Санаи 25 – феврали соли 2026, дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо иштироки васеъи иҷорагирандагони мағозаҳо, растаҳои ҳунармандӣ, ҳавлии ҳунармандон, нуқтаҳои фурӯши шириниҳо ва дигар фаъолон ҷаласаи машваратӣ баргузор гардид.
Ҷаласаи машваратиро Иброҳим Иброҳимов – Омири кулли муассисаи мазкур ифтитоҳ намуда, доир ба масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд. Зимни баромад таъкид кард, ки риояи тозагӣ ва нигоҳдории сатҳи баланди санитарӣ дар ҳудуди муассисаи фарҳангӣ яке аз омилҳои муҳими ҷалби сайёҳон ва меҳмонон ва маҳсуб меёбад. Қайд гардид, ки ҳар як иҷорагир бояд дар доираи уҳдадориҳои худ ба тозагии нуқтаи фаъолият ва гирду атрофи он диққати ҷиддӣ диҳанд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои таъмини бехатарӣ ва риояи зиддисӯхтор таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Зикр гардид. ки бо наздикшавии мавсими баҳор ва афзоиши шумораи меҳмонон, омодагии ҳамаҷониба, аз ҷумла тартиб додани муҳити ободу зебо, аҳамияти хоса дода шавад.
Дар ҷаласа инчунин масъалаи омодагӣ ба таҷлили чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба фасли баҳор мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки баргузории чорабиниҳо дар сатҳи баланд метавонад барои муаррифии ҳунару фарҳанги миллӣ ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат намояд.
Яке аз мавзуъҳои муҳими дигар пардохти саривақтии иҷора ва истифодаи сарфакоронаи неруи барқ буд. Омири кулли муассисаи мазкур аз иҷорагирандагон даъват ба амал овард, ки масъулиятшиносиро тақвият бахшида, уҳдадориҳои шартномавии худро саривақт иҷро намоянд ва дар самти истифодаи оқилонаи захираҳо саҳмгузор бошанд.
Ҳамчунин, дар ҷаласа аз омодагиҳо ҷиҳати таҷлили 100- солагии таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ёдоварӣ гардид. Қайд карда шуд, ки ин санаи муҳим рӯйдодӣ таърихӣ ба ҳисоб рафта, саҳми арзанда дар муаррифии тамаддуни қадимаи халқи тоҷик дорад. Аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар баргузории чорабиниҳои бахшида ба ин ҷашни таърихӣ фаъолона саҳм бигиранд.
Дар фарҷоми ҷаласа миёни роҳбарият ва иҷорагирандагон мубодилаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳо ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти минбаъдаи маҷмаа шунида шуданд.
Таъкид гардид, ки танҳо тавассути ҳамкории зич ва ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳсоси баланди масъулияти муштарак метавон фаъолияти муассисаро боз ҳам рушд бахшид ва сатҳи хизматрасониро беҳтар намуд. Зеро пешрафти муассиса аз масъулиятшиносӣ, интизоми меҳнат, риояи талаботи тозагӣ ва бехатарӣ, инчунин саривақтии уҳдадориҳои шартномавӣ вобастагии мустақим дорад.
Дар ҷамъбасти ҷаласа Омири кулли муассиса ба ҳамаи иҷорагирандагон дар иҷрои уҳдадориҳо ва пешбурди фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳо орзу намуд. Гуфта шуд, ки ҳар як иқдоми созанда ва муносибати масъулиянок метавонад ба рушду ободии минбаъдаи маҷмаа мусоида намояд.
Валӣ Набизод – котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”.


