Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Осорхонаи таърихӣ- 100 сол дар хидмати таърих ва фарҳанг

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” яке аз муассисаҳои бонуфузи таърихӣ – фарҳангӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин осорхонаи таърихӣ дар тӯли 100  сол фаъолияти пурсамар бурда, нақши   муҳимро дар ҷамъоварӣ, ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихивуфарҳангии халқи тоҷикро иҷро менамояд.

Дар давоми фаъолияти  худ осорхона ҳазорон бозёфтҳои нодири таърихӣ, ёдгориҳои бостоншиносӣ, ашёҳои этнографӣ, намунаи санъати ҳунарҳои мардумӣ ва ҳуҷҷатҳои арзишмандро гирд оварда онҳоро мавриди таҳқиқӣ илмӣ қарор додааст.

Бояд зикр намуд, ки фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғддорои   якчанд ҳазор нигораҳо ва ашёҳои нодири таърихӣ буда , давраҳои  гуногуни таърихро аз замонҳои қадим то давраи муосир фарогир мебошад. Ин нигораҳо бозгӯйкунандаи роҳи тӯлонии ташаккул, рушди таърихиву фарҳангии халқи тоҷик буда , арзиши баланди  таърихиву илмӣ доранд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки  Осорхонаи таърихии вилояти Суғд соли 1926 таъсис ёфта, дар арафаи 100- солагии таъсисёбии худ  қарор дорад. Ин санаи  муҳим гувоҳи фаъолияти пурмаҳсул ва саҳми арзандаи  осорхона дар ҳифз  ва муаррифии мероси  таърихию фарҳангии миллат дар тӯли як аср мебошад.

Дар  шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати илму технология осорхонаи таърихӣ  фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ монда  бо истифода аз усулҳои навини осорхонашиносӣ самтҳои корбарии худро пайваста  такмил медиҳад. Яке аз самтҳои  муҳими фаъолият рақамикунонии фонди осорхонаи таърихӣ ба шумор рафта, он ба ҳифзи дарозмуддати нигораҳо, беҳтар намудани имкониятҳои таҳқиқоти илмӣ ва фароҳам овардани дастрасии васеъ ба мероси таърихиву фарҳангӣ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон, татбиқи воситаҳои муаррифии рақамӣ имконият медиҳад, ки осорхонаи таърихӣ  мероси фарҳангиро дар сатҳи  миллӣ ва байналмилалӣ ба таври муассир муаррифӣ намояд. Ин иқдомҳо на танҳо сатҳи касбии фаъолияти осорхонаро баланд мебардорад, балки барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ боло бурдани маърифати таърихии ҷомеа заминаи устувори илмӣ фароҳам месозад.

Исломова Сайфияхон - корманди илмии
шуъбаи давраи муосири  МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООсорхонаи таърихӣ- 100 сол дар хидмати таърих ва фарҳанг
Scroll to Top