Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Осорхона оинаи таърихи халқи тоҷик

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ба ифтихори 100 – солагии Осорхонаи таърихи вилояти Суғд

Осорхона оинаи таърихи халқи тоҷик буда, тамаддуни бой, фарҳанг ва марҳилаҳои рушди миллатро аз давраҳои қадим то имрӯз тавассути ёдгориҳои таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ ва намунаҳои ҳунарҳои мардуми инъикос мекунад.

Дар солҳои 30 – юми асри XX масъалаи вусъат додани осорхонаҳо ва ҷамъоварии ёдгориҳо дар сатҳи ҳукумати роҳандозӣ мешавад. 7 – уми январи соли 1930 қарори Кумитаи марказии шӯроҳо ва комиссариати халқии шӯроҳои Ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон зери № 44  “Доир ба қайд гирифтан ва муҳофизат намудани ёдгориҳои таърихӣ, нодираҳои бадеӣ ва табиат” ба имзо мерасад. Санаи 1 июли соли 1931 Кумитаи ҳизби коммунистии (болшевикии) Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар маҷлиси раёсат қарори таъсиси осорхонаро дар ин маркази қадимаи тоҷикон ба тасвиб мерасонад. Дар натиҷа осорхона дар ду толори масҷиди ҷомеи Шайх Муслиҳаддин ҷойгир мешавад. Аз сабаби он ки қисмати ҷанубу шарқии яке аз толорҳо девор надошт, бар асари сардиву гармӣ, бориш ва вазиши шамол маҳзани осорхона ҳамеша зери хатари осебҳои табиӣ мемонад. Нахуст сарвари осорхона А.В.Уэлс ҳамроҳи дигар кормандон барои пурра ва васеъ кардани толорҳо кӯшишҳои зиёд мекунад.

Акси мазкур аз фонди осорхона

Баргузории анҷумани нахустини Қаромазор оид ба фулузоти ранга ва нодир, ки бо ширкати беш аз 800 олими шӯравӣ аз 18 то 26 октябри соли 1931 баргузор мешавад, боиси такмили маводҳои осорхона мегардад. Баъди итмоми чорабинӣ маводҳои омодакардаро ба осорхона месупоранд. Соли 1932 миқдори бозёфтҳои осорхона ба 5000 мерасад. Санаи 14 декабри соли 1932 Шӯрои комиссариати халқии Тоҷикистон қарор мекунад, ки осорхонаи шаҳри Хуҷанд аз 1 уми январи соли 1933 ба шӯъбаи осорхонаи ҷумҳуриявӣ табдил дода шуда, он ба ихтиёри комиссариати маориф вогузор гардад. Бо гирифтани ин унвон осорхона ҳамчун осорхонаи кишваршиносии тамоми шимоли Тоҷикистон шуморида шуд. Дар  солҳои минбаъда ҳайати воҳиди кормандони осорхона такмил ёфт ва барои самарабахшии фаъолияти он корҳо сурат гирифт. Намунаи равшани ин гуфтаҳо даъвати муттахасисони соҳибтаҷриба, монанди Т.Г. Оболдуева, аз Эрмитажи  Ленинград бостоншинос Б.А.Латинина барои такомули осорхона маҳсуб меёфт. Дар заминаи ҳамкорӣ бо олимони тоҷику рус ва аврупоӣ осорхона имкон пайдо кард, ки соли 1936 нахустин ”Ахбороти осорхонаи кишваршиносии Тоҷикистони Шимолӣ” -ро омода намояд.

Боиси зикр аст, ки аз солҳои 60- уми асри 20 бо роҳбарии муаррихи тоҷик, Ӯ. Пӯлодов, С. Марофиев, Н. Турсунов, А. Мирбобоев, дертар Ҳ. Тоатов, М. Файзуллоев, У. Ҷаҳонов ва дигарон, ки устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик. Б.Ғафуров (он солҳо ДДОЛ ба номи С. М. Киров) ба шумор меоянд, корҳои ҳафриётӣ бо донишҷӯён вусъати тоза пайдо кард.

Охири солҳои 70 – ум ба сабаби тағйир ёфтани низом ва талаботи осорхонаҳо зарурати тарзи нави намоишҳои осорхона ба миён омад. Дар кори таъмиру аз навсози толорҳо кандакориву нақшу-нигор бо ҳунармандони маҳаллӣ-усто Мақсуд Солеҳов, усто Ғафур Мансуров, усто Ҳаким Саидов аз Хуҷанд ва устоҳои кандакорӣ Исфара, мутахассис оид ба офаридани намоиши осорхонавӣ аз шаҳри Тошканд Г.В. Колосков низ даъват шуд. Азнавсозии намоиши осорхона соли 1978 дар сатҳи баланди касбӣ анҷом ёфт.

Солҳои 80-ум осорхона фаъолияташро густурдатар сохт. Шумораи умумии кормандони осорхона ба 22 нафар расд. Он солҳо осорхона аз панҷ шӯъба: шӯъбаҳои табиат, таърихи даврони инқилобӣ, даврони шӯравӣ, маъхаз ва шӯъбаи маърифатӣ иборат буд. Солҳои зиёд дар осорхона шӯрои илмӣ ва комиссияи харидории бозёфтҳо амал мекард. Ходимони илмии шӯъбаҳо корҳои таблиғотиву ташвиқотиро хуб ба роҳ монда, дар давоми фаъолияти худ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд. Агар солҳои 1960 ба осорхона 50-адад экспонат қабул шуда бошад, пас соли 1979  461-адад, соли 1988 он ба 1160 – адад расид. Мувофиқи санади воридотии фонди осорхона аз соли 1984 то соли 1992  С. Азаматова 657 адад, К. Атоева 584 адад, М. Бойматов 1837 адад, М. Тошматов 514 адад, экспонат ба фонди осорхона ворид шуд.

Оғози солҳои 90 – уми асри XX замони табадуллоти сиёсиву фарҳангӣ барои осорхонаи вилоятӣ мушкилоти зиёде шуд. Баробари ҷорӣ гардидани озодии дин дар ҷомеа як гурӯҳ намозгузорон ба масчиди  ҷомеи Шайх Муслиҳаддин ворид гардида, толорҳои намоишро кушоданд. Онҳо талаб доштанд, ки осорхона зуд ба ҷойи дигар кӯчонида шавад. Аз назари мантиқӣ гирем онҳо ҳақ буданд, зеро садсолаҳо дар Хуҷандшаҳр масҷиди ҷомеи Шайх Муслиҳаддин амал мекард. Вале амали нодурустии онҳо дар он буд, ки хазинаи осорхонаро бе риояи эҳтиром таъҷилан ба тракторҳо бор карда, ба ӯрдаи шаҳр бинои таълимии ҳарбиён оварданд. Дар натиҷаи ин беэҳтиромӣ бозёфту таҷҳизотҳо осеби сахт гирифтанд.

Бар замми ин дере нагузашта баъди таъмир ва дар бинои таълимии қисми ҳарбӣ ҷой гирифтани осорхона зарурати кӯчидани  дубора пеш омад. Соли 1991 осорхона ба тарабхонаи “Панҷшанбе” (маркази савдои Ҳоҷӣ Абдулазиз) кӯчонида шуд. Ҳарчанд ҷойи осорхона мувофиқ ба меъёр набуд, вале то соли 2004 дар онҷо фаъолият бурд. То анҷоми бинои нав соҳибмулки ҷои кароргирифтаи он Ҷамъияти матлуботи вилоят тақозои кӯчидани таъҷилии осорхонаро ба миён гузошт. Аз ин хотир муддате осорхона  дар коргоҳи пойафзолдӯзии шаҳри Хуҷанд низ қарор дошт.  

Моҳи июли соли 2003 хишти нахустини бинои Осорхона таърихии вилояти Суғд дар назди ӯрдаи шаҳр гузошта шуд. Сохтмон ба маблағи 3 миллиону 800 ҳазор сомони бунёд ёфт, ки 500 ҳазори он аз хазинаи Президенти кишвар ҷудо гардид. Бинои муҳташаму мунаққаши толорҳои намоишии таъриху фарҳанги халқи тоҷик, ки дар масоҳати зиёда аз 3 ҳазору 365 метри мураббаъ қомат афрохтааст.

Айни ҳол дар осорхона шаш шӯъба: шӯъбаи фонд, шӯъбаи таърих, шӯъбаи таърихи давраи муосир,  шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа, шӯъбаи дастхатҳо ва табъу нашр фаъолият мебарад. Дар шӯъбаи фонди осорхона 23.306 адад экспонатҳо ҳифз ва нигаҳдорӣ карда мешаванд. Шӯъбаи фонд қисми илмии осорхона буда, фаъолияти бақайдгирӣ ва нигаҳдории фондҳои осорхонаро ташкил мекунад.

Исҳоқӣ Фаридахон – сармуҳофизи
Осорхонаи таърихии вилояти Суғд-и
МД МФТ  “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООсорхона оинаи таърихи халқи тоҷик
Scroll to Top