Санаи 21- феврали соли 2026 ,дар шафати Театри давлатии мазҳакавӣ- мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ярмаркаи фурӯши ниҳолҳо ва гулҳои мавсимӣ бо ибтикори МИҲД-и вилояти Суғд баргузор гардид.
Ин чорабинӣ бо мақсади ободу зебо гардонидани муҳити зист, зиёд намудани майдончаҳои сабз ва фароҳам овардани имконият барои дастрасии сокинон ба гулу гулбуттаҳо ва ниҳолҳои ороишиву мевадори босифат ташкил карда шуд.
Дар ярмаркаи мазкур аз ҷониби боғдорони навоиҳу вилоят навъҳои гуногуни ниҳолҳои мевадор, ҳамешасабз, гулугулбуттаҳо ва дигар дарахтони сояафкану ороишӣ ба маърази фурӯш гузошта шуданд. Сокинон имконият пайдо карданд, ки ниҳолҳои мутобиқ ба иқлими минтақа ва дорои сифати баландро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд.


Ҷиҳати боз ҳам фаровон гардидани дарахтони мевадор ва ороишӣ аз ҷониби Абдусалом Қурбонзода – директори боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ниҳолҳои гуногуни мевадор ба монанди шафтолу, нок, гелос, бодом ва гулҳои зебои мавсимӣ харидорӣ гардида, шинонида шуданд.
Ин иқдом ба беҳтар гардидани вазъи экологӣ, фароҳам овардани муҳити солиму фароғатӣ барои сокинону меҳмонон ва инчунин баланд бардоштани фарҳанги сабзкории шаҳри Хуҷанд мусоидат менамояд. Зеро сабзкорӣ ва бунёди боғу гулгаштҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати ободонӣ ба ҳисоб меравад.
Бо шинонидани чунин дарахтони мевадор ва гулу гулбуттаҳои зебои мавсимӣ дар ҳудуди Хона – музейи ба номи Камоли Хуҷандӣ ба ин макони таърихиву фарҳангӣ ҳусну таровати тоза бахшид.Ин мавзеъ, ки яке аз намунаҳои қадимаи сохташуда ба шумор меравад, ки акнун бо рангорангии гулҳо ва сабзиши дарахтони мевадор симои боз ҳам ҷолибро ба худ касб намуд. Дарахтони мевадор бо шукуфоии мавсими баҳорӣ ва ҳосили лазизашон на танҳо фазои атрофро зеб медиҳанд, балки муҳити муаттару сояафкан фароҳам меоранд. Гулҳои мавсимӣ бошанд, бо рангу бӯйи дилангезашон саҳнаи майдончаи осорхонаро ба як гулгашти дилфиреб табдил медиҳанд. Акнун ҳар як меҳмонону сокинон боздид аз ин макони таърихӣ бо осори гаронбаҳои адабӣ ошно мегарданд, балки дар муҳити орому сарсабз истироҳат намуда, аз зебоии табиат лаззат мебаранд.


Бо чунин ободиву сабзакориҳои Хона – музейи ба номи Камоли Хуҷандӣ симои тозаву руҳбахш гирифта, ба як гӯшаи воқеан дилангез ва ҷолиби фарҳангӣ табдил ёфта, барои сайругашту истироҳатӣ сокинон ва меҳмонон фазои мусоид фароҳам меорад.
Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”