ойинҳои баҳорӣ хеле қадима буда, пухтани оши палов ва ба якдигар дароз намудан як расмӣ мардумӣ буда пухтани оши палов рамзи баракат, фаровонӣ ва хусусияти ҳамсоягӣ дошта, якдигарро табрик мекарданд. Яъне, шоми 7 – март як қадами пешакӣ ва анъанаи махсуси маҳаллӣ барои омодагӣ ба ид ва баҳор мебошад, ки дар ин шом ҳама хонавода сари дастурхони ҷашни сарҷамъ мешаванд. Дар ҳоле, ки Наврӯзи аҷам ҷашни бузурги миллӣ ва таърихӣ мебошад, ки тамоми мардуми кишвар ва ҳатто минтақаҳои ҳамсоя таҷлил мекунанд.
Албатта, аз рӯбучин кардани хона то сабзонидани гандум ин ҳама анъанаҳо на танҳо одатҳои қадимаи мардум ҳастанд, балки рамзи умед, таҷдиди ҳаёти оғози соли нав мебошад. Бале, гандум ки дар хона неш зада мерӯяд, ба мо хотиррасон мекунад, ки ҳаёт ҳамеша тоза ва нав аст. Аз пухтани суманак то оро додани дастурхон бо ширинӣ ва таомҳои миллӣ, ҳар амали нек нишонаи меҳру эҳтиром ба суннати ниёгон мебошад. Ҳар анъана, ҳар суннат, аз хурд то калонсол моро ба як ҷаҳонбинии тоза ва умедбахш мебарад, ки дар он саҳифаи соли нав кушода мешаванд.
Дар ҳақиқат, ин рӯзҳо танҳо кори рӯзмарра нестанд, балки як марҳилаи маънавӣ ва иҷтимоӣ мебошанд, ки инсонро омода месозад. Ҳар коре, ки дар ин рӯзҳо анҷом дода мешаванд ба фардо таъсири нек мебахшад, мисли як навъ шоҳасари ҳаёт буда, моро ба фардои беҳтарин ва рӯзҳои пур аз шодию умед мебарад.
Валӣ Набизод – котиби маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”
