Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Як сайёҳати илҳомбахш аз қалъаи таърихӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 11-феврали соли 2026, бо ташаббуси  Саидова М.Ш -сарвари Маъмурияти комплекси  кӯдакистони мактаби махсус барои кӯдакони қувваи  босириашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд, як сайёҳати илҳомбахш аз қалъаи таърихӣ сайри тамошо баргузор гардид.

Ин сайри тамошо на танҳо имконияти дидани ҷойҳои  таърихию фарҳангиро фароҳам овард, балки барои кӯдакон таҷрибаи шиносоӣ буд. Ҳамроҳ бо мураббиён ва волидон, онҳо аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ, ки дар он санъати анъанавӣ ва ҳунарҳои дастӣ ба намоиш ва ҳунармандон саргармӣ кор буданд, боздид намуданд. Ҳар як шунидан ва дидан намудани кӯдакон барои онҳо як саҳифаи нави таърихӣ аз китоби ҳаёти гузаштагон буд. Онҳо бо эҳсосоти илҳомбахши нав ва дарки васеътар аз таъриху фарҳанг ва анъанаҳои гузаштагон огоҳӣ пайдо намуданд.

Дар ҷамъбасти боздид мураббиён ва волидон ба роҳбарияти муассисаи фарҳангӣ изҳори минатдорӣ намуданд, ки чунин сайри тамошо барои тарбияи кӯдакони қувваи босириашон суст ва нобино хеле муҳиманд, зеро онҳо кӯшиш мекунанд, ки то донишандӯзӣ ва меъёрҳои  фарҳангӣ ва таърихии Ватанро эҳсос намоянд.

Бо чунин ташаббусҳо, кӯдакон  имконият пайдо мекунанд, ки бо ҷаҳон ва таърихи худ пайванданд , фарҳанг ва анъанаҳои гузаштагонро дарк кунанд. Дар саҳнаи қалъаи таърихӣ барои хотираи нек ва нигоҳ доштани лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда  аксбардорӣ карда шуд. Ин тасвирҳо на танҳо хотираи шахсии кӯдакон мешаванд, балки дар оянда шоҳиди зиндагии пурранг ва фарҳангӣ мегардад. Ҳар як табассуми нотакрори кӯдакон ва ҳар як назари пуртаҷассуми онҳо дар аксҳо гувоҳи зиндаи эҳсосот, шавқ ва шавқмандии онҳо ба омӯзиш ва кашфи хаёлоти таърих, пайдошавии хотираҳои нек ва илҳоми эҷодӣ  боқӣ хоҳад монд.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЯк сайёҳати илҳомбахш аз қалъаи таърихӣ
Scroll to Top