Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дарси хотирмон ба ифтихори 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дарси хотирмон дар фазои  таърих, тибқи нақшаи барномавии Филиали ҷумҳуриявии Донишкадаи такмили ихтисос дар вилояти Суғд, бо ташаббуси Мирраҳим Муродӣ, омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарӣ, машғулияти амалӣ барои шунавандагони курси такмили ихтисоси фанҳои таърих ва ҳуқуқ дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” баргузор гардид.

Ҳадафи  асосии ин машғулияти амалӣ таҳкими донишҳои назариявии омӯзгорон, такмили малакаи касбӣ ва истифодаи усулҳои муосири таълим дар заминаи маводҳои аёнӣ ва манбаъҳои зиндаи таърихӣ ба шумор меравад.

Дарси мазкур дар муҳите сурат гирифт, ки худ гувоҳи равшани таърихи пурғановати миллати тоҷик  мебошад ва ба шунавандагон имконият фароҳам овард, ки то таърихро на танҳо дар китоб , балки аз ашёҳо, нигораҳо ва ҳуҷҷатҳои нодири осорхонаи таърихӣ   омӯзанд. Дар ҷараёни машғулият  масъалаҳои муҳими таълими фанҳои таърих ва ҳуқуқ,  мавриди баррасии ҳамаҷониба  қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ба нақши осорхонаи таърихӣ ҳамчун воситаи  муассири таълим диққати махсус дода шуд. Истифодаи маводҳои осорхона дар раванди дарси назариявӣ имкон медиҳанд, ки шунавандагон  донишу малакаи худро бо далелҳои  воқеӣ пайваст намоянд. Ҳамзамон чунин усули таълим ба бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги ниёгон мусоидат мекунад.

Омӯзгори калони кафедраи донишкадаи мазкур Мирраҳим Муродӣ бо истифода аз усулҳои  интерактивӣ, муҳокимаи гуруҳӣ ва таҳлили маводҳои экспозитсионӣ ба шунавандагон роҳу усулҳои ҷолиби гузаронидани дарсҳои ғайрианъанавиро нишон дод.

Қобили зикр аст , ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, яке аз қадимтарин марказҳои фарҳангиву таърихии кишвар ба ҳисоб рафта, соли 2026,  таъсисёбии 100- солагии он таҷлил карда мешавад. Дар ин замина баргузории чунин  машғулиятҳои амалӣ на танҳо  аҳамияти  таълимӣ дорад, балки арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори осорхонаи таърихӣ  ва нақши он дар ҳифзу тарғиби мероси фарҳангии миллат маҳсуб меёбад.

Шунавандагони курс аз баргузории дарси назариявӣ дар чунин макони  таърихӣ изҳори қаноатмандӣ намудаанд. Онҳо таъкид кардаанд, ки гузаронидани машғулият дар муҳити воқеии таърихӣ ба дарки  амиқтари маводи таълимӣ мусоидат намуда, ба онҳо илҳоми тоза бахшид. Ба андешаи  иштирокчиён ин гуна  машғулиятҳо барои ғанӣ гардонидани таҷрибаи касбии омӯзгорон, такмили  малакаҳои педагогӣ ва ҷорӣ намудани  шаклҳою усулҳои нави таълим дар муассисаҳои  таълимӣ аҳамияти калон дошта , сифати таълиму тарбияро боз ҳам баланд мебардоранд.

Дар фарҷом метавон гуфт, ки чунин дарсҳои хотирмон қадами устувор дар самти баланд бардоштани сифати таълим, тақвияти робитаҳои илму дониш, таъриху фарҳанг ва амалия буда, ба истиқболи ҷашни 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аҳамияти махсусро касб менамояд.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДарси хотирмон ба ифтихори 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
Scroll to Top