Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

16 ноябр-Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Рўзи Президент ҷашнест, ки барои  дарку эҳсоси ҳувияти миллӣ, шинохту  эҳтироми рамзҳои  давлатӣ  ва дар заминаи чунин арзишҳо таъмин  намудани  идомаи  раванди пешрафти минбаъдаи истиқлолияти сиёсӣ заминаи босазо мегузорад.

Қобили тазаккур аст, ки сиёсати миллии ҳар як кишвари соҳибистиқлол хусусияти хоси худро дошта, мазмуни асосии он дар чорабиниҳои  гуногуни  фарҳангию  сиёсӣ  ва рамзу анъанаҳои миллӣ  таҷассум меёбад. Ҳамаи ин  заминаи муҳим  барои  дарки  худшиносӣ   ва  комёб гардидан ба  пешрафту дастовардҳои  кишвар мебошад. Аз ин рў,   «Рўзи  Президент», ки 16  ноябри соли  равон дар тамоми қаламрави  Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад,   иқдоми некест, ки барои  арҷгузорӣ ва ифтихор доштан аз  Тоҷикистони азиз, Истиқлолияти пойдор  ва  қадршиносӣ аз  заҳматҳои Президенти кишвар ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат заминаи устувор  мегузорад.

Ба муносибати ин ҷашни мазкур дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардида, дар толори пазироии Осорхонаи таърихӣ гӯшаи намоишӣ таҳти мавзӯи «Президенти мо-пешвои мост» бо истифода аз маводҳои иттилоотии китобхонаи илмии осорхона, асарҳои Пешвои миллат созмон дода шуд.

Ҳамчунин, дар Боғи фарҳангию фароғатии «Камоли Хуҷандӣ» барномаи фарҳангӣ бо иштироки устодон ва санъаткорони коллеҷи санъати ба номи С.Ҳофиз баргузор гардид.

Мардуми вилояти Суғд Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки воқеан бо райъи хеш онро интихоб намудааст ва бори нахуст дар Тоҷикистони навин таҷлил мегардад, бо ифтихор аз Пешвои хеш, бо шукрона аз фазои солиму созанда, бо қадршиносии заҳматҳои эшон ва орзуи саодатмандиву дарозумрии Президенти баргузидаи халқ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил намуданд.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО16 ноябр-Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Scroll to Top