«…Таҷлили солгарди фарзандони фарзонаи миллат,…аз як тараф арҷгузории шоиста ва ба ҷо овардани эҳтиром ба гузаштагони худамон бошад, аз тарафи дигар тарбияи эҳсоси гарми ватандориву ватандӯстӣ дар қалбҳои мардум, пеш аз ҳама ҷавонон, тақвияти худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори миллии ҳар як фарди бонангу номус мебошад.»
Эмомалӣ Раҳмон
Аз 2 ноябри соли 2015 тибқи қарори Конференсияи генералии ЮНЕСКО ҷашни 100-солагии Ғаффор Валаматзода ба рӯйхати санаҳои хотиравии солҳои 2016-2017, ки бо иштироки ЮНЕСКО таҷлил карда мешаванд, дохил гардидааст.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №269 аз 1.07.2016 «Дар бораи таҷлили 100-солагии устоди санъати касбии тоҷик, Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғаффор Валаматзода, 1250-солагии донишманд ва мутафаккири тоҷик ва Шарқ Абу Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусейн машҳур ба Ҳаким Тирмизӣ ва 1150-солагии зодрӯзи олим ва мутафаккири Шарқ Закариёи Розӣ» ба таври васеъ ва бо тантана таҷлил карда мешавад. Аз тарафи кормандони илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд оиди ин масъала корбарӣ шуда истодааст.
Оиди ҳаёт ва фаъолияти устод Ғаффор Валаматзода аз фарзанди ин санъаткори номвар-Темур Валаматзода беш аз 25 адад аксҳо ва маводҳои иловагӣ дастрас карда шуданд. Бо ин маводҳо экспозитсияи намоишӣ дар мавзӯи «Вилояти Ленинобод дар солҳои 1946-1990» пурра карда шуда, гӯшаи намоишӣ бахшида ба ин ҷашн дар мавзӯи «Ғаффор Валаматзода-устоди санъати касбии тоҷик» дар толори пазироии осорхона ташкил карда шуд, ки мақсад аз ташкили намоиш тарғиби арзишҳои умумибашарии фарҳангии тоҷикон, тарбияи маънавӣ, таҳкими равобити сиёсию фарҳангӣ мебошад.