(Бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Ҳар кишвару миллате, ки мехоҳад соҳибистиқлолӣ, сулҳу субот ва рушди устувор дошта бошад, пеш аз ҳама ба артиши қавӣ ва муттаҳид ниёз дорад.
Аз ҳамин ҷост, ки ҳамасола 23 –феврал дар кишвари Тоҷикистон, Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки на танҳо як санаи тақвимӣ, балки рӯзи ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба фарзандони далери Ватан маҳсуб меёбад. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз ҳассостарин ва сарнавишсозтарин давраҳои таърихи давлатдорӣ , дар шароити бисёр мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ ва амниятӣ поягузорӣ гардид. Дар он айём, ки таҳдидҳо ба истиқлоли давлатӣ ва тамомияти арзии кишвар ҷиддӣ буданд, зарурати таъсиси як нерӯи мутамарказ, содиқ ва қудратманд ба миён омад. Бо иродаи қавӣ, сиёсати хирадмандона ва раҳнамоии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зина ба зина ташаккул ёфт. Ин раванд осон набуд, аз набудани заминаи моддиву техникӣ то омода кардани кадрҳои ҳарбӣ ва таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ басо мушкил буд. Бо вуҷуди ин таҳти роҳбарии Сарвари давлат , Артиши миллӣ марҳила ба марҳила такмил ёфта , ба як мактаби ҷасорат, садоқат ва масъулияти баланд табдил гардид.
Имрӯз , Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи пурқудрат, боқувват ва боэътимод, кафили сулҳу субот, ҳифзи марзу буми Ватан, амнияти давлат ва осоиши шаҳрвандон мебошад. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ, на танҳо вазифаи конститутсионӣ, балки қарзи муқаддаси ҳар як фарзанди содиқи Ватан ба шумор меравад. Артише, ки аз мактаби сахти таърих гузаштааст, имрӯз бо ифтихор парчами истиқлолро ҳифз намуда, ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол бо эътимоди комил қадам мегузорад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар ин роҳи пурмашаққат заҳмату ҷоннисориҳои ҳазорҳо афсару сарбозон , инчунин саҳми собиқадорони соҳа ҷойи махсус дорад. Онҳо бо ҳисси баланди пурмасъулият вазифаи муқаддаси ҳифзи марзу буми кишварро иҷро менамоянд, ки хизмат ба сафи Артиши миллӣ мактаби ҳақиқии шуҷоат ва ватандӯстӣ мебошад. Ҷавонон , маҳз дар ин ҷо маънии интизом , ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ба қонун ва садоқат ба савгандро меомӯзанд. Артиши миллӣ на танҳо неруи ҳарбӣ, балки омили муҳими тарбияи насли худогоҳу масъули ҷомеа мебошад.
Қобили зикр аст, ки бо дастгирии дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қувваҳои мусаллаҳи кишвари Тоҷикистон пайваста муҷаҳҳаз гардида, сатҳи омодабошии ҷангӣ ва касбияти кадрҳо боло мераванд. Ин пешрафтҳо ба мардуми Тоҷикистон итминони комил мебахшанд, ки амнияту оромии мамлакат дар марз зери ҳимояи боэътимод қарор дорад.
Метавон гуфт, ки имрӯз дар фазои сулҳу субот зиндагӣ кардан, таҳсил намудан, бо дили ором ба хоб рафтан ва аз тинҷиву амонӣ баҳра бурдан, самараи заҳмати шабонарӯзӣ, ҷонфидоӣ ва садоқати муҳофизони шуҷои Ватани маҳбуби мо мебошад. Маҳз хизмати содиқонаи онҳо аст, ки осмони кишвар соф, марзу бум амн ва зиндагии мардум осуда боқӣ мемонад. Муҳофизони Ватан бо иродаи қавӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти бузург хизмат намуда истодаанд. Амнияти давлату ҷомеаро таъмин намуда, барои наслҳои имрӯзу фардо заминаи боэътимоди зиндагии осоишта фароҳам меоранд. Фидокорӣ ва ҷасорати онҳо ҳамеша мояи ифтихор ва намунаи ибрат барои ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Ба ин муносибат , аҳли кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” , ҳамаи муҳофизони Ватани азизро бо ин ҷашни фархунда самимона табрик гуфта , барояшон сиҳатии комил, неруи тоза, сарбаландӣ ва муваффақиятҳои рӯзафзун орзу менамоянд. Бигзор сулҳу субот, тинҷиву амонӣ пойдор бошад ва осмони Тоҷикистони азизамон ҳамеша софу беғубор бимонад.
Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”