Ба муносибати 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва равандҳои муосири иҷтимою фарҳангӣ масъалаи ҳифз, омӯзиш ва тарғиби мероси таърихию фарҳангии халқҳо аҳамияти хоса касб менамояд. Осорхонаҳо ҳамчун ниҳодҳои муҳими фарҳангӣ на танҳо вазифаи ҷамъоварӣ ва нигаҳдории ёдгориҳои моддиву маънавиро иҷро мекунад, балки дар рушди худшиносии миллӣ, таҳкими хотираи таърихӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа нақши муассир дорад. Дар ин замина Осорхонаи таърихии вилояти Суғд яке аз марказҳои калидии илмӣ-фарҳангӣ ба ҳисоб меравад, ки таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷикро инъикос менамояд.
Вилояти Суғд ҳамчун яке аз минтақаҳои қадимтарини тамаддуни Осиёи Марказӣ дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ мебошад. Ҳудуди н дар тӯли асрҳо макони ташаккул ва рушди тамаддунҳои гуногун, аз ҷумла суғдиён, юнону бохтариён, арабҳо ва халқҳои туркӣ буда, ин омил ба гуногунрангии фарҳангӣ ва таърихии минтақа мусоидат намудааст. Осорхонаи таърихии вилояти суғд маҳз бо ҳадафи ҷамъоварӣ, ҳифз ва муарривии ин мерос аз ҳисоби коллексияи ҷамовардаи Мирзохоҷа Собиров мутахаллис ба Ҳоҷиантиқа соли 1926 таъсис дода шудааст. Таъсиси Осорхона ба нимаи аввали асри ХХ рост омада бошад ҳам, он дар заминаи сиёсати давлатии ҳифзи ёдгориҳои таърихию-фарҳангӣ ва рушди муассисаҳои илмӣ-фарҳангӣ дар давраи Шӯравӣ ба вуҷуд омад. Дар солҳои аввали фаъолият осорхона бештар хусусияти маҳдуди маҳаллӣ дошта, фонди он асосан аз бозёфтҳои бостоншиносӣ ва этнографӣ иборат буд.
Бо гузашти вақт ва васеъӣ гардидани доираи таҳқиқиоти илмӣ, фонди осорхона ғанӣ гардида, сохтори он мукаммал шуд. Солҳои 1950-1970 давраи рушди фаъоли осорхона ба ҳисоб мерафт. Дар ин марҳила таҳқиқоти бостоншиносӣ дар шаҳрҳои қадимаи Суғд, аз ҷумла Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан ва ноҳияҳои атроф густариш ёфт. Натиҷаи ин таҳқиқиот ворид шудани садҳо нигораҳои нодир ба фонди осорхона гардид.
Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба марҳилаи нави рушд ворид шуд. Соҳиб шудан ба бинои нав, ки солҳои охир осорхона соҳиби бинои алоҳида набуда, он якчанд маротиба ҷойи худро иваз намуда буд ва хушбахтона соли 2006 соҳиби бинои алоҳида гардид. Экспозитсияи намоишии он бо истиффодаи усулҳои муосири намоишӣ навсозӣ гардида, ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои дохилию хориҷӣ рушд ёфт, ки ин аз баланд гардидани мақоми осорхона гувоҳӣ менамояд.
Фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд зиёда аз бист ҳазор нигораҳо иборат буда, онҳо тамоми марҳилаҳои таърихии минтақа – аз давраҳои қадим то замони муосирро фаро мегирад. Аз нигоҳи илмӣ нигораҳои осорхона ба чанд гурӯҳи асосӣ ҷудо мешаванд: бозёфтҳои бостоншиносӣ, ашёҳои этнографӣ, нумизматика, санадҳои таърихӣ, намунаҳои санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумӣ. Бозёфтҳои бостоншиносӣ яке аз қисмҳои арзишманди фонд ба ҳисоб рафта, онҳо ашёҳои сафолин, олоти меҳнат, тангаҳо, ашёҳои ороишӣ ва боқимондаҳои меъмориро дар бар мегирад. Ин нигораҳо барои омӯзиши давраҳои қадим, эллинистӣ ва асрҳои миёна сарчамаҳои муҳими илмӣ мебошад. Қисми этнографии фонд бошад, зиндагӣ, расму ойин, сару либос, ҳунар ва анъанаҳои халқи тоҷикро инъикос менамояд. Сару либоси миллӣ, асбобҳои рӯзгор, олоти кишоварзӣ ва намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ на танҳо арзиши фарҳангӣ, балки аҳамияти калони илмӣ низ доранд, зеро онҳо равандҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеаро нишон медиҳад.
Экспозитсияи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бо тартиби хронологӣ ва мавзӯъи ташкил шудааст, ки ин усул ба тамошобинон имкон медиҳад, ки таърихи халқи тоҷикро пайдарҳам ва мукаммал дарк намоянд. Ҳар як толор ба давари муайяни таърихӣ бахшида шуда, бо маводҳои илмӣ-тавсифӣ ҷиҳоз гардидаанд.
Осорхонаи таърихии вилояти Суғд на танҳо муассисаи намоишӣ, балки маркази муҳими таҳқиқоти илмӣ низ мебошад. Кормандони осорхона дар таҳияи мақолаҳо, феҳристҳо, китобҳо ва гузоришҳои илмӣ фаъолона иштирок мекунанд. Ҳамкории осорхона бо донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи таърих, бостоншиносӣ ва фарҳангшиносӣ аҳамияти калон дорад. Фаъолияти маърифатию таълимии осорхона тавассути баргузории экскурсияҳо, лексияҳо, семинарҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ амалӣ мегарданд. Ин тадбирҳо махсусан барои ҷавонон ва наврасон муҳим буда, дар ташаккули худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба таърихи ниёгон нақши муассир дорад.
Дар фарҷом ақида хулоса менамоем, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳамчун яке аз муассисаҳои муҳими илмӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ дар ҳифз, омӯзиш ва тарғиби мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик мебозад. Фонди ғанӣ, экспозитсияи мукаммал ва фаъолияти фаъоли илмӣ-маърифатии он ба баланд гардидани сатҳи худогоҳии таърихии ҷомеа мусоидат менамояд. Дар шароити муосир рушди минбаъдаи осорхона, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ метавонад мақоми онро ҳамчун маркази пешқадами илмӣ-фарҳангӣ боз ҳам тақвият бахшад. Ҳифзи мероси халқи тоҷик на танҳо вазифаи осорхона, балки масъулияти умумимиллӣ мебошад, ки барои наслҳои оянда аҳамияти бузург дорад.
Мутриба Мамадҷонова – мудири шуъбаи
таърихи Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд”