Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Посдори осори ниёгон

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Осорхона ҳамчун ниҳоди фарҳангӣ-назариявӣ ва илмӣ дар ҷомеа нақши муассир дорад. Он на танҳо маҳзани нигоҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, балки маркази таҳқиқ, омӯзиш ва тарбияи насли наврас ба шумор меравад. Пешрафт ва рушди осорхона аз фаъолияти кормандони он вобастагии зич дорад. Яке аз чунин корманди фаъолу ташаббускори осорхона, ки солҳои тӯлонӣ дар осорхона кору фаъолият намудааст, ин ТошматовАбдуманнон мебошад, ки бо фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандааш дар рушди соҳаи осорхонадорӣ мақоми шоиста касб намудааст.

Тошматов Абдуманон фаъолияти худро соли 1983 баъди хатми Институти педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳозира ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) саравал дар МТМУ №13 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намуда, сипас аз соли 1985 дар осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии шаҳри Ленинобод, ҳамчун корманди илмӣ оғоз намуда, дар давоми солҳои фаъолият бо масъулиятшиносӣ ва садоқат ба касб шинохта шудааст. Ӯ дар самти ҷамъоварӣ, таҳқиқ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Аз соли 1987 ӯ аз ҳайси ходими илмӣ ба вазифаи мудири шӯъбаи таърихи тоинқилобӣ интиқол гардида, дар давоми фаъолияташ кори шӯъбаро дучанд беҳ намудааст. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ӯ кор бо фонди осорхона буд. Фонди осорхона асоси фаъолияти илмии муассиса буда, аз ҳифзи дурусти ашёҳои таърихӣ вобаста аст. Тошматов Абдуманнон дар самти тасниф ва таҳияи шиносномаҳои илмии ашёҳо фаъолияти ҷиддӣ анҷом дода, барои ғанӣ гардондани фонди осорхона бо нигораҳои нав корбарӣ намудааст, ки яке аз нигораи нодири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд “Собуне, ки таърихи 100- сола дорад” маъхз бо кӯшишу ҷустуҷӯйии Тошматов А. соли 1988 ба осорхона оварда шудааст.

Ҳамзамон, саҳми ӯ дар ташкил ва такмили экспозитсияи намоишии давраи тоинқилобии осорхона, ки соли 1992 ба бинои тарабхонаи Панҷшанбе кучонида шуда буд, бисёр бузург мебошад.

Дар давоми фаъолияти пурмӯҳтавои худ ӯ дар мавзӯъҳои сиккаҳои Қарахонӣ ва хумҳои нодир таҳти унвони “Монеты разказивают” ва “Хумҳои бузургҳаҷм” таҳқиқотҳои илмӣ омода намуда, онро дар рӯзномаи “Ленинабадская Правда” нашр намудааст.

Яке аз самтҳои пурмӯҳтавои Тошматов Абдуманнон дар осорхона ин ғанигардонии китобхонаи илмии осорхона бо китобҳои илмии нав буд. Аз рӯи суханҳои собиқ кормандон бармеояд, ки Тошматов А. як хислати хуб дошт, ӯ аввалин шуда аз китобҳои тозанашри илмӣ огоҳи пайдо намуда, байни кормандон ташвиқот мегузаронид, то ки аз ин китобҳо харидорӣ намуда сатҳи дониши худро баланд намоянд.

Бояд ёдрас шуд, ки дар даврони донишҷӯйи ӯ дар корҳои тадқиқотиву омӯзишии Қалъаи Хуҷанд таҳти роҳбарии Н.Неъматов иштирок намуда, дар раванди корҳои ҳафриёти ба дарёфти бозёфтҳои нав аз қабили хишти калонҳаҷми дар қисмати рӯяш ҳарфи юнони дошта бисёр назаррас аст.

Гарчанде аз соли 2015 фаъолияти ӯ аз осорхона бо сабабҳои гуногун қатъ гадида бошад ҳам, аммо дар қалби ӯ меҳру муҳаббат нисбат ба касби худ ва арзишҳои ниёгон абади боқӣ мондааст, з-ин лиҳоз ӯ имрӯз дар хонаи иқоматии худ коллексияи шахсӣ ташкил намуда, дар он ашёҳои зиёди этнографию илмии аз мардуми маҳаллӣ ҷамъоварӣ намуда, онро ҳифзу нигаҳдорӣ намуда истодааст.

Бо таҳлили фаъолияти касбӣ ва илмии Тошматов Абдуманнон метавон хулоса намуд, ки ӯ ҳамчун корманди фаъоли осорхона дар рушди соҳаи осорхонадорӣ саҳми арзанда гузоштааст. Фаъолияти ӯ дар самти ҷамъоварӣ ва ҳифзи ёдгориҳо, таҳқиқоти илмӣ, ташкил ва такмили экспозитсияҳо, инчунин корҳои маърифатӣ намунаи масъулиятшиносӣ ва садоқат ба касб мебошад.

Мутриба Мамадҷонова – мудири шуъбаи
таърихи Осорхонаи таърихии вилояти
Суғди МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПосдори осори ниёгон
Scroll to Top