Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Таърихи асрори рангҳо

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар асл, рангҳо дар табиат қисми ҷудонашавандаи зиндагии инсон ба шумор меравад. Аз лаҳзаи таваллуд то охири умр, инсон дар муҳити пурталотуми олами пуррангҳо  ҳаёт ба сар мебарад.

Бояд гуфт, ки ҳар як намуди ранг таъсири зоҳирӣ надорад, лек он метавонад, маънои рамз ва эҳсосотро муайян мекунад. Ин асрори ниҳоии рангҳо дар тӯли таъриху фарҳангҳои мухталиф ва бо тавассути илму дониш, аз ҷумла санъат, дин ва равоншиносӣ шарҳ ёфтааст.

Зикр намуд, ки рангҳо дар тамаддунҳои қадим , бахусус дар Мисри бостонӣ, ранги кабуд- рамзи осмон, илоҳиёт ва ҳокимият будааст. Онҳо барои омода кардани ранг аз санги гаронбаҳои лазуритӣ истифода мебурданд, ки рамзи муқаддас буда , онро бештар дар расмҳои деворӣ истифода мебурданд.

Дигаре бошад, дар Юнону Рими қадим ранги арғувон, яъне пурпурӣ танҳо барои шоҳон ва ашрафон муяссар будааст, зеро он аз садафҳои баҳрӣ истеҳсол шуда, қиматаш хело гарон будааст. Ҳатто дар баъзе давлатҳо расман  истифодаи чунин рангро барои мардумаш  қатъиян манъ намудааст. Дар кишварҳои Ҳиндустону Чин ва дигар мамолики Шарқ бошад, ранги сурх – рамзи бахт ва нерӯи ҳаётӣ ба шумор меравад, ки то имрӯз дар маросимҳои анъанавӣ ва ҷашнҳои миллӣ нақши муҳим мебозад, истифода мебаранд. Дар давраҳои асри миёна бошад, калисои масеҳӣ бо рангҳои мазҳабӣ ҳамоҳангсоз буданд. Масалан, ранги сафед – нишонаи покӣ ва муқаддас, ранги сиёҳ- мотам ва зулумот, ранги сабз – ҳаёти нав ва эҳё ва рангҳои тиллоӣ, зард – нишонаи равшанӣ ва руҳониятро ифода мекардааст.

Қайд намуд, ки дар давраи Ренессанс ( аз забони фаронсавӣ) гирифта шуда, маънояш “эҳё ё аз нав зинда шудан” –ро ифода мекунад, ки давраи таърихии фарҳангӣ ва бадеӣ буда , тақрибан аз асри XIV то XVI идома ёфтааст. Дар он замон рассомони машҳур ба монанди Леонардо да Винчи, Рафаэл ва Микеланжело на танҳо ранги зебо, балки маънидорро истифода мебурданд. Ба монанди барои либоси Марям ранги кабуд, Муқаддас- ранги сурх барои муҳаббат ва қурбонӣ, ранги сиёҳ бошад барои фоҷеа истифода мешуданд. Ин нишонаи онро медиҳад, ки ранг як воситаи гуфтугӯ ва нақлгӯи эҳсосот будааст.

Хотирасон намуд, ки имрӯзҳо сокинону меҳмонон ва сайёҳони дуру наздик аз толорҳои намоишии Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии  “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан мекунанд. Боиси ифтихор аст, ки аз ҷониби ҳунармандони мардумӣ дар толорҳои мазкур бо санъати тасвирӣ, кундалкорӣ, рассомӣ ва ғ. тамоми намуди рангҳоро истифода бурданд. Инчунин дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ тамоми намуди гулҳои рангоранги мавсими шинонида шуданд. Онҳо табиати зинда буда,  на танҳо барои зебогӣ, балки барои таъсири равонӣ ва раҳнамоӣ хидмат мекунанд. Ҳар як намуди ранги гулҳо метавонад ба эҳсосоти инсон дар муҳити табиӣ таъсири худашро мерасонад.

Мусаллам аст,ки таърихи асрори рангҳо танҳо як таърихи бо чашм дидашаванда набуда, он таърихӣ маънавӣ, фарҳангӣ ва ҳиссӣ мебошад. Рангҳо асрор доранд, онҳо бо инсон суҳбат мекунанд, эҳсосотро бедор ва даркро шадидтар менамоянд.

Қобили қайд аст, ки дар замони муосир илми равоншиносии рангҳо нишон медиҳад, ки ҳар ранг метавонад ба руҳия, рафтор ва ҳиссиёти инсон таъсири худро расонад.

Аз ин рӯ, фаҳмидани таърихи асрори рангҳо ин роҳи фаҳмидани таърих, фарҳанг ва худи инсон аст. Рангҳо бо мо ҳар рӯз сухан мегӯянд,  бояд танҳо онҳоро дуруст дарк кунем, кифоя аст.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТаърихи асрори рангҳо
Scroll to Top