Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди қудратии зодаи даврони истиқлоли давлатӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои замони нав ба ҳисоб рафта, хизматчиёни ҳарбӣ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии он дар барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳифзи амнияту соҳибихтиёрии давлат ва таъмин намудани сулҳу субот сарбаландона камари ҳиммат бастаанд.
Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Муссалаҳи мо аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ дар набардҳои сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва дарки масъулияту рисолати таърихӣ фаъолона иштирок кардаанд ва обутоб ёфтанд. Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки маҳз дар натиҷаи шуҷоату матонат ва далериву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ – фарзандони бонангу номуси Ватан ҳокимияти конститутсиониро барқарор намуда дар кишвар барои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузоштаанд.
Имрӯз, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони кафили таъмини осоиштагиву суботи кишвари азизи мо эътироф гардида, барои ҳимояи марзу буми мамлакат ҳамеша омода мебошад, ин манзалати бузург моро водор менамояд, ки бо истифода аз чунин шароити хуб, фазои орому осудаи мамлакат дар иҷрои рисолати аслии хеш дар самтҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ кӯшида, баробари ин дар ҷодаи баланд бардоштани маърифати ватандории насли наврас талош намоем.
Санаи 19-уми феврали соли равон дар маҷлисгоҳи МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ вохӯрӣ бо афсарону сарбозон таҳти унвони “Артиши миллӣ – ҳимоятгари ватан” баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии омири кулли муассиса И.Иброҳимов оғоз гардид. Дар чорабинӣ Усмонова Фароғат – намоянда Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд, Мунзифа Ҷабборӣ – номзади илмҳои таърих, Раиси кумитаи Ҳизбихалқи демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Набиҷон Раҳимов- доктори илмҳои таърих, бостоншинос профессори МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”,Мунавварова Дилафрӯз номзади илмҳои фалсафаи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Нурзод Маҳбуб Мелс – подполковник- сардори зершӯъбаи корҳои сиёсӣ тарбиявӣ дар қисми ҳарбии 3501, Самиҳов Солеҳҷон – афсари Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Холзода Саидмуқаддас Саидмурод – майор муовини командири боталёни якум оид ба корҳои сиёсӣ- тарбиявии қасми ҳарбии – 3501, Комилов Абдуғафур – намоянда аз Иттифоқи касабаи коркунони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ, ҳамчунин намояндагони Шӯрои собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист, афсарону сарбозони Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3501 Қӯшунҳои Дохилии Вазорати Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони муассисаҳои Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, намояндагони Васоити ахбори омма ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Мунзифа Ҷабборӣ – номзади илмҳои таърих, Раиси кумитаи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба аъзоёни нави ташкилоти ибтидоии “Қалъаи Хуҷанд” дафтарчаи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистонро бо тантана супориданд.
Аъзоёни ҲХДТ аз сулҳу ваҳдат ва оромию осудагии ватани соҳибистиқлоламон шукргузорӣ намуда, сарҷамъона барои тадбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ кӯшиш ба харҷ дода, барои ободию гулгулшукуфоии кишварамон саҳми босазои худро мегузоранд.
Ш.Сайфиева - мудири шӯъбаи
оммави-фарҳангӣва робита бо
ҷомеаи Осорхонаи таърихии вилояти
Суғди МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд”