Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Донандаи касби худ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Муаррифгари таъриху фарҳанги ҳар халқу миллат ин осорхонаи ӯст. Зеро дар осорхонаҳо таърих, тамаддун, қаҳрамонону чеҳраҳои намоёни он акс ёфтаанд. Бинобар ин ҳар меҳмон ё сайёҳе, ки ба ин ё он давлат ташриф меорад, ҳатман аз осорхонаи он дидан менамояд. Хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон осорхонаҳое, ки баёнгари таърихи бою куҳани он мебошад, кам нестанд. Дар қатори ин осорхонаҳо, яке аз беҳтарин ин Осорхонаи таърихии вилояти Суғд мебошад. Ин ҷо маконе аст, ки тамошобинашро бо шукӯҳу шаҳомат ва таърихи бою қадимаи миллати тоҷик аз асри санг то замони муосир шинос намуда, ҳамагонро бо руҳияи баланди инсондӯстӣ, ватанпарварӣ, бунёдкорию худшиносӣ  ва қадр намудани ин неъматҳо даъват менамояд.

Албатта асоси осорхона ин экспозитсияҳои намоишӣ ва экспонатҳои он мебошад. Вале дар таҳияи нақшаи мавзӯӣ, ҷо ба ҷо гузории экспонатҳо, таҳияи сайри илмӣ ва дигар корҳои осорхонавӣ, ки паси парда мемонад, роҳбарияти осорхона, мудирони шӯъба, кормандони илмӣ ва роҳбаладон нақши босазо мегузоранд. 

Имрӯзҳо мо дар арафаи ҷашни 100 солагии таъсисёбии осорхонаи таърихӣ қарор дорем ва месазад, ки дар ин рӯзҳои хотирмон оиди шахсиятҳое, ки дар раванди созмондиҳӣ ва пешравии он саҳми назарраси худро гузоштаанд хотиррасон намоем. Зеро маҳз бо кӯшишу талошҳои онҳо Осорхона имрӯзҳо фаъолияти пурсамари худро идома дода истодааст.

Яке аз чунин шахсиятҳо ин Ашӯрова Оминахон мебошанд. Ин шахс дорои тамоми хислатҳои хуби инсонӣ буда, аз соли 1981 фаъолияти худро дар осорхона оғоз намудааст. 

Ашӯрова Оминхон  8 октябри соли 1958 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1975 мактаби миёнаро хатм намуда, ба Институти педагогии Ленинобод (ҳозира ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров) дохил шуд.  Соли 1979 онро бо муваффақият хатм менамояд ва худи ҳамон сол фаъолияти худро дар мактаби таҳсилоти умумии № 21 шаҳри Хуҷанд оғоз менамояд. Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз соли 1981 ба фаъолияти меҳнатӣ ба ҳайси мудири шуъбаи оммавӣ фарҳангӣ оғоз намуд. Минбаъд дар вазифаҳои гуногун аз қабили мудиришуъбаи таърихи тоинқилобӣ  ва мудири фонд кор намуд.

Бояд таъкид намуд, ки дар гузашта осорхона дар бинои масҷиди ҷомеи Шайх Муслиҳиддин қарор дошт ва бино ба нооромиҳои сиёсии солҳои 90ум, ки ба фаъолияти осорхонаи вилиятӣ мушкилиҳои зиёде ба бор меоварад, таъҷилан ҳамаинигораҳои осорхона ба Ӯрдаи шаҳр (Қалъаи Хуҷанд) кӯчонида мешавад. Бар замми ин дере нагузашта, соли 1992 бо сабабҳои гуногун зарурияти дубора ба бинои тарабхонаи “Панҷшанбе” (ҳозира маркази савдои Ҳоҷиабдулазиз) кӯчидан пеш меояд. Дар ҳамаи ин мушкилиҳои осорхона Ашӯрова Оминахон, ки мудири фонди осорхона буд, тибқи меъёри талаботҳои осорхона барои ҷо ба ҷокунии нигораҳо саҳмгузор намудааст.

Дар давоми фаъолияти пурсамари худ Ашӯрова Оминахон дар созмондиҳии чандин нақшаҳои мавзӯӣ, намоишҳои осорхонавӣ ва гузаронидани сайрҳои илмӣ саҳми босазои худро гузоштааст. Дар байни ҳамкорон ҳамчун зани масъулиятшиносу дилсӯз ва донандаи касби худ шинохта шудаанд. Айни ҳол бошад, дар бари фарзандону наберагон давлати пирӣ меронанд.

Дилором Саидова - корманди илмии
шуъбаи таърихи Осорхонаи таърихии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДонандаи касби худ
Scroll to Top