Таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ омили муҳими рушди соҳаҳои маорифу фарҳанг ба шумор меравад. Дар ин замина, санаи 11- феврали соли 2026 дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” маросими кушодашавии филиали кафедраи сайёҳии байналмилалӣ ва забонҳои хориҷии Муассисаи давлатии “Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд”-и Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар маросими чорабинӣ ректори донишкада, доктори илмҳои техникӣ, профессор Саидзода Масрур Мирзохон, Омири кулии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”-Иброҳим Иброҳимов, роҳбари маркази фарҳангии Фаронса “Алянск-Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд- Муқим Темиров, муовинони ректор, сардорони воҳидҳои сохторӣ, декани факултетҳо, мудирони кафедаҳо ва омӯзгорону донишҷӯён, инчунин кормандони муассиса ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.


Чорабинии мазкурро, нахуст Иброҳим Иброҳимов- Омири куллӣ муассисаи фарҳангӣ оғоз ва суханронӣ намуд. Ӯ ҳозиринро ба ин ҳамоиши муҳим хайрумақдам гуфта, аҳамияти густариши ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангиро таъкид кард. Ҳамзамон дар бораи таъсисёбии осорхонаи таърихӣ, нақши фарҳангиву сайёҳии қалъаи хуҷанд дар муаррифии тамаддуни миллӣ ва имкониятҳои фароҳамгардида барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ муфассал истодагарӣ намуд. Ӯ гуфт, ки муассисаи фарҳангӣ ҳамчун маркази таърихию фарҳангӣ метавонад барои донишҷӯён, чун пойгоҳи таълимӣ- амалӣ хизмат намуда, дар ташаккули малакаи касбии онҳо саҳми худро гузорад. Мавсуф, ҳамзамон аз ҷашни дарпешистодаи таъсисёбии 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ёдовар шуда, саҳми осорхонаро дар ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии миллат назаррас арзёбӣ намуд.
Сипас, ректори донишкада, профессор Саидзода Масрур Мирзохон суханронӣ карда, зарурати таҳкими ҳамкориҳои судманд миёни донишгоҳ ва муассисаи фарҳангиро муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ зикр кард, ки чунин ҳамкориҳо барои баланд бардоштани сатҳи омодасозии мутахассисони ҷавон, бахусус дар самти сайёҳӣ, осорхонашиносӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ мусоидат менамоянд. Ӯ изҳор дошт, ки таъсиси филиали кафедраҳо дар чунин макони таърихиву фарҳангӣ имконият фароҳам меорад, то донишҷӯён дар баробари омӯзиши назариявӣ, бевосита бо фаъолияти воқеии соҳаи сайёҳӣ, роҳбаладӣ ва тарҷумонӣ шинос шаванд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои баланд бардоштани сифати таълим, тақвияти робитаи донишгоҳ бо бахши иқтисодиёт ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мусоидат менамояд.Чунин тадбирҳо ба муттаҳид сохтани донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ мусоидат намуда , заминаи мусоидро барои кадрҳои ҷавони баландихтисос фароҳам хоҳад овард.


Дар фарҷоми чорабинӣ созишнома миёни донишгоҳи сайёҳӣ ва муассисаи фарҳангӣ ба имзо расид, ки дар ҳузури доираи васеи аҳли илм ва ҷомеа бори дигар аҳамияти ин ҳамкории судмандро таъкид намуда, аз таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба рушди равобити илмӣ ва фарҳангӣ шаҳодат дод. Ин санади муҳим заминаи мусоидро барои роҳандозии лоиҳаҳои муштарак,баргузории ҳамоишу конфронсҳои илмӣ, ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва табодули таҷрибаи касбӣ фароҳам месозад.
Интизор меравад, ки татбиқи бандҳои созишнома ба таҳкими бештари робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, баланд бардоштани сатҳи омодасозии мутахассисони ҷавон ва рушди ҳамкориҳои судманд миёни донишгоҳ ва муассисаи фарҳангӣ мусоидат менамояд. Бешак,ин иқдоми муҳим қадами устувор дар самти робитаҳои илмӣ, барои рушди соҳаҳои маорифу фарҳанг ва омодасозии кадрҳои ҷавони баландихтисос ба ҳисоб меравад.

Баъди анҷоми маросими имзои созишнома устодону донишҷӯён аз китобхонаи илмӣ, маркази сайёҳӣ, шуъбаи кадрҳо ва иттилоотӣ, бунгоҳи тиббӣ ва дигар марказҳои муассисаи фарҳангию таърихӣ аз наздик шинос гардиданд. Пас аз тамошо ва шиносоӣ, барои хотираи нек ва сабт кардани лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда, дар назди бинои маъмурият ҷамъ омада, акси хотиравӣ гирифтанд.
Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”