Таърих хомӯш аст, агар онро касе ба сухан наорад. Бале, дар миёни олимоне, ки хомӯшии асрҳоро шикастаанд ва гузаштаи пурифтихори халқи тоҷикро аз зери ғубори замину замон берун овардаанд, номи академик Нӯъмон Неъматов-бостоншиноси тоҷик дар радифи дигар олимону муҳаққиқони давру замон ҷойгоҳи вижагии худро дорад.
Нӯъмон Неъматов 5-уми марти соли 1927 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Ӯ соли 1948 факултаи шуъбаи таърихи Институти педагонии ба номи С.М.Киров ( ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанди ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) - ро хатм намудааст. Бо фаъолияти пурмаҳорати худ дар соҳаи бостоншиносӣ ва археология ӯ гурӯҳи илмӣ- экспедитсионӣ дар шимоли Тоҷикистонро роҳбарӣ намуда, ҳафриётҳои таърихӣ ва бисёр ёдгориҳои бостонии қадима, аз ҷумла пойтахти давлати Уструшана шаҳри Бунҷикат ва таърихи Хуҷанди қадима (тахминан 2500- солаи таърих)-ро кашф ва омӯзиш намудааст.
Нӯъмон Неъматов - доктори илмҳои таърих, профессор ва академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон , аввалин муҳаққиқи давлати қадимаи Истаравшан буда, ёдгориҳои атрофи он осори санъати меъморӣ, наққошӣ, ҳаққоқӣ ва дигареро кашф намудааст. Инчунин дар тайёр намудани мутахассисони археологӣ ва таърихи маданият дар Тоҷикистон саҳми босазое гузоштааст. Муаллифи садҳо китобу мақолаҳои илмӣ буда, дар муаррифии таърихи тоҷикон дар арсаи байналмиллалӣ саҳми беандоза гузоштааст.
Академик, Нуъмон Неъматов 14-ми феврали соли 2011 дар асари беморӣ дар шаҳри Хуҷанд, дар синни 84 солгӣ вафот мекунад. Ӯ дар айёми пирӣ, ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданаш, борҳо ба шогирдонаш бо таъкид мегуфт, ки пас аз вафоташ ҷасадашро дар шафати Қалъаи таърихии Хуҷанд ба хок супоранд. Ин орзуи деринаи ӯ буд, зеро қалъа барои ӯ танҳо як ёдгории таърихӣ набуд, балки рамзи ҳувият, таърих ва пайванди ҷовидонаи ӯ бо шаҳри Хуҷанд маҳсуб меёфт.Бо рафтани ӯ илми тоҷик, яке аз фарзандони барӯманд, муҳаққиқи фидокор ва шахсияти барҷастаи худро аз даст медиҳад. Маросими видоъ ва ҳамоиши мотам бо иштироки аҳли ҷомеа, олимон, шогирдон ва дӯстдорони илму фарҳанг, дар назди Қалъаи таърихии Хуҷанд баргузор мегардад. Ин макон беҳуда интихоб нашуда буд, зеро ҳамин маҳал барои марҳум азизу гиромӣ маҳсуб меёфт, зеро солҳои зиёд фаъолияти ҳафриётии илмию таърихии ӯ бо ин ҷо пайванди ногустанӣ дошт.
Дар фазои ором ва андӯҳбори он рӯз, суханони пурдард аз зиндагӣ, осори илмӣ ва хизматҳои арзишманди академик Нӯъмон Неъматов садо доданд. Хотираи ӯ ҳамчун олим, устод ва инсони хоксору ватандӯст то абад боқӣ хоҳад монд.
Албатта, дар зиндагӣ ва фаъолияти илмии ӯ бо таърихи бостонии Хуҷанд, тамаддуни Суғди қадим ва ҳифзи мероси фарҳангии миллат пайванди ҷудонопазир дошт. Метавон гуфт, ки дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба омӯзиш , ҳифз ва муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардиданд.
Қайд намуд, ки ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурсати муносибатест, ки барои бознигорӣ ба роҳе, ки илму фарҳанги тоҷик тай намудааст ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳое, ки бо заҳмати худ пояҳои худшиносии миллиро таҳким бахшиданд.
Дар ҳамин замина , таҷлили 40- солагии Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов, ки моҳи ноябри соли равон баргузор мегардад, рӯйдоди муҳими фарҳангиву таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ин санаҳо моро водор месозанд, ки ба ҳаёт ва фаъолияти илмии академик Нӯъмон Неъматов- посдори мероси бостонии тоҷикон ва муҳаққиқи таърихи куҳани Хуҷанд бо назари тозаи маърифатӣ назар андозем. Агар ба саҳифаҳои таърихиву илму фарҳангӣ таваҷҷуҳ намоем, академикНӯъмон Неъматов муаррихи хомӯширо ба сухан оварда бо ҳарфҳои заррин сабт гардонидааст. Ӯ аз ҷумлаи он шахсиятҳои барҷастаест, ки бо заҳмати пайгирона ва муҳаббати самимӣ ба Ватан, таъриху фарҳанги миллати тоҷик тавонист, гӯшаҳои норавшани гузаштаи халқи тоҷикро рӯшан намояд ва мероси бостониро ба наслҳои имрӯз ва фардо ҳифз кунад.
Илова бар ин , академик Нӯъмон Неъматов умри пурбаракати худро ба омӯзиши бостоншиносӣ, таърих ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик, бахусус минтақаи Суғд ва шаҳри бостонии шаҳри Хуҷанд бахшидааст. Тадқиқотҳои илмии ӯ дар соҳаи бостоншиносӣ ва тамаддуни қадимаи тоҷикон саҳми арзишманде гузошта, мактаби вижагии илмро ба вуҷуд оварданд. Ӯ бо такя ба далелҳои археологӣ, бозёфтҳои нодир ва таҳлили илмӣ исбот намуд, ки сарзамини тоҷикон аз қадим маркази тамаддун, ҳунар ва фарҳанг будааст. Хизматҳои бузурги академик Нӯъмон Неъматов хусусуан дар омӯзиши таърихи шаҳри Хуҷанд басо барҷаста мебошанд. Маҳз бо ташаббус ва раҳнамоии ӯ дар заминаи таҷлили 2500- солагии шаҳри Хуҷанд ( собиқ Ленинобод), Осорхонаи бостншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд таъсис ёфт. Ин осорхона имрӯз на танҳо ганҷинаи бозёфтҳои нодири таърихӣ мебошад, балки маркази муҳими илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ барои олимони ҷавон, донишҷӯён ва муҳаққиқон ба шумор меравад.
Бояд зикр намуд, ки 28- июни соли 2017 Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” бо нишони қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои илмии ин абармард ба номи академик Нӯъмон Неъматов номгузорӣ гардидаст. Ин иқдом рамзи эҳтироми ҷомеа ба шахсе аст, ки тамоми ҳастии худро фидои илму фарҳангу таърих бахшидааст.
Хотиррасон намуд, ки соли 2026 барои дӯстдорону ҳаводорони таъриху фарҳанг соли фархунда маҳсуб меёбад, ки ҷашни 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва таҷлили ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин моҳи ноябри соли равон, 40- солагии Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкоми ба номи академик Нӯъмон Неъматов ҷашн гирифта мешаванд. Ин ҳамбастагии санаҳои фархунда бори дигар собит месозанд, ки вилояти Суғд, яке аз марказҳои муҳими ҳифз ва омӯзиши мероси таърихии тоҷикон мебошад.
Имрӯз, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов, на танҳо хотираи зиндаи як олим, балки макони худшиносӣ, ифтихор ва пайвандгари наслҳо мебошад. Осори илмии ӯ , шогирдонаш ва муассисаҳое, ки бо ташаббуси ӯ таъсис ёфтаанд, гувоҳи таърихӣ зинда мебошанд. Зиндагӣ ва фаъолияти илмии академик Нӯъмон Неъматов намунаи равшани садоқат ба илми бостоншиносӣ ва таъриху фарҳанги миллати тоҷик мебошад. Ӯ бо кашфиёту таҳқиқотҳои илмии худ на танҳо асрҳои хомӯширо ба сухан овард, балки дар зеҳни ҷомеа эҳсоси эҳтиром ба гузашта ва масъулият дар назди ояндаро бедор кард.
Бале, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд, ки имрӯз номи ӯро дорад, идомаи зиндаи андеша ва заҳмати ин олими барҷаста мебошад. Меросе, ки академик Нӯъмон Неъматов боқӣ гузошт, танҳо маҷмӯаи бозёфтҳои таърихӣ набуда, балки мактаби худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва пайванди наслҳо мебошанд. То он замоне, ки ин мероси гаронбаҳои нодир дар осорхонаи бостоншиносӣ ҳифз ва омӯзиш мешаванд, бо таърихи миллати тоҷикон ҳамнафас боқӣ хоҳад монд.
Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”