Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Шоистаи соҳаи китобшиносӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Аз қадимулайём то кунун тоҷикон соҳиби фарҳанги олии китобу китобдорӣ буда, ба ҳама гуна осори хаттӣ арҷу эҳтиром мегузоранд. Китоб барои миллати сарбаланди мо ва аҷдоди соҳибфазлу донишварамон ҳамчун шиноснома ва нишони ҳастиву бақо пазируфта шудааст. Таърихи китобу китобдории китобхонаи илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд нафаронеро ёд дорад, ба монанди: Ашӯрова М., Мамадҷонова М., Боқиева С., ки бо хизматҳои пайваста ва шоён ҳастии маданияту фарҳангро устувор намуда, баҳри пешрафти соҳаи китобдорӣ неруи худро масраф намудаанд. Ин дам сухан дар бораи як нафар шахсияти шоистаи соҳаи фарҳанг меравад, ки зиёда аз 20 соли умри худро бо китоб ва ҳифзи он пайваст намудааст. Ин шахси саодатманд, собиқадори соҳаи китобдориву китобшиносӣ Абдуллоева Муҳаррама, ки зодаю парвардаи оилаи зиёӣ ва донишдӯсту маърифатпарвар мебошад.

Абдуллоева Муҳаррама 5-уми сентябри соли 1952 дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1959 ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5 он ҷо дохил шуда, соли 1969 бо баҳои хубу аъло онро хатм намуд. Соли 1971 оиладор гардида, бо вазъи оилавӣ солҳои 1985-1989 ҳамроҳи оилаи худ дар шаҳри Конибодом дар Китобхонаи марказии шаҳри Конибодом зиндагӣ ва фаъолияти корӣ кардааст.

Соли 1989 Абдуллоева Муҳаррама дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳамчун мудири китобхонаи илмӣ ба кор қабул гардид. Ҳамасола, ки дар осорхона бахшида ба санаҳои таърихию ҷашнӣ ва ходимони ҳизбию давлатӣ вохӯрию чорабиниҳо гузаронида мешуд, иштирок намуда, баромад ва маърӯзаҳо менамуд. Дар давоми фаъолияти корӣ баҳри ғанӣ гардонидани маъхази китобхонаи илмии осорхона бисёр асарҳои илмию таърихӣ, осорхонашиносиро ҷамъ намудааст. Ҳамчунин дар давраи фаъолияти кории Абуллоева М. рӯзномаҳои давраҳои мухталиф китобат карда шуданд. Саҳми арзандаи Абдуллоева Муҳаррамаро дар рушди соҳаи китобдорӣ ба инобат гирифта, ӯро соли 2009 бо нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карданд. Мавсуф барои хизматҳои шоиста инчунин бо Ифтихорномаҳои Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд, омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд сарфароз гардонида шудааст.

Моҳи майи соли 2010 бо ташаббуси Маркази мадании муосири “Дешт-и-Арт”, таҳлилгоҳи инкишофи ҷамъиятӣ (Қазоқистон) бо дастгирии молиявии институти гуманитарии Нидерландия, бо ҳамкории давлатҳои мутариққии HIVOS озмуни музейшиносӣ эълон гардид. Аз ҷониби Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар ин семинар, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, тӯли 5 рӯз Абдуллоева Муҳаррама иштирок намуда, тарзи дуруст навиштани лоиҳа ва мақсаду вазифаҳои асосӣ пешниҳод карданро омӯхт.

Ҳамчунин соли 2011 Абдуллоева М. ба озмуни навбатии Осиёмиёнагӣ лоиҳаи худро таҳти унвони “Чилчароғ” пешкаш намуд ва қобили қабул гардид. Чароғи сиёҳи пилтагии қадима то давраи имрӯзаро бо ҳамроҳии мудири фонди осорхона Кимиёхон Атаева ва ороишгар Акпар Маҳмудов (руҳашон шод) якҷоя тайёр карда,ба намоиш пешкаши тамошобинон гардонида буданд. Дар намоиш меҳмонон аз шаҳри Қарағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон Лариса Плетникова ва Гулдона Сафарова (музейшиноси машҳур) ташриф фармудаанд. Иштирокчиёни  чорабинии намоиш  ба худ  як таассуроти  нек бардоштанд, ки  мақсади асоси ин  зинда гардонидани мероси ниёгони давраи ориёӣ мебошад, ки гузаштагони мо оташпараст буданд.

Мавсуф соли 2013 баъд аз фаъолияти пурбаракат ва содиқона бо сари баланд ба нафақаи меҳнатӣ баромада, имрӯзҳо дар ҳалқаи гарми пайвандону наздикон даврони пурсафои пирӣ меронад. Солҳои тӯлонӣ ӯ бо масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ ва муҳаббати самимӣ ба касби худ фаъолият намуда, дар рушди такомули соҳа саҳми арзанда гузоштааст. Ҳамчун устоди ботаҷриба, дорои одоби баланди касбӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ин собиқадори арҷманд барои ҳамкасбон намунаи ибрат мебошад. Таҷрибаи ғанӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва муносибати некбинонаи ӯ дар тарбияи насли ҷавони китобдорон ва китобшиносон нақши муҳим дорад.

Наргисахон Бузурукова - китобдори
калони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОШоистаи соҳаи китобшиносӣ
Scroll to Top