Дар қатори олимону донишмандон ва ҷеҳраҳои барҷастае, ки дар рушду такомули илму фарҳанги тоҷик саҳми назаррас гузоштаанд, устод Усмонҷон Ғаффоров бо фаъолияти пурсамар ва осори арзишманди худ мақоми хосаро соҳиб мебошанд. Таҳқиқоти илмии ӯ фарогири масъалаҳои муҳими таърихи халқи тоҷик буда, бо такя ба манбаъҳои аслӣ ва усулҳои муосири таҳлил анҷом ёфтааст.
Усмонҷон Ғаффоров 30- январи соли 1945 дар деҳаи Хистеварз ( собиқ Қистақӯз) ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд ёфтааст. Ӯ соли 1967 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисосӣ таърихшинос хатм намуда, умри худро ба илм ва таърихи халқи тоҷикон бахшидааст. Корҳои илмӣ ва омӯзгориро ҳамчун ассисент , дар донишгоҳ фаъолият намуда ва дар дигар муассисаҳои таълимии олии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор, дотсент, мудири кафедра ва декан идома бахшидааст. Устод, профессор Усмонҷон Ғафуров соли 2002, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанди ба номи академик Бобоҷон Ғафуров кору фаъолият намуда , барои тайёр намудани мутахассисони ҷавон саҳми арзанда гузоштаанд.
Устод ,профессор Усмонҷон Ғаффоров яке аз олимони сермаҳсул маҳсуб ёфта, зиёда аз 80 китобҳои илмӣ , садҳо мақолаҳои илмӣ ва публисистӣ интишор намудаанд. Осори устод , дар бораи таъриху фарҳанг, рӯзгори фарзандони барҷастаи миллат ва мавзуъҳои дигари таърихи тоҷиконро дар бар мегиранд. Метавон гуфт, аз ҷумла, асарҳои “Садриддин Айнӣ ва таърихи замон “, “ Фарзанди барӯманди миллат”, “ Саҳми тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳон “, “ Таърихи халқи тоҷик”, “Шахсиятҳои дар таърихи тоҷик” ва дигаре, ки ба таърихӣ халқи тоҷик ва худшиносии миллӣ бахшида шудааст.
Зикр намуд, ки Усмонҷон Ғаффоров солҳои 2005 – 2010 вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони ҷумҳуриявӣ, инчунин аз соли 2001 узви Иттиҳоди нависандагон ва журналистони Тоҷикистон буданд.
Проффесор, Усмонҷон Ғаффоров 27- октябри соли 2023 дар синни 78 солагӣ дар шаҳри Хуҷанд аз олам даргузаштанд. Номи неки устод, дар дилҳои шогирдон, ҳамкасбон ва ҳамаи онҳое, ки аз осорҳои илмӣ сабақ гирифтаанд, ҳамеша боқӣ хоҳад монд.
Илова бар ин , дар фаъолияти бисёрсолаи илмӣ, омӯзгорӣ ва ҷамъиятии намунаи хизмат ба миллат ва давлат буда, мавзуъҳои асосии таҳқиқоти проффесор, Усмонҷон Ғаффоров ба таърихи халқи тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ, нақши шахсиятҳои барҷаста дар тамаддуни тоҷикон ва таҳлили сарчашмаҳои таърихӣ бахшида шуданд. Шогирдони ӯ имрӯз дар соҳаҳои гуногуни илму маориф фаъолият намуда, заҳматҳои устодро бо эҳтиром ёд мекунанд. Ҳамзамон, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти устод Усмонҷон Ғаффоровтарғиби арзишҳои миллӣ ва маънавӣ буда, таърихро на танҳо ҳамчун илм, балки ҳамчун воситаи тарбияи насли ҷавон мешуморанд, ки шинохти гузашта ба бунёди оянда заминаи устувор мегузорад. Осори устод Усмонҷон Ғаффоров на танҳо хазинаи дониши илмии таърихиро ғанӣ гардонидааст, балки дар ташаккули худшиносии миллӣ, омӯзиши равандҳои иҷтимоӣ- сиёсии гузашта ва таҳлили таффакури илмӣ нақши муҳимие доранд. Ӯ дар пажӯҳишҳои худ масъалаи давраҳои мухталифи таърихиро бо назари иқтисодӣ ва илмӣ баррасӣ намуда, робитаҳои воқеаҳои таърихиро бо рушди фарҳанг ва ҳаёти маънавии ҷомеа ошкор намудааст. Имрӯзҳо фаъолияти илмӣ ва таърихии, проффесор, Усмонҷон Ғаффоров ҳамчун намунаи садоқат ба илм ва хизмат ба ҷомеа арзёбӣ гардида, мероси илҳом ва истифодабарӣ қарор доранд.
Месазад, ки дар қатори дигар олимону муҳаққиқони барҷастаи шаҳри Хуҷанд, дар толори намоишии “Ҳавзаи илмӣ ва адабии шаҳри Хуҷанд”- и Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, акси проффесор, Усмонҷон Ғаффоров ба намоиш гузошта шудааст. Ҳадафи асосии он эътироф ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои илму фарҳанг, инчунин муаррифии мероси маънавӣ ва илмии онҳо мебошад.
Бояд гуфт, ки толори намоишӣ ба тамошобинон имконият медиҳад ,ки бахусус барои насли наврасу ҷавонон бо ҷеҳраҳои илмиву фарҳангии кишвар ва саҳми онҳо дар таърих ва фарҳанги тоҷик аз наздик шинос гардида ва омӯзишу пайгирии илму дониши худро сайқал диҳанд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар таъсисёбии ҷашни 100-умин солгарди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд қарор дорем. Ин рӯйдод на танҳо шаҳодати таваҷҷуҳи доимӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таърихӣ мебошад, балки имконият фароҳам меорад, ки аҳли ҷомеа ва насли ҷавон бо таърихи пурғановат ва арзишҳои фарҳангӣ шинос шаванд.
Ғафурова Дилнозахон – роҳбалади
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”