Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дави саломатӣ дар боғи фарҳангӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар оғози Соли нави мелодӣ- 2026 бо ташаббуси “Клуби дӯстдорони дав- DAV. TJ , дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” мусобиқаи оммавии дав баргузор гардид.

Ин  чорабинӣ бо мақсади  тарғиби тарзи ҳаёти солим , рушди варзиш ва муттаҳид сохтани дӯстдорони дав аз минтақаҳои гуногун роҳандозӣ мешаванд, ки рӯз ба рӯз сафи аъзоёни клуб зиёд гашта истодаанд.

Тибқи барномаи мусобиқа иштирокчиён метавонанд қувваи ҷисмонии худро дар масофаҳои 10 км, 20 км, инчунин барои наврасону кӯдакон дар фосилаи 400м бисанҷанд. Масофаҳо бо назардошти синну сол ва омодагии ҷисмонии иштирокчиён бо вақти  маҳаллӣ расо соати 14:00  оғоз гардид.

Бояд гуфт , ки хусусияти ҷолиби ин чорабинии мазкур дар он аст, ки мусобиқаи дави ҳамасола бо таври вертикалӣ на танҳо дар шаҳри Хуҷанд, балки ҳамзамон дар шаҳрҳои Душанбе, ноҳияи Ҷаббор Расулов, инчунин берун аз кишвар дар шаҳрҳои Тошкент, Белгород ва Челни  баргузор мегарданд. Ин иқдом рамзи дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва ягонагии дӯстдорони варзиш дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Дар ҷараёни  чорабинӣ иштирокчии дав  Калиновский Инна- 32 сола зодаи шаҳри бостонии  Хуҷанд, ҳарчанд шаҳрвандииФедератсияи Русияро дорад, вале бо варзишгарони минтақа робитаи зич дошта , дар мусобиқаҳои байналмилалӣ , дар шаҳрҳои Самарқанд, Тошкент ва Панҷакент  ширкат варзида, таҷрибаи бойи варзишии худро бо иштирокчиён қисмат намудааст. Калиновский Инна аз фурсати қулай истифода бурда, ҳозиринро бо фарорасии соли нави 2026 самимона табрик гуфта, иброз дошт, ки варзиш на танҳо саломатиро мустаҳкам  мекунад, балки мардумро ба ҳам меорад ва дӯстиро қавӣ мегардонад. Ӯ ба ҳамаи иштирокчиён  тандурустӣ, муваффақият, иродаи қавӣ ва пирӯзиҳои нав орзу намуд.

Ташаббускорони мусобиқаи дав изҳор медоранд, ки чунин мусобиқаҳо на танҳо  саломатии ҷомеаро тақвият мебахшад, балки руҳияи ҳамкорӣ ва фаъолиятнокии иҷтимоиро низ боло мебарад. Интизор меравад, ки мусобиқаи дави варзишӣ бо иштироки васеъи варзишгарон ва ҳаводорони дав баргузор гардида, ба як ҷашни ҳақиқии варзишӣ табдил хоҳад ёфт. 

Қобили зикр аст, ки дар маҷмуъ мусобиқаи дави соли навии DAV.TJ , дар шаҳри Хуҷанд на танҳо як чорабинии варзишӣ, балки  як иқдоми муҳим дар роҳи тарғиби тарзи ҳаёти солим , таҳкими дӯстиимиёни шаҳрвандон маҳсуб меёбад.

Чорабинӣ дар  фазои идона бо руҳияи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷамъбаст гардида , бори дигар собит сохт, ки варзиш ва ҷашн метавонад, якҷоя мардумро ба зиндагии фаъолу солим ҳидоят намояд. Иштирокчиёни дав бо хотираҳои нек ва умедҳои нав ба соли нави 2026 қадам гузоштанд.

Дар фарҷоми мусобиқа намояндаи “Клуби дӯстдорони дав- DAV.TJ  , иштирокчиён ва ҳаводорони варзишро боз як бори дигар ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026 самимона табрику муборакбод намуда ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли мусобиқа барои заҳмату талошҳояшон изҳори сипос намуд. Инчунин беҳтарин иштирокчиён ва ғолибонро бо сипосномаву медалҳои ҷоизавӣ , далели нишондиҳандаи эътироф ва таваҷҷуҳ ба рушди варзишдастовардҳои онҳо мебошанд, қадрдонӣ карда шуд.  Ин амал  на танҳо далели таваҷҷуҳ, балки ҳамчунин дастгирӣ ва ташвиқи ташаббусҳои солими ҷомеаро нишон медиҳад, ки барои тарбияи насли ҷавон ва рушди ҷомеа аҳамияти махсус дорад.

Метавон гуфт, ки бо чунин иқдомҳои созанда умед аст, ки Соли нави 2026 , ба соли рушди бештари варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, болоравии руҳияи ҳамбастагӣ ва дастовардҳои нав барои варзишгарон, ҷавонон ва зиндагии солим мубаддал гардад.

Умедворем, ки чунин чорабиниҳои варзишӣ дар оянда боз ҳам густариш меёбанд ва барои ҷомеа ҳамчун қадамҳои устувор ба сӯи саломатӣ, энергия ва ҳамбастагии ҷомеа хизмат мекунанд. Ин мусобиқаҳо на танҳо барои рушди варзишӣ ва тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунанд, балки ҳамзамон ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии байни иштирокчиёнро тақвият мебахшад.

Бигзор соли нави мелодӣ- 2026, соли саломатӣ, сулҳ, комёбиҳо ва дастовардҳои нав барои ҳамагон бошад.

Хотиррасон намуд, ин ҳама гувоҳи роҳи рисолати пурифтихори Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” аст, ки соли 2026 ҷашни ифтихори 100- солагии худро ҷашн мегирад.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДави саломатӣ дар боғи фарҳангӣ
Scroll to Top