Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ - ҳифзи миллат аст

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ёдгориҳои сершумори таърихиву  фарҳангӣ дар саросари кишвар бозгӯи миллати бостониву қадима ва соҳибтамаддун будани тоҷикон аст. 

Ёдгориҳои таърихи ва фарҳангӣ дастовардҳои беназири моддӣ ва рӯшангари чеҳраи миллатанд. Миллати мутамаддин ҳамеша аз осори пурарзиши аҷдодони худ ифтихор ва ҷиҳати бузургдошти он саъй мекунад. Бинобар ин он меросе, ки дар шаклҳои моддӣ ва ғайримоддӣ аз гузаштагон ба мо расидааст, сазовори ҳифз омӯзиш, тармиму барқарорнамоӣ ва ба ояндагон дар шакли асл вогузор кардан мебошад. 

Барои ҳар як давлати соҳибистиқлол, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзу нигаҳдошти рукни арзандаи фарҳанги миллӣ, ба мисоли ёдгориҳои таърихӣ чун падидаи муҳими иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию берунӣ ба ҳисоб меравад,  ташаккули худшиносии ҳар як миллати худогоҳ ба устуворӣ ва пояндагии ҷавҳари ҳастии он марбут аст. Чунки маҳз фарҳанг ва дастовардҳои маънавии мардуми ҳар як кишвар аз саҳми он ба тамаддуни умумибашарӣ муаррифгари асосии нуфуз ва мақоми ин ё он халқу давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.  Аз ҷумла, халқи тоҷик ҳамчун яке аз миллатҳои куҳантарини Осиёи Марказӣ дар тӯли таърихи басо пурихтилоф ва ҳамзамон пурифтихор ва дурударози хеш фарҳангу тамаддунҳое офаридааст, ки нишонаҳои онҳо новобаста аз он, ки имрӯз дар ҳудуд ё осорхонаҳои кадом кишвар маҳфузанд, шиносномаи ин миллат ва давлати баъди ҳазор сол навбунёди ӯ дар фазои ҷаҳони муосир ба шумор меравад. 

Бояд қайд намуд, ки эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ дар баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан, наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад. Дар ин раванд осорхонаҳо ҳамчун марказҳои нигаҳдорӣ,  омӯзиш ва намоиши мероси фарҳангӣ хидмат мекунад, ва бо таври аёнӣ  ва дар ин замина вусъат додани тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиноси мебошад.

 Ин аст, шӯъбаи фонди осорхона ҳамасола аз рӯи нақшаи корӣ фаъолият мебарад. Вазифаи асосии мудири фонди осорхона ҳифз ва нигаҳдорӣ экспонатҳои фонди осорхона буда,  моҳи феврал аз рӯи нақша аксҳои фонди осорхона  пурра ба соҳаҳо   (соҳаи низоми – 365, ходимони давлатӣ – 233, расмҳои экспозитсия 187, варзиш – 83, археология – 270,  аксҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 181, маориф – 501, давраи Истиқлол – 39, тандурустӣ – 70,  саноат - 706, ходимони давлатӣ – 150, ҳунармандӣ – 61, аксҳо бо ҳуҷҷат - 549, аксҳои В.И.Ленин - 163, иншоот, табиат – 530, аксҳо бо мӯҳри краевдческий музей – 200, кишоварзи эрригатсия - 506, аксҳои таърихӣ – 225, фарҳанг – 454,  аксҳои номаълум – 601), дар умум 6,074  ададро ташкил медиҳад, ҷобаҷогузорӣ карда шуд. 

Айни ҳол барои ҷамъовари кардани ашёҳои таърихию фарҳанги барои пурра кардани фонди осорхона кормандони шуъбаҳо кӯшиш карда истодаанд.

 

Исҳоқӣ Фаридахон – Сармуҳофизи фонди
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲифзи ёдгориҳои таърихӣ - ҳифзи миллат аст
Scroll to Top