Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Осорхона-махзани таъриху ниёгон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

         Осорхонаҳо дар ҷомеаи имрӯза яке аз марказҳои асосии таърихӣ-фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, мавқеи онҳо рӯз аз рӯз афзун гардида истодааст. Осорхона метавонад барои ҳар фарди миллат, алалхусус, меҳмонони хориҷӣ дар як фурсати кӯтоҳ гузаштаву имрӯзи неки тоҷиконро бозгӯ намояд.

            Осорхона дар тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ, ватандӯстӣ, ҳисси хештаншиносӣ, эҳтиром ба мероси ниёгон, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад, корҳои хеле назаррасро ба сомон расонида истодааст.

            Осорхонаи таърихии вилояти Суғд муассисаи фарҳангӣ-маърифатӣ маҳсуб ёфта, аз шӯъбаҳои таърих, таърихи давраи муосир, дастхатҳо ва табъу нашр, оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа, шӯъбаи маъхаз (фонд) иборат аст. Дар толорҳои намоишии осорхона вобаста ба даврабандии таърихӣ намоишгоҳҳои давраи ҳаёти одамони дар асри санг, давраҳои фулузӣ, давраи тамаддуни ориёӣ, элинистӣ, таъриху тамаддуни тоҷикон ва давраи муосир созмон дода шудаанд.

            Алҳол, дар ҳудуди Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд»: «Осорхонаи таърихии вилояти Суғд», «Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд» ва «Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ» фаъолият доранд.

            Дар нӯҳмоҳаи соли сипаригашта аз толорҳои намоишии осорхонаҳои мазкур 49829 нафар тамошобинон дидан карданд, ки аз ин миқдор 2000 нафар шаҳрвандони хориҷи кишвар мебошанд:

            Аз ин лиҳоз Осорхонаи таърихиро 36019 нафар тамошобинон дидан ба амал оварданд. 5540 нафар фарогири сайри илмии умумӣ гардида, 23814 нафар тамошобинони алоҳида аз осорхона дидан карданд. Дар ин давра 6665 нафар тамошобинон осорхонаро ба тариқи ройгон дидан намуданд. Теъдоди тамошобинон аз давлатҳои хориҷи дур 1181 нафар, аз давлатҳои Муштараку Манофеъ 537 нафарро ташкил медиҳад.

            Аз Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ 12309 нафар дидан ба амал оварданд. 3828 нафар фарогири сайри илмии умумӣ гардида, 6211 нафар тамошобинони алоҳида аз осорхона дидан карданд. Дар ин давра 2270 нафар тамошобинон осорхонаро ба тариқи ройгон дидан намуданд. Теъдоди тамошобинон аз давлатҳои хориҷи дур 78 нафар, аз давлатҳои Муштараку Манофеъ 105 нафарро ташкил медиҳад.

            Аз осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд 1501 нафар дидан ба амал оварданд. 1391 нафар тамошобинони алоҳида, 110 нафар ба таври ройгон аз осорхона дидан карданд.

            Кормандони осорхонаҳои Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» баҳри ба ҷо овардани се рисолати азалии хеш саъю кӯшиш намуда, соли ҷашни 90 солагии Осорхонаро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст менамоянд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООсорхона-махзани таъриху ниёгон
Scroll to Top