«Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, нангу намус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми кӯҳанбунёду фарҳангии мо мебошад.»
Эмомалӣ Раҳмон
24-уми ноябр бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
Парчам ҳанӯз аз замонҳои қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус буд. Аҷдодону гузаштагони мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки мавҷудияти соҳибдавлатию озодии онҳоро ифода мекард. Парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ маъруф буд. Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ сокинони Тоҷикистон соҳиби Парчами давлатӣ, яъне рамзи таҷассумгари гузаштаи пурҳикмат ва ояндаи дурахшони худ гардиданд.
Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол зери Парчами давлатии худ мувофиқати манфиатҳои умумимиллиро ба даст оварда, барои устувории Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи якпорчагии Ватан, ягонагии забону фарҳанг, муносибатҳои пешрафтаи ҷамъиятӣ, сулҳу субот кору фаъолият доранд.
Дар толори Осорхонаи таърихии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бахшида ба муносибати ҷашни «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳисоби маводҳои маъхази Осорхона гӯшаи намоишӣ таҳти мавзӯи «Парчам рамзи давлатдорӣ» бо мақсади шинос намудани тамошобинон бо таърихи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд.
Бигзор, Парчами пурҷило ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд.