Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Машварати корӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 100 - солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 08 – уми январи соли 2026 , дар толори маҷлисгоҳи Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, машварати корӣ бахшида ба истиқбол ва ҷашн гирифтани 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд баргузор гардид.

Машварат бо сухани ифтитоҳии Иброҳим Иброҳимов - Омири кулли муассисаи давлатӣ оғоз ёфта, дар он масъалаҳои марбут ба омодагӣ ба ҷашн , таҳия ва татбиқи нақшаҳои чорабиниҳои дарпешистода мавриди баррасии муфассал қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки ҷашни 100- солагӣ на танҳо як рӯйдоди таърихӣ, балки фурсати  муаррифии бештари мероси  таърихиву фарҳангии минтақа дар сатҳи васеи иттилоотӣ мебошад.

Дар машварат намояндагони воситаи ахбори омма, блогерон, мушовири намояндагии ширкати “Суғдсинамо”,SMM- мутахассисони ҷавон инчунин мудирони шуъбаҳои мухталифи муассиса иштирок намуданд. 

Ҳадаф аз  ҷамъомад тақвияти ҳамкорӣ бо расонаҳо ва истифодаи васеи платформаҳои рақамӣ, ҷиҳати ҷалби  таваҷҷуҳи ҷомеа баҷашнӣ  таърихӣ буд.

Дар идомаи машварат Бахтовар Темуров- мушовири ширкати телевизони “Суғдсинамо” баромад намуда, оид ба нақши  муҳими маводи визуалӣ, филмҳои кӯтоҳӣ муаррифӣ ва истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ дар таблиғи чорабиниҳои фарҳангӣ андешаҳояшро баён кард.

Сипас, Диловар Сафаров блогери ботаҷрибаи кишвар суханронӣ намуда, таъкид кард, ки дар шароити имрӯза омода намудани видеороликҳои кӯтоҳмуддат ҷолиб ва дорои паёми равшан барои ҷалби аудиторияи ҷавон аҳамияти махсус дорад. Ба гуфтаи ӯ чунин навъи мавод метавонад нақши калидӣ дар муаррифии таърихи осорхона ва чорабиниҳои ҷашнӣ бозад.

Машварати корӣ нишон дод , ки ҷашни 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бо ҷалби васеи расонаҳо, блогерон ва мутахассисони соҳаи иттилоотӣ дар сатҳи баланд таҷлил хоҳад шуд. Таъкид гардид, ки истифодаи маводи муосири рақамӣ, бахусус видеороликҳои кӯтоҳ метавонад дар муаррифии таърихи осорхона ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа махсусан ҷавонон нақши муассир бозад.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМашварати корӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 100 - солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
Scroll to Top