Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ бахшида ба рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Қалъаи таърихии Хуҷанд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳунарҳои бадеии халқӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири мероси фарҳангии тоҷикон, ойинаи таърих, ҷаҳонбинӣ ва завқи зебоишиносии миллат маҳсуб меёбад. Ҳифз, эҳё ва рушди ин ҳунарҳои мардумӣ дар шароити муосир яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии давлату ҳукумат ба шумор меравад.

Ба ин хотир , санаи 12- феварали соли 2026 дар асоси нақшаи чорабиниҳои амалисозии барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанг бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, конфронсияи илмию амалӣ таҳти унвони “Ҳунарҳои бадеии халқӣ; эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо” баргузор гардид.

Дар доираи баргузории конфронси илмӣ – амалӣ Рустамова Парвина- муовини Раёсати фарҳанги вилояти Суғд бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Номбурда зимни баромади худ аҳамияти баргузории чорабиниро ҳамоиши илмиро дар рушди фарҳанг, таҳкими ҳамкориҳои илмиву амалӣ ва табодули таҷриба муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамзамон , ӯ меҳмонони олиқадар ва иштирокдорони конфронсиро муаррифӣ намуд.



Дар конфронси илмӣ – амалӣ, Хуршед Низомӣ- Сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуфаттоҳ Аминзода- директори Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот, Мансур Абдураҳимзода – сармутахассиси шуъбаи ҳифз ва истифодаи таърихию фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуфаттоҳ Мирраҳмадов- сармуҳаррири рӯзномаи “Фарҳанги Тоҷикистон” ва Ислом Раҳимов- дотсент, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанди ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, инчунин роҳбарони муассисаи фарҳангӣ ва намояндагони соҳаи фарҳанг, осорхонаҳо, мутахассисони фарҳангшинос, мудирони шуъбаҳои мухталиф ва ҳунармандони мардумӣ аз минтақаҳои шаҳру вилояти Суғд иштирок намуданд.

Дар ҷараёни конфронси илмӣ- амалӣ аз ҷониби намояндаи фарҳанг ба иштирокчиён аз наздик ошно гардидан, дастурамал дар бораи тартиби бақайдгирӣ ва ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангӣ пешкаш карда шуд, ки он ҳамчун роҳнамои амалӣ дар фаъолияти минбаъдаи онҳо хизмат хоҳад кард.



Сониян, Хуршед Низомӣ баромад намуда, оид ба перомуни ҳунарҳои бадеии халқӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири мероси фарҳангии миллат суханронӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки ҳунарҳои мардумӣ дар тӯли таърих арзишҳои маънавӣ, ҷаҳонбинӣ ва завқи зебоипарастии халқро таҷассум намуда, ҳамчун омили муҳими ҳифз ва таҳкими ҳувияти миллӣ хизмат мекунанд. Номбурда ҳамчунин зикр намуд, ки эҳё ва рушди ҳунарҳои суннатӣ, дастгирии ҳунармандон ва ҷалби насли ҷавон ба омӯзиши онҳо барои посдории мероси фарҳангӣ ва муаррифии онҳо дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти хоса дорад.

Сипас, Мансур Абдураҳимзода оид ба масъалаҳои рӯйхатгирии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ва тарғибу муаррифии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ суханронӣ намуд. Ӯ дар баромади худ аҳамияти ба низом даровардан, ҳуҷҷатгузорӣ ва ворид намудани арзишҳои фарҳангии ғайримоддӣ ба феҳрести миллӣ ва байналмилалиро таъкид кард. Номбурда зикр намуд, ки чунин иқдомҳо барои ҳифз, эҳё ва интиқоли анъанаҳо, расму ойинҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар унсурҳои фарҳангӣ ба наслҳои оянда заминаи мусоид фароҳам меоварад. Ҳамзамон дар ҷараёни конфронс ба таври амалӣ бо истифода аз таҷҳизоти компютерӣ ва слайд бо воситаи компютер намоиш дод, усулҳои муосири ҳуҷҷатгузорӣ, бақайдгирӣ ва роҳҳои ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ шинос намуд. Иштирокчиён бо тарзи таҳияи санадҳо, ворид намудани маълумот , тартиб додани феҳристҳо ва шаклҳои бақайдгирии расмӣ аз наздик шинос гардиданд.



Ҷамъбасти конфронси илмӣ- амалӣ дар фазои озоду созанда бо баргузори саволу ҷавобҳои мушаххас ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиён ба анҷом расид. Ҳозирин перомуни мавзуъҳои матраҳгардида андешаҳои худро иброз намуда, пешниҳодҳои судманд ироа карданд, ки барои такмили минбаъдаи фаъолияти соҳавӣ аҳамияти муҳим доранд.

Дар анҷоми чорабинӣ Рустамова Парвина – муовини раёсати вилояти Суғд, бори дигар аз номи иштирокчиён ва ҳайати ташкилкунандагон ба меҳмонон барои иштироки фаъолона ва саҳми арзандаашон изҳори сипос намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо таманно кард. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки натиҷаҳои конфронс дар амал татбиқ гардида , ба рушди соҳаи фарҳанг ва ҳифзи мероси миллӣ мусоидат хоҳанд кард.


Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКонфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ бахшида ба рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Қалъаи таърихии Хуҷанд
Scroll to Top