Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Нақши ярмаркаҳои ҷойи кор дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

21-уми феврали соли 2026 тибқи нақшаи муштараки Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки намояндагони корфармоён, хатмкунандагон ва корҷӯён дар фазои созанда доир шуда, ба таҳкими робитаи миёни муассисаҳои таълимӣ ва бозори меҳнат мусоидат намуд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд:

«Ҷавонон ояндаи миллату давлатанд ва мо бояд барои таълиму тарбия, касбомӯзӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои онҳо тамоми шароитро муҳайё созем».

Дар ҳамин замина, баргузории ярмаркаи мазкур ҳамчун иқдоми муҳим дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон арзёбӣ мегардад. Дар он Раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Гулистон, инчунин Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ҷойҳои кори холиро барои хатмкунандагони донишгоҳ ва дигар корҷӯён пешниҳод намуданд.

Ин чорабинӣ имконият фароҳам овард, ки ҷавонон мустақиман бо корфармоён суҳбат намуда, оид ба талаботи бозори меҳнат ва шароити фаъолият маълумоти муфассал гиранд. Ҳамзамон, он ба баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва рушди неруи инсонӣ мусоидат мекунад.

Дар фарҷоми чорабинӣ барои ҳамкориҳои судманд ба МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» аз номи роҳбарияти донишгоҳ Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.

Шовазир Муродҷони - роҳбалади Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНақши ярмаркаҳои ҷойи кор дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон
Scroll to Top