Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Осорхона ҳамчун маркази омӯзиши таърих

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ба ифтихори 100 – солагии Осорхонаи таърихии виояти Суғд

Осорхонаҳо ҳамчун муассисаҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ дар ҳифзи мероси таърихӣ, яке аз марказҳои муҳими илмӣ фархангӣ ба ҳисоб рафта, дар баланд бардоштани маърифати таърихӣ ва фарҳангии ҷавонон саҳми назаррас мегузорад.

Дар ин раванд барои пешкаш намудани маълумотҳо ва фаъолияти осорхона роҳбалад нақши калидӣ мебозад. Роҳбаладӣ ҳам яке аз касбҳои нозук буда, барои ҷалби диққати шунаванда маҳорати махсусро талаб менамояд.

Тарбияи ватандӯстии ҷавонон тавассути экскурсияҳо, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти роҳбалад тарбияи ҳисси ватандӯсти дар ҷавонон мебошад.Ҳангоми гузаронидани экскурсияҳо роҳбалад ба тамошобинон дар бораи таърих, тамаддун, шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ва қаҳрамонони миллат маълумот медиҳад. Экспонатҳои бостоншиносӣ, ашёи рӯзгори гузаштагон, ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва асарҳои фарҳангӣ дар ҷавонон эҳтиром ба гузашта ва ифтихор аз миллатро бедор мекунанд.

Дар раванди гузаронидани сайри илмӣ роҳбалад барои баланд бардоштани маърифати таърихӣ ва фарҳангӣ ҳиссагузор мегардад. Сайри илмӣ ба ҷавононимконият медиҳад, то таърихро на танҳо аз китоб, балки аз ашёи воқеиитаърихӣ омӯзанд. Роҳбалад дар ҷараёни экскурсияҳо маъно аз аҳамияти илмии ҳар як экспонатро фахмонида, ба саволҳои тамошобинон ҷавоб медиҳад. Ин усули таълимӣ ба беҳтар дарк намудани таърих ва фарҳанг мусоидат мекунад. Тарбияи ахлоқӣ ва фарҳангии ҷавонон дар осорхона намунаҳои бойи урфу одат, анъанаҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва санъати миллӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Роҳбалад ҳангоми шинос намудани ҷавонон бо ин арзишҳо ба эҳтироми фарҳанги миллӣ, нигоҳ доштани анъанаҳо, меҳнатдӯстӣ ва масъулият дар назди ҷомеа ҳидоят мекунад. Осорхона ҳамчун мактаби фарҳангӣ дар ташаккули шахсияти боахлоқ ва бофарҳанг нақши муҳим мебозад.

Чорабиниҳои фарҳангӣ ва маърифатии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд макони баргузории намоишгоҳҳо, вохӯриҳо, конференсияҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ мебошад. Ин чорабиниҳо ҷавононро ба омӯзиш, эҷодкорӣ ва фаъолияти ҷамъиятӣ ташвиқ мекунад.

Ҳангоми шунидани сайри илмӣ дар шунаванда завқи омӯхтани таърих пайдо гардида, бисёре аз хонандагону донишҷӯён пас аз боздид аз осорхона ба омӯзиши таърих, бостоншиносӣ, фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносӣ майлпайдо мекунанд. Ин нишон медиҳад, ки осорхона дар ташаккули тафаккури илмӣ ва интихоби касби ҷавонон низ нақши муҳим дорад.

Дар маҷмӯъ, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар тарбияи ҷавонон ҳамчун мактаби зиндаи таърих ва фарҳанг хизмат мекунад. Фаъолияти бисёрсолаи ман ҳамчун роҳбалад нишон медиҳад, ки шиносоии насли ҷавон бо мероси таърихию фарҳангӣ дар ташаккули шахсияти ватандӯст, бофарҳанг ва донишманд аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ, рушди осорхонаҳо ва ҷалби васеи ҷавонон ба фаъолияти онҳо яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ва давлат мебошад.

Тошматова Таҳмина – роҳбалади
хона – музейи Камоли Хуҷандӣ


Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООсорхона ҳамчун маркази омӯзиши таърих
Scroll to Top