Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Пайдоиш ва истифодаи патефон дар заминаи таърихӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар асл, таърихи пайдоиши асбобҳои мусиқӣ аҳмияти калон ва бисёрҷабҳа буда,на танҳо дар омӯзиши мусиқӣ, балки дар фаҳмиши фарҳанг, техника ва рушди иҷтимоӣ таъсир мерасонанд. Пайдоиши онҳо на танҳо маълумоти рақамӣ балки василаи фаҳмиши рушт ва таъсири фарҳанг, ва иҷтимоиёти инсон мебошад. Дар ин раванд, яке аз асбобҳои мусиқӣ ин патефон мебошад.

Патефон - ин шакли портативии граммафон мебошад, ки барои боз хондани пластинкаҳои мусиқӣ хизмат мекунад. Номи ин ”патефон” ба ширкати фаронсавии Pathe алоқаманд аст, ки дар ибтидои асри XX чунин дастгоҳҳоро истеҳсол намуданд. Ӯ ҳамчун таҷҳизоти гӯшнавозӣ дар ҷаҳон хеле зуд паҳн шуда ба хонаводаҳо имкон дод, ки мусиқиро ба осонӣ дар муҳити хона гӯш кунанд.

Инчунин патефонҳо дар аввали асри ХХ дар Аврупо ва Амрико хело маъруф гардиданд. Бо пешрафти технологияи муосир асбоби мусиқии онҳо дар муқоиса бо граммафонҳои калон шакли чемоданӣ доштанд ва бо механизми пружинӣ фаъол буда ба ӯ имкон медод, ки дастгоҳ бе барқ кор кунад. Дар натиҷа, патефонҳо ба осонӣ ба хонаҳо ворид гардида барои ташкили фазои муҳити мусиқии хонагӣ мусоидат мекрданд.

Бо таъсири паҳншавии техника ва технологияҳои нави гӯшнавозӣ ,патефонҳо ба собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ шӯҳрат пайдо намуданд. Баъдан аз солҳои 1930-1950 чунин дастгоҳҳо дар марказҳои шаҳрҳои калон дар Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Самарқанду Тошканд, васеъ истифода мебурданд.

Минҷумла ,воридшавии асбоби мусиқии патефонҳо ба кишвари Тоҷикистон на танҳо таъсири техникӣ балки барои рушти фарҳанги мусиқӣ низ аҳмияти калон дошт. Дар замони гузашта ,патефонҳо дар муассисаҳои таълимӣ ,китобхонаҳо ва марказҳои фарҳангӣ истифода мешуданд.Онҳо ба омӯзгорон ва донишҷӯён имкон медоданд,ки барномаҳои таълимии мусиқиро дар муҳити амалӣ баён кунанд,овоз ва ритмро аз наздик омӯзанд ва таҷрибаи гӯш кардани асарҳои мусиқии гуногунро ба даст оранд. Инчунин асбобҳои мусиқии патефон ба одамон имкон доданд, ки мусиқиро дар муҳити хона, тӯю маросимҳои хурсанди, ва чорабиниҳо истифода баранд. Хотиррасон намуд, ки дар ҳудуди “Қалъаи таърихии Хуҷанд” ҳавлиҳои ҳунармандонии мардумӣ эҳё ва барқарор карда шудаанд, ки дар ҳавлии тоҷир ҷой дода шудааст. Дар он намунаи асбоби мусиқии “патефон” баҳри тамошобинон ва сайёҳону дӯстдорони таъриху фарҳанг ба намоиш гузошта шудааст.

Мадина Азимова - роҳбалади  МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПайдоиш ва истифодаи патефон дар заминаи таърихӣ
Scroll to Top