Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Санъаткорони афғон дар Қалъаи Хуҷанд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳафтаи гузашта ҳангоми ташриф ба вилояти Суғд санъаткорони ҷавон ва шинохтаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саҳар Ориён, Ғизоли Иноят ва Амирҷон Сабурӣ баъди баргузории маҳфили ҳунарии «Шоми дӯстӣ» аз Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дидан намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо Боғи фарҳангию фароғатии «Қалъаи Хуҷанд» ба яке аз макони сайру саёҳат ва истироҳатии меҳмонони зиёди дохилию ҳам хориҷӣ мубаддал гардидааст.

Меҳмонон боздидро аз осорхона оғоз намуда, мақбара, муҷассама ва Хона-музейи Камоли Хуҷандиро зиёрат намуданд. Аз таърихи бою мӯҳтавои халқамон ва аз тамошои манзараҳои дилфиреби Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ ба ваҷд омада, миннатдории худро ба масъулини муассиса изҳор намуданд.

Меҳмононро сардори Раёсати фарҳангии вилоят Ориф Набиев ҳамроҳӣ намуданд.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСанъаткорони афғон дар Қалъаи Хуҷанд
Scroll to Top