Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Родмарди Ватан

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

(Бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Тӯли ҳазорсолаҳо халқи тоҷик фарзандони фарзонаеро ба дунё овардааст, ки кору пайкори онҳо барои дигарон намунаи ибрат буд ва ҳастияшон ба атрофиён ҳамеша суду манфиат меовард.

Маҳз ба гурӯҳи чунин шахсон Ҳомидов Абдуҷаббор генерали маъруфи тоҷик, зодаи деҳаи Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров шомил мегардад. Ӯ фаъолияти меҳнатиашро пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистони ба номи В.И.Ленин соли 1970 чун муҳаррири калони сармуҳаррияти Энсиклопедияи советии тоҷик дар шаҳри Душанбе оғоз намуда, баъдан ба хизмат ба сатҳи қӯшунҳои сарҳадӣ сафарбар шудааст. Хизматро ҳамчун афсари разведкаи отряди 81-уми округи сарҳади  Осиёи Миёна оғоз намуд. Ӯ фаъолияти пурсамарашро соли 1975 дар сафи Қӯшунҳои сарҳадии Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз намуда, баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатии кишвари азизамон дар сафи қӯшунҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон  идома додааст. Дар давраи фаъолияти хизматӣ дар вазифаҳои болотарини ҳарбӣ таъин гардида, то ба ҳайси муовини раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуда, соли 2006 аз ҳамин вазифа ба унвони ҳарбии генерал-майор ба нафақа баромад. Ӯ то ба нафақа баромадан дар мансабҳои баланди роҳбарикунандаи қӯшунҳои сарҳадӣ фаъолият намуда, дар рушду ташаккули қӯшунҳои сарҳадӣ, таъмини амният, дахлнопазирии сарҳади давлатӣ, дар таълиму тарбияи ҳайати шахсӣ дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Хизматҳои генерал-майор Ҳомидов Абдуҷаббор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо ордени  “Ситораи Сурх”, “Спитамен”, “Ордени Шуҷоат”-и Ҷумҳурии демократии Афғонистон”, медалҳои “Барои хизмати ҷангӣ”, “Барои ҳифзи аълои сарҳади давлатӣ”, Ифтихорномаҳою Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шудааст.

Бо саҳми чунин шахсиятҳо тарбияи ҷавонон, насли наврас дар руҳияи ватанпарастӣ, ватанпарварӣ таҳким мегирад. Ҷавонон дар хизмати Ватан-модар содиқона азму субот доранд, ки кору пайкори чунин шахсон, амсоли генерал Ҳомидов дарси бунёди зиндагист.

Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” либоси ҳарбӣ бо ордену медалҳо, сипосномаю ифтихорномаҳои Ҳомидов А. вуҷуд доранд, ки дар оянда ин маводҳо ба намоиш гузошта мешаванд.

Хоҷаева Муҳаррамахон - Мудири шӯъбаи
таърихи давраи муосири Осорхонаи таърихии
вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”


Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРодмарди Ватан
Scroll to Top