Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боздиди Маркази занон «Гулрухсор» аз Маҷмаа

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 12-октябр бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати кормандони ташкилоти ҷамъиятии Маркази занони «Гулрухсор» бо якчанд нафар волидони фарзандони баору номуси диёр, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ иштирок ва ҷони худро барои сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ фидо карда, баъзеашон то ҳол беному нишон гардидаанд, ба Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» барои зиёрат ташриф оварданд.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи Ёддошти тафоҳум байни Дафтари Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон «Гулрухсор» аз санаи 6 апрели соли 2015 аз рӯи лоиҳаи «Ҳамсафарии оилаҳои бедаракшудагон дар вилояти Суғд» ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.

Ба гуфти яке аз намояндаи марказ Сангинова Муяссархон: «Мақсади асосии ташриф овардани мо дар он хусус аст, ки мо мехостем аз таърихи бою мӯҳтавои халқи тоҷик ин оилаҳоро бархуддор намуда, дар дили ҳар яки онҳо ватандӯстию меҳанпарастиро бедор намоем».

Меҳмонон боздидро аз осорхона оғоз намуда, мақбара, муҷассама ва Хона-музейи Камоли Хуҷандиро низ зиёрат намуданд. Мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангии осорхона Мирзоева И., ки яке аз роҳбаладони бомаҳорати Маҷмаа мебошанд, ба меҳмонон бо мазмуни баланд аз таъриху фарҳанги бои халқи кишвар сайри илмӣ гузарониданд.

Баъди шиносоӣ бо таърихи кишвар ҳайати марказ бо ҳамроҳии волидайн ба кормандони Маҷмаа арзи сипосгузорӣ намуданд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоздиди Маркази занон «Гулрухсор» аз Маҷмаа
Scroll to Top