Ҳар сол бо фарорасии моҳи мубораки Рамазони шариф фазои ҷомеаи мусалмонон ранги дигар мегирад. Қалбҳо нармтар мешаванд, нигоҳи инсон ба зиндагӣ амиқтар мегардад ва ҳар кас мекӯшад ,дар гуфтору рафтори худ покиву ихлосиро бештар эҳсос намояд. Моҳи Рамазони муборак танҳо моҳи худдорӣ аз нӯшидану хӯрдан нест, он айёми тарбияи рӯҳ, такомули ахлоқ ва бознигарии муносибатҳои инсонӣ мебошад.
Дар ин моҳи шариф инсон на танҳо аз гуруснагӣ ва ташнагӣ сабр меомӯзад, балки аз гуфтори носазо, аз кинаву адоват ва аз беэҳтиромӣ худро парҳез мекунад. Маҳз дар чунин фазои маънавӣ арзиши суҳбати самимӣ ва муносибати нек ба дигарон бештар эҳсос мешаванд. Як калимаи гарм, як табассуми содиқона ё як пурсиши ҳол метавонад дилеро ором созад ва муҳаббатро эҳё намояд.
Аз ин рӯ, масъалаи суҳбати самимӣ ва муносибати инсон дар моҳи Рамазон танҳо як мавзуи ахлоқӣ нест, балки оинаи имон, фарҳанг ва инсондӯстии ҳар яки мову шумо ба шумор меравад. Зеро ҷомеаи солим аз сухани нек ва беҳтарин мактаби ин омӯзиши ахлоқӣ аст, маҳз ҳамин моҳи муборак мебошад.
Бале, сухан метавонад қалбро обод кунад ё бишканад. Суҳбати самимӣ он аст, ки аз макони дил мебарояд ва ба дили кас менишинад. Вақте инсон бо ихлос, эҳтиром ва муҳаббат ҳарф мезанад, миёни ӯ ва дигарон риштаи боэътимод бофта мешавад. Дар моҳи Рамазон, ки инсон худро аз ғазаб, кина,ҳасад, бухлу адоват ва бадгумонӣ нигоҳ медорад, сухан гуфтан низ бояд бо меъёри ахлоқ ва тақво бошад. Суҳбати самимӣ танҳо гуфтан нест, балки шунидан ҳам ҳаст. Гӯш додан ба дарди дигарон, фаҳмидани эҳсосоти онҳо ва изҳори ҳамдардӣ худ ибодат аст, ки савоби бузург дорад. Бисёр вақт як калима, ки дар боло ишора рафт, метавонад руҳи касеро зинда кунад ва умеде дар дилаш афрӯзад.
Албатта, муносибати нек бо падару модар, ҳамсар, фарзандон, ҳамсоягон ва ҳамкорон нишонаи камоли инсон аст. Моҳи шарифи Рамазон моро водор месозад, ки аз худ бипурсем: оё мо нисбати дигарон адолат ва меҳрубонӣ дорем? Оё каломи мо оромиш мебахшад ё изтироб?
Ин моҳи фурсати оштӣ кардан аст, агар байни ду нафар сардӣ пайдо шуда бошад, беҳтарин вақт барои барқарор намудани дӯстӣ маҳз ҳамин айём аст. Зеро қалбҳо дар моҳи муборак нармтар мешаванд, ашкҳо зудтар мерезанд ва дуоҳо зудтар ба осмон мерасанд. Ҳар шабе, ки аҳли хонавода гирди дастурхон менишинанд, на танҳо барои ифтор, балки барои мубодилаи меҳр ва сухани нек имконият фароҳам меоранд. Ин лаҳзаҳо метавонад робитаҳои оилавиро қавӣ гардонад ва дар дилҳо ҳисси миннатдорӣ ба вуҷуд оварад.
Таъсири каломи нек, ки дар он одамон бо ҳам самимона ва боэҳтиром муносибат мекунанд, ҷомеа орому пешрафта мешавад. Агар ҳар шахс кӯшиш кунад, ки дар моҳи Рамазон забонашро пок, нияташро соф ва муносибаташро инсонӣ нигоҳ дорад, муҳити иҷтимоӣ низ тағйир меёбад.
Моҳи шарифи Рамазон мактаби муҳаббат, сабр ва самимият аст. Ин моҳ моро меомӯзад, ки инсон будан чӣ маъно дорад: эҳтиром гузоштан, бахшидан, шунидан ва бо дил сухан гуфтан аст. Агар мо тавонем дар ин моҳ одати суҳбати самимӣ ва муносибати некро дар худ парвариш кунем, пас ин равшанӣ аз моҳи табаррук дар зиндагии мо ҳамеша боқӣ хоҳад монд.
Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МДМФТ ”Қалъаи Хуҷанд”