Дар асл, аз замонҳои қадимулайём, бахусус дар асрҳои VI-VII, мардумон гилро ҳамчун неъмати арзишманди табиат мешинохтанд ва онро аз хок берун оварда, ба хидмати зиндагии худ истифода мебурданд. Дар сарзаминҳое чун Месопотамия (ҳудуди имрӯзаи Ироқу Ҳинд) ва минтақаҳои Қарибулҳинд, гил на танҳо масолеҳи сохтмонӣ, балки воситаи асосии ҳунарҳои мардумӣ ба шумор мерафт.
Дар ин сарзаминҳо иқлим гарм ва хушк буда, аз ин рӯ масъалаи захираи оби нӯшокӣ аҳамияти ҳаётӣ дошт. Маҳз ҳамин зарурат боис шуд, ки зарфҳои бузурги гилин мустаҳораҳо сохта шаванд. Ин гуна зарфҳо обро сард нигоҳ медоранд, зеро девораҳои гилин намиро тадриҷан бухор карда, ҳароратро паст мекард. Ҳамин хусусияти одии табиӣ мардумро ба ихтирои нозуки муҳандисии замони худ табдил дода буд. Аммо мустаҳора танҳо зарфи об набуд, балки он рамзи тарзи зиндагӣ ва фарҳанги мардумони он давра маҳсуб меёфт. Он аз ниёзи инсон ба об аз ҳунари дастони ӯ аз сатҳи рушди ҷомеа ва аз пайвандҳои фарҳангии замон нақл мекард.
Ин навъи мустаҳораи гилин одатан шакли думбалак монанд буда, бадани гирду фарох, ки андаке ҳамвор карда шуда буд. Ҳамин ҳамворӣ тасодуфӣ нест, балки он имкон медиҳад, ки зарф ба паҳлӯи инсон зич бинишинад ва ҳангоми роҳ рафтан ба бадан бархӯрда озор надиҳад. Қисми болоии он гардани кӯтоҳ ва даҳони нисбатан танг дошт, ки об ҳангоми ҳаракат нарезад. Дар ду тарафи баданаш гӯшакҳо ё ҳалқаҳои хурд сохта мешуданд, ки аз онҳо ресмон мегузарониданд. Ба ин тарз шахс метавонист зарфро ба китф овезад ё аз миён бандад. Вазни он низ ба таври мутаносиб тақсим мешуд, то ҳангоми пур буданаш бардоштани он душвор нагардад. Шакли думбалак монанд боз як бартарӣ дошт, ки фишори об дар дохил баробар паҳн мешуд ва деворҳои зарф устувортар мемонданд. Ҳамзамон, сатҳи васеътар ба бухоршавии табиӣ мусоидат мекард, ки обро дар ҳавои гарм нисбатан сард нигоҳ медошт. Яъне, дар як шакли сода ҳам зебоиву муҳандисӣ ва ҳам таҷрибаи зиндагӣ дар он таҷассум ёфтааст.
Чунин зарф на танҳо воситаи нигоҳдории об, балки ба сафарҳои тӯлонӣ баромадан, дар саҳро, корҳои рӯзмарра ҳамсафари рӯзгори инсон буда, шакли он дар тӯли асрҳо қариб бетағийр боқӣ мондааст.
Ҳунармандони мардумӣ одатан мустаҳораҳоро бо маҳорати баланд ва бо истифода аз ашёи табии маҳаллӣ омода мекарданд. Аввал гили маҳини тозаро аз соҳилҳои дарё ё заминҳои сергил ҷамъ меоварданд. Ин гилҳоро бодиққат аз сангреза ва хасу хошок тоза намуда, бо об омехта мекарданд то нарму маҳин ва яклухт гардад. Пас, аз омода шудани хамири гил онро ба рӯйи чархи кӯзагар мегузоштанд. Чархро бо пой ё даст гардонида, дар ҳамин ҳолат ҳунарманд бо ангуштон ва кафи даст ба гил шакл медод. Ин марҳила ҳунари махсус ва ҳисси баланди тавозунро талаб мекард, зеро ҳар фишор ва ҳаракат ба андоза ва симои зарф таъсир мерасонид. Бадани думбалак монанд, гардани танг ва гӯшакҳои паҳлӯӣ маҳз дар ҳамин раванд шакл мегирифтанд. Метавон гуфт, ки гили пухташуда ба туфайли хусусияти табииаш обро нисбатан хунук ва салқин нигоҳ медорад, аз ин рӯ чунин зарфҳо, бахусус дар рӯзҳои гармои фасли тобистон ва ҳангоми дар сафарҳои тӯлонӣ хело арзиши калон доштааст. Дар баъзе минтақаҳо ҳунармандони мардумӣ рӯйи зарфро бо маҳлули сафеди ангубин мепӯшониданд, ки зебогиаш пойдор бимонад. Инчунин намунаҳои нақшу нигорҳои содда, хатҳо ва ҳатто рамзҳои динӣ ва фарҳангӣ мекашиданд. Арзиши мустаҳора танҳо дар амалӣ буданаш не, балки он рамзи тарзи зиндагии мардуми савдогарони Роҳи абрешим ва зоирон будааст. Масалан , зоирони масеҳӣ дар асрҳои VI – VII мустаҳораҳои махсусро ҳамчун ёдгорӣ аз ҷойҳои муқаддас мегирифтанд ва дар дохили он об ё равғани муборак нигоҳ медоштанд. Дар муҳити зисти суғдию бохтариҳо бошад, зарфҳои гилин бештар ба эҳтиёҷоти рӯзмарра ва сафарҳои тӯлонии роҳравон хизмат мекард. Аз ин рӯ , дар ҳудуди манотиқҳои Тоҷикистон ва кишварҳои бурунмарзӣ борҳо мустаҳораҳои гилин бо шаклҳои гуногуни монанд пайдо намуданд. Имрӯз мустаҳораи гилини асри VI – VII, дар фонди осорхона, таҳти № КП – 1757/6 , А -602 ба қайди давлатии гирифташуда, дар толори намоишии “Тамаддуни халқи тоҷик”-и Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, баҳри тамошобинон гузошта шудааст. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки мустаҳораи гилин барои олимон, бостоншиносон ва муҳаққиқон имконият медиҳад, ки на танҳо дар бораи ҳунари кӯзагарӣ ва зебошиносии он давра маълумоти дақиқ гиранд, балки он аз робитаҳои фарҳангӣ, таърихӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум дарак медиҳад.
Зарфи гилин танҳо барои истифодаи об ё ғизо набудааст, балки дар маросимҳо, ҷашнҳо ва ҳатто дар дафн истифода мешуданд. Ин маънои онро надорад, ки ҳар ашёи одӣ ба мероси фарҳангӣ ва рамзи эътимод табдил меёбад. Ҳатто зарфи гилин, ки зоҳиран одӣ аст, зуд шикаста метавонад ва на ҳамеша садсолаҳо боқӣ мемонад Аз ин сабаб, шояд бостоншиносон маҳз тавассути чунин ашё метавонанд тарзи зиндагӣ, ғизо, сатҳи тиҷорат ва ҳатто ҷаҳонбинии мардумро омӯзанд.
Зарфи гилин мисли “ҳуҷҷати зиндаи таърих” аст, он на танҳо ашёи маишӣ, балки рамзи муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи қадим ба шумор меравад. Чунин ашёи куҳан, мисли як зарфи гилини одӣ метавонад саҳифаҳои парокандаи таърихро бо ҳам пайванд намояд. Он гӯё риштаи пайванди миёни гузашта ва имрӯз аст, шоҳиди хомӯше, ки аз зиндагӣ, ормон ва ҷаҳонбинии мардумони қадима қисса мекунад. Ҳар нақшу нигор, ҳар шаклу андоза на танҳо завқи зебопарастӣ, балки сатҳи фарҳанг, муносибатҳои иҷтимоӣ ва робитаҳои он замонро бозгӯ месозанд. Ин андеша ба хотир меорад, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, имрӯз дар остонаи 100 – солагии таъсисёбии худ қарор дорад. Як асри фаъолият барои муассисаи фарҳангӣ фосилаи кӯтоҳ нест. Дар тӯли ин солҳо осорхонаи таърихӣ ба ганҷинаи нодири таърих табдил ёфта, ҳазорон бозёфтҳои бостоншиносӣ, дастнависҳо, нигораҳо ва ашёи рӯзгори ниёгонро ҳифз намуда истодааст. Бале, ҳар як ашё дар толорҳои намоишии он хоҳ зарфи гилин бошад, хоҳ тангаи қадимӣ ё асбоби рӯзгор, порчае аз достонҳои миллати тоҷикон аст. Онҳо моро ба рӯзгори минтақаҳои бостонӣ, ба шукуфоии ҳунарҳои мардумӣ ва ба марҳилаҳои гуногуни давлатдории тоҷикон мебаранд. Осорхона на танҳо ҷойи нигоҳдории ашё, балки макони эҳёи хотираи таърихист, ки наслҳоро бо ҳам мепайвандад.
Имрӯз дар арафаи садсолагӣ, нақши осорхона боз ҳам муҳимтар мегардад. Зеро ҳифзи мероси фарҳангӣ ин ҳифзи ҳувият, худшиносӣ ва пайванди наслҳо ба шумор меравад. Ва чӣ рамзист, ки зарфи гилини одӣ, ки садсолаҳо пеш сохта шудааст, имрӯз дар толори намоишии осорхонаи таърихӣ баҳри тамошобин гузошта шудааст, ки аз роҳи тайкардаи миллати тоҷик ҳикоят мекунад. Ашёҳои нодири қадима, гарчанде ба назар одӣ менамоянд, дар воқеъ саҳифаҳои бузурги таърихро дар худ инъикос мекунанд ва ба тамошобин ёдрас месозанд, ки онҳо ҳастии устувори имрӯзу фардои миллати тоҷикро ташкил медиҳанд.
Валӣ Набизод – котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

