Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳашари умумӣ баҳри ободии муҳити зист

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар асоси барқияи Мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатии вилояти Суғд, санаи 14- феврали соли 2026, ҷиҳати дар сатҳи баланд  баргузор намудани шанбегии умумӣ дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ҳашари дастаҷамъона роҳандозӣ гардид.

Дар чорабинии мазкур кормандони муассиса бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва эҳтиром  камари ҳиммат баста, барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зисти гирду атрофи макони таърихиву фарҳангӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Зимни ҳашар  гирду атрофи роҳравҳо, ҷӯйборҳо ва майдончаҳо аз алафҳои бегона пурра тоза карда шуда, дарахтони сояафкану ҳамешасабз ба тартиб дароварда шуда, ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ вусъат бахшида шуданд.

Бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва таъмини бехатарии иншоот гирду атрофи  ҳавзи воқеъ дар ҳудуди Хона- музейи Камоли Хуҷандӣ , инчунин пешгирии аз ҳар гуна осеби эҳтимолии садамавӣ, корҳои бетонрезӣ анҷом дода шуданд. Ин тадбир бо назардошти талаботи техникиву меъморӣ амалӣ гардида, барои мустаҳкам намудани канораҳои ҳавз равона шудааст.Бо иҷрои  ин корҳо муҳити зист ҳифз гардида, шароити мусоиди тамошо ва истироҳати шаҳрвандону меҳмонон фароҳам  оварда мешаванд.

Ҳамзамон, бо истифода аз автомашинаи махсуси таҷҳизонидашуда корҳои тозакунӣ дар мақбараи рамзии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ки дар ҳудуди  Хона – музейи Камоли Хуҷандӣ ҷойгир  аст, дорои баланди назаррас ва унсурҳои нозуки меъморӣ мебошад, анҷом дода шуданд.Бо назардошти   баланди иншоот ва мавҷуд будани нақшу нигори зебову ҳассос, ки осори ифлосшавӣ дар натиҷаи нишасти чангу ғубор, инчунин ифлоскунӣ аз ҷониби ҳашаротҳо ва паррандаҳои даштӣ ба вуҷуд омада буданд, пурра бартараф карда шуданд.

Гузаронидани чунин ҳашар- шанбегӣ иқдоми муҳими саривақтӣ буда, партоваҳои ҷамъшуда ба қуттиҳои махсус партофта шуданд, ки ба беҳдошти вазъи тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист мусоидат менамояд.

Иқдомҳои ободонӣ дар оянда низ идома ёфта, кормандони муассиса барои нигоҳдории тозагӣ ва зебогии ин макони таърихию фарҳангӣ талош меварзанд.

Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲашари умумӣ баҳри ободии муҳити зист
Scroll to Top