Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Осорхонаи мактабӣ-воситаи тарбияи ватандӯстӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

«Фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватанро таъмин созад».

Эмомалӣ Раҳмон

Тарбияи маънавӣ-ахлоқии насли наврас яке аз масъалаҳои асосии замони муосир буда, ҳифзи беҳтарин анъанаҳо ва таҷдиди онҳо ба шумор меравад. Мақсади асосии тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ зиёд намудани таваҷҷуҳи насли наврас ба арзишҳои фарҳангию миллӣ, ташаккули эҳтиром ба Ватан, мероси ғании таърихиву фарҳанги миллӣ мебошад. Зеро ватандӯстӣ аз муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба гузаштаи таърихи пурғановати миллӣ сарчашма мегирад ва дар ин замина, беиштибоҳ, нақши осорхонаҳо хеле назаррас аст. Осорхона воситаи ҳифзи хотираи инсоният буда,  ҳамчун муассисаи фарҳангӣ мероси таърихӣ-фарҳангиро ҷамъоварӣ, ҳифз, муаррифӣ ва тарғиб намуда, таваҷҷуҳи насли ҷавонро ба олами фарҳангӣ зиёд менамояд. Барои осорхонаи муосир фаъолияти фарҳангӣ-таълимӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад.

Осорхонаи мактабӣ яке аз шаклҳои пешбурди фаъолияти эҷодӣ ва ҷамъиятӣ ба шумор рафта, дорои арзишҳои баланди тарбиявӣ ва илмӣ мебошад. Тавассути осорхона хонанда имконият пайдо менамояд, ки муносибати худро ба фарҳанг ва таърих муайян намояд. Осорхонаи мактабӣ имконият медиҳад, ки хонанда дар ҳамаи намудҳои фаъолияти илмӣ-техникӣ ва ҷамъиятӣ қувваозмоӣ намояд, соҳиби дониши таҷрибавӣ гардад, сарчашмаҳои таърихро тавсиф, шаклбандӣ ва ҳуҷҷатҳои таърихиро таҳия намояд. Вазифаи Осорхонаи мактабӣ-кишваршиносӣ на танҳо ҷамъоварӣ, балки кори мақсадноки тарбиявӣ ва таълимӣ мебошад. Тарбияи маънавӣ-ахлоқии хонандагон бояд дар асоси дониши фарҳангӣ ташаккул ёбад, ки он метавонад дар бораи Ватан, анъанаҳои таърихӣ ва дастовардҳои он тасаввуроти амиқ диҳад. Осорхонаи мактабӣ соҳиби иқтидори ғании таълимӣ-тарбиявӣ мебошад, зеро ҳуҷҷатҳои таърихии аслиро ҳифз ва ба маъхаз мегузорад.

Иштироки хонандагон ба корҳои ҷустуҷӯӣ, омӯзиши ашёи осорхонавӣ, маъракаҳои фаъолияти тадқиқотӣ, кишваршиносӣ ва осорхонашиносиро пайдо менамояд.

Аз санаи 04.10.2016 то 21.10.2016 бо ташаббуси Мактаби таҳсилоти иловагии вилояти Суғд озмуни «Беҳтарин Осорхонаи мактабӣ» гузаронида шуд.

Шартҳои озмун:

  1. Корҳои бахшҳои осорхона аз рӯи намуд:

-таърихи мактаб, шаҳр (ноҳия);

-осорхонаҳои Шӯҳрати ҷангӣ ва меҳнатӣ;

-осорхонаҳои адабӣ;

-осорхонаҳои комплексии кишваршиносӣ.

2. Бахши роҳбарони осорхонаҳои мактабӣ (мубодилаи таҷриба оид ба ташкил ва роҳбарӣ ба Осорхонаи мактабӣ).

3. Намоиши лавҳаҳо, албомҳо, рӯзномаҳо, наворҳо, бозёфтҳои гуногун, ки кори беҳтарини Осорхонаҳои мактабиро инъикос мекунад.

     Осорхонаи таърихии вилоят бо осорхонаҳои мактабии шаҳру ноҳияҳо алоқаи хеле зич дорад. Аз тарафи кормандони илмии Осорхонаи вилоятӣ чанд осорхонаҳои мактабии ноҳияҳои Ҷ.Расулов, Ашт ва Спитамен боздид ба амал оварда, оиди хуб ба роҳ мондани корҳои намоишӣ дастурҳои муфид дода шуданд.

Дар озмуни мазкур аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Турсунов И.- мудири шӯъбаи таърих ва Раҳматов А.-роҳбалади осорхона ҳамчун аъзои ҳакамони озмун иштирок доштанд.

     Озмуни вилоятии «Беҳтарин Осорхонаи мактабӣ» дар се давра гузаронида шуд:

-давраи якум-шаҳрӣ (ноҳиявӣ) то санаи 03.10.2016

-давраи дуюм-минтақавӣ аз санаи 04.10.2016

-давраи сеюм-вилоятӣ аз санаи 21.10.2016 дар МТМУ №1 ш.Истиқлол баргузор ва ҷамъбаст гардид.

     Натиҷагирӣ аз озмуни вилоятии «Беҳтарин Осорхонаи мактабӣ»:

1.МТМУ №16 шаҳри Ҷ.Расулов ҷои аввал;

2.МТМУ №22 ба номи Ҷ.Расулов-и  ш.Хуҷанд ҷои дуюм;

3.МТМУ №29 шаҳри Конибодом ҷои сеюмро сазовор гардиданд.

     Гузаронидани чунин озмунҳо барои ташаккулёбии хонандагон ба осори ниёгон ва донистани илми таърих кӯмаки амалӣ мерасонад.

Ғолибони озмуни вилоятии «Беҳтарин осорхонаҳои мактабӣ» бо тӯҳфаҳо ва ифтихорномаҳо сазовор гардиданд.

 

            

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООсорхонаи мактабӣ-воситаи тарбияи ватандӯстӣ
Scroll to Top