Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Арчаи соли нав дар назди Театри Камоли Хуҷандӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо фарорасии Соли нави мелодӣ- 2026 ва ба хотири фароҳам овардани муҳити идона ва зебо гаштани шаҳр дар назди Театри давлатии мазҳака- мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, рӯ ба рӯи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”, арчаи соли навӣ гузошта шуд, ки  ин тадбири  ҷашни фасли зимистонро дар муҳити фарҳангӣ кӯдакон бо шавқу бозӣ ва шодиву сурур таҷлил менамоянд.

Гуфтан ба маврид аст, ки гузоштани арчаи соли навӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд ин на танҳо рамзи идона ва хушҳолии мардум, балки аҳамияти тарбиявӣ ва фарҳангӣ низ ҳам дорад. Арчаи идонаи соли навӣ бо ороиши чароғакҳои рангоранги  равшанидиҳандаи муосир фаро гирифта шуда, фазои гирду аторфи шаҳрро ҷолиб ва ба худ ҷалб мекунад.

Бояд гуфт, ки ташаббускорони ин иқдом бо омодагӣ ва ба гузоштани арчаи солинавӣ, ороишоти онро таъмин намуда бо риояи қоидаҳои бехатарӣ ва эстетикӣ тадбирҳоро анҷом додаанд. Бале, чорабинии фарҳангӣ бо Бобои барфӣ ва Барфак  фазои идона эҷод намуда , хушҳолии  кӯдакон ва сокинонро дучанд менамояд. Макон ба ҷойи дӯстдоштаи мардум табдил ёфта, кӯдакон бо бозиву ханда, наврасону ҷавонон  бо рақсу суруд ва бо тамошои барномаҳои ҷолиб вақти худро сипарӣ менамоянд. Барномаи фарҳангӣ бо иштироки сарояндагони мумтоз ва ҳунармандони санъати миллӣ баргузор гардида ба чорабинӣ руҳу таровати хоса  мебахшад, ки суруду оҳангҳои дилнишин, рақсу бозӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки чорабинии солинавӣ барои ҳамаи иштирокчиён хотираи фаромӯшнашаванда хоҳад монд.

Албатта, гузоштани арчаи Соли нави мелодии – 2026 дар назди Театри Камоли Хуҷандӣ қадами муҳим барои  пешвоз гирифтани ҷашни зимистонӣ ва эҷоди муҳити идона дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба шумор меравад. Ин арча бо чароғакҳои рангоранг ва ороишоти идона ба маркази  ҷалби сокинон ва меҳмонони дуру наздики шаҳр табдил ёфта , фазои шодиву сурурро фароҳаммеофарад, ки дар ҳоле калонсолон низ аз ин манзараи  зебо руҳияи идона мегиранд.

Ин ташаббус ва иқдоми нек на танҳо симои маркази шаҳрро дигаргун мекунад, балки ба таҳкими руҳияи  ҳамдигарфаҳмӣ, эҳёи анъанаҳои идона мусоидат намуда, барои  сокинон хотираҳои гуворо боқӣ монда, ҳисси шодмонии дилҳоро   зиёд мегардонад.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МДМФТ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАрчаи соли нав дар назди Театри Камоли Хуҷандӣ
Scroll to Top