Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ситораи дурахшони осорхона

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Анъанаи неки мардумӣ омӯзонидани ҳунарҳои воло ба насли ояндаи миллат аст, ки фардои дурахшони ҳаёт аз он сахт вобастагӣ дорад. Зиндаёд будани номи бузургон маҳз тавассути ҳунари воло, дастранҷи зебо ва шогирдони баркамол сурат мегирад. Мо аз он фахр дорем, ки шогирдони устоди бузургу хоксор Мирзоева Иноят Пулотовна ҳастем ва дар кору фаъолияти худ аз насиҳату маслиҳатҳои ин шахси мӯътабар истифода мебарем.

Одамӣ дар тӯли ҳаёти худ байни наздикону пайвандон, ҳамкорону шогирдон танҳо дар он сурат соҳиби обрӯву эътибор ва маҳбубу матлуб мегардад, ки агар соҳиби дили бузург, фикри равшан ва иродаи устувор дошта бошад. Шахси соҳибназару нуктасанҷ, Аълочии Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муаллима Мирзоева Иноят Пулотовна аз зумраи ҳамин гуна шахсиятҳои фарҳехтаву гиромиянд, ки садҳо шогирдонро ба шоҳроҳи илму маърифат ҳидоят ва бо чароғе рушаниву сафо бахшидаанд.

Мирзоева Иноят Пулотовна 10-уми ноябри соли 1957 дар оилаихизматчӣ таваллуд шудаанд. Соли 1975 пас аз хатми мактаби миёнаи №4 ба номи В.И. Ленин вилояти Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) ба Донишгоҳи давлатии педагогии Ленинобод С.М. Киров ба факултаи забонҳои хориҷӣ (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) дохил шуда, онро соли 1979 бомуваффақият ба итмом расонидаанд.

Ҳамчунин дар вақти таҳсил дар донишгоҳи давлатии педагогии Ленинобод дар факултаи ихтисосҳои ҷамъиятӣ хонда онро соли 1978 бо ихтисоси “Турист - экскурсавод” хатм намудаанд.

Баъди хатми донишгоҳ ба музейи таърихӣ - кишваршиносии вилояти Ленинобод (ҳозира Осорхонаи таърихии вилояти Суғд) ба кор шурӯъ кардаанд. Фаъолияти меҳнатии худро аз моҳи октябри соли 1979 ҳамчун нозири толор оғоз намуда, соли 1983 чун роҳбалад бо забони русӣ ва аз соли 1992 ба ҳайси корманди калони шӯъбаи таърих фаъолият бурдаанд. Аз соли 2013 то 2019 вазифаи мудири шӯъбаи оммави-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи Осорхонаи таърихии вилояти Суғдро ба зиммаи худ гирифтаанд.

Аз оғози фаъолияти меҳнатӣ далели соҳиби хислати ҳамида будан ва риояи шарти инсонгароӣ бо ҳамкасбону шогирдон муносибати хубу самимона зоҳир намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ҳар нафаре, ки бо мушкилие муроҷиат кунад, ниёзашро бароварда, барои ҳалли он кӯмак намоянд. Ҳеҷ гоҳ иродаи худро таслими хашму ғазаб ё кибру ғурур накардаанд.

Дар давоми фаъолияти кориашон ба садҳо тамошобинони ватаниву хориҷии сатҳашон гуногун аз таъриху фарҳанги тоҷик маълумот дода, асосан ҷавонон, шогирдони худро дар руҳияи ватандӯстӣ, зебоипарастӣ, пос доштани осори ниёгон тарбия намудаанд, ки ҳамаи онҳо дар ҳар гуна соҳаҳо ба қуллаҳои баланди касбӣ расидаанд. Баъди бунёд ёфтани Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, соли 2006 якҷоя бо ширкати телевизион ва радиои Азия дар барнома таҳти унвони “Назаре ба таърих”-ро ташкил карда, тавассути ин барнома тамошобинонро бо таърихи осорхона шинос намуданд. Муаллифи “Роҳнамо”-и осорхона бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ буда, дар тамоми чорабиниҳои фарҳангии шаҳру вилоят фаъолона иштирок намуда, аз соли 1995 то 2019 раиси иттифоқи касабаи осорхонаро дар ӯҳда доштанд.

Барои созмон додани намоиши осорхонавии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, тайёр намудани роҳбаладон ба осорхонаи Қасри Арбоб, ва осорхонаи ҷумҳуриявии Бобоҷон Ғафурови н. Бобоҷон Ғафуровкӯмак расонидаанд.

Моҳи майи соли 2014 боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ азнавсозӣ карда шуда “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” таъсис дода шуд, ки барои рушди илму фарҳанг ва сайёҳӣ мусоидат менамояд. Бинобар ин аз таъсиси боғи фарҳангию фароғати ва рафти корҳои сохтмони маълумот ҷамъ оварда, матни сайри илмии умумро омода намуда, ба меҳмонон сайри илмӣ мегузарониданд.

Бо даъвати Дафтари Эрон дар шаҳри Хуҷанд ва собиқ Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон оғои Алиасғари Шеърдуст аз санаи 7.05.2012 то 13.05.2012 дар намоиши 25-умини байналмиллалии китоб дар шаҳри Теҳрон иштирок намуда, аз шаҳрҳои Исфаҳону Шероз дидан намуданд.

Бо ташаббусу кордонӣ, эътибори шоиста, созмон додани муҳити дурусти корӣ, тифоқии ҳамкасбон, ободонии муассиса ва ба меҳмонон гузаронидани сайри илмӣ кори басо душвору сангин буда, масъулиятшиносиву дилсӯзиро талаб мекунад.

Санаи 18.09.2018 дар доираи сафари кории Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ - Шайх Сауд Ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб баҳри шиносоии таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намуданд. Меҳмононро собиқ Раиси шаҳри Хуҷанд М.Муҳаммадзода, Прокурори вилояти Суғд Ҳ.С. Воҳидов ва намояндагони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва омири кулли муассиса И.С. Иброҳимов ҳамроҳӣ намуданд. Ба меҳмонон аз ҷониби Мирзоева И. сайри илмӣ гузаронида шуд, меҳмонон таассуротҳои худро нисбат ба осорхона ва гузаронидани сайри илми зикр намуданд.

Аз ҷониби Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ -Шайх Сауд Ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб барои иҷрои як аз арконҳои мусулмони ба ҳаҷҷи фарзи аз Маккаи мукаррама ва ҷойҳои таърихии Мадинаи мунаввара бо роҳхат тақдиронида шуданд, ки ин яке аз тӯҳфаҳои беҳтарин барои меҳнати софдилонаашон мебошад.

Ҳар киро дар зиндагӣ устодест. Ҳамаро дар ҳаёт касе омӯзонидааст. Ягон кору амал, ягон пешравию афзалият, ягон бурду бохт безаҳмат, бемашаққату қадршиносии устоде ба авҷи аълое намерасад. Инсон даме, ки чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, албатта бо як ҳусну истеъдоди Худовандӣ тавлид мешавад, аммо худ танҳо бе сарварӣ, бе роҳнишондиҳӣ, ва бе устоде соҳиби мақому мартабае шуда наметавонад. Шахсияте, ки дар зиндагии хеш ҳунари волои худро ба касе намеомӯзонад, яъне шогирде тарбия наменамояд, дарахти бесамаре мемонад, беманфиат аст.

Аз номи Сайфиева Шарифа - мудири шӯъбаи
оммавӣ - фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСитораи дурахшони осорхона
Scroll to Top