Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ороишоти занона (Хафабанд)

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ба ифтихори 100 – солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд           

Хафабанд, гарданбанд, гулӯбанд, шаддаи марҷон, шава, ҷавак, зеби гардани занонро меноманд, ки аз замонҳои қадим маъмул аст. Гарданбанд ё хафабандро бештар аз  марҷони сурхи майда, баъзан аз нуқра турбофи мекунанд. Хафабанд бо рангҳои гуногун ва гулпартои аз якдигар фарқ мекунанд. Нақшу нигори хафабанд одатан ромбшакл, чоргӯша, сегуша буда,вобаста ба синну сол 4, 8, 10 катора бофта мешуданд. Масалан ба духтаракон аз 4 то 6, барои занони калонсол бошад аз 6 то 10 тор ресмон гирифта мувофиқи маҳорат ва нақшофари хафабандро омода мекарданд. Дар замонҳои пеш гарданбандро кӯтоҳ ва ё ба андозаи гардан мебофтанд. 

 

Хафабанд дар шакли уфуқиву амуди ба риштаҳо гузаронида шуда, он навъҳои гуногуни нақшҳои миллиро таҷассум мекунад. Хафабанд вобаста ба шумораи риштаҳо паҳн ва борик мешавад. Барои ҳимелкуни маъмулан аз резамуҳраҳои сафед, сурх ва сиёҳ истифода мебаранд. Аксари мӯҳраҳо тавре ба риштаҳо (дар бештари мавридҳо 7 - тоанд) мекашанд, ки рангҳо шакли амудиро мегирад. Барои шакли зебо ва ҷаззоб шудани хафабанд, аз ҳафт риштаҳои муҳрадори дарозиаш 19,5 см ва паҳниаш 3,5 – 4 см истифода мебаранд. Нафосату зарофати хафабанд ҳам маҳз дар рангорангии он мебошад. Маъмултарин ороиши зани тоҷик дар гузашта шаддаи марҷон буд, ки ба гардан меовехтанд ва онро мӯҳраи гардан меномиданд. Он на танҳо барои ороиш, балки ҳамчун тӯмор барои ҳифз аз чашми бад ва рамзи зебоӣ низ истифода мешуд.

 

Солҳои охир талабот ба ин ороишот ба ҳаёти бонувони тоҷик бештар гардидааст.  Гарданбан ё хафабанд ҳамчун намуди ороиш дар ҷашну маросимҳо идҳо мавриди истифодаи васеъ карор мегирад. Дар толорҳои намоиши Осорхонаи таърихи вилояти Суғд, МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” яқ қатор ороишоти занона, ба намоиш гузошта шудаанд, ки он санъати волои ҳунармандони тоҷик маълумот медиҳад ва ин ороишҳо мутаалиқи давраҳои гуногунанд. Вазифаи кормандони Осорхона ҳифз ва муаррифӣ намудани арзишҳои фарҳангӣ ба меҳмонони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад. Дар коллексияи фонди Осорхона якчанд намудҳои хафабанд таҳти рақами КВ - 340,  КВ - 3521, КВ - 316,  КВ – 1934, КВ - 1803/3, КВ – 4749 ва ғайра ҳифз ва нигаҳдорӣ карда мешавад.

Исҳоқӣ Фаридахон сармуҳофизи фонди 
Осорхонаи таърихии вилояти 
Суғди МД “МФТ” Қалъаи Хуҷанд

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООроишоти занона (Хафабанд)
Scroll to Top