Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Хумдони рангуборкунии ресмонҳо дар осорхонаи таърихӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Осорҳои таърихӣ ва фарҳангӣ гувоҳи равшани зиндагӣ, ҳунар  ва зеҳни созандаи ниёгонамон мебошанд. Дар тӯли асрҳо мардуми тоҷик бо заҳмату истеъдоди худ ҳунарҳои гуногунро рушд дода, осори беназир ба мерос гузоштанд.

Яке аз чунин ҳунарҳои қадима , ки то имрӯз аҳамияти илмӣ ва таърихии худро аз даст надодааст, ҳунари рангубории ресмонҳо мебошад. Барои иҷрои ин раванд устоҳо аз хумдонҳои махсус истифода мебурданд, ки дар онҳо ресмонҳоро бо рангҳои табиӣ ҷӯшонида ба онҳо тобиши устувор мебахшиданд.

Дар  толори намоишии “Таърих ва фарҳанги тамаддуни халқи тоҷик дар асрҳои XIV- XV”-и Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, хуми қадимаи ҳаҷмаш бузург  барои рангубори ресмон баҳри тамошобинон гузошта шудааст.

Хуми мазкур, таалуқ ба охири асри XIX аввали асри XX, тагпаҳни шакли силиндри дошта, одатан онро ҳунармандон ба замин то гарданаш гӯр мекарданд. Асосан  онро ҳунармандони  рангуборчи барои ранг намудани ресмонҳо истифода мебурданд. Ин ашёи арзишманд далели равшани рушду пешрафти ҳунарҳои мардумӣ, махсусан ҳунари бофандагӣ ва рангуборӣ дар Суғди бостон мебошад.

Зикр намуд, ки дар асрҳои миёна , махсусан дар давраи Темуриён ҳунари бофандагӣ яке аз соҳаҳои асосии истеҳсолоти мардумӣ ба ҳисоб мерафт. Барои тавлиди матоъҳои зебо, пеш аз ҳама ресмонҳо бояд ранг карда мешуданд. Барои ин амал устоҳои маҳаллӣхумдонҳои махсуси гилӣ месохтанд, ки онҳо оби ранг бо гармӣ омода ва ресмонҳо дар он ҷӯшонида мешуданд.

Хотиррасон намуд, ки хумдони мазкури ба намоиш гузошта шуда низ барои ҳамин мақсад истифода мегардид. Он воситаи асосии рангуборӣ буда, имкон медод, ки ҳарорати зарурӣ барои устувор шудани рангҳо таъмин шавад.

Ёдгории мазкур далели равшани он аст, ки дар замони миёна технологияи истеҳсоли матоъҳои ранга дар водии Суғд хеле пешрафта буда, устоҳои маҳаллӣ бо истифода аз шароити маҳдуд низ рангҳои зебо ба даст меоварданд.

Бояд гуфт, ки хумдони қадимаи рангуборкунӣ на танҳо як ашёи таърихист, балки рамзи ҳунари мардумии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Он нишон медиҳад, ки аҷдодони миллати тоҷик чӣ гуна бо илму таҷриба ба дастрасӣ ба дастгоҳои муосир тавониста буданд, ки рангу матоъҳои босифат эҷод мекарданд. Имрӯз ин ёдгорӣ дар осорхонаи таърихии ҷойдодашуда, барои омӯзиши таърихи ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи ҳунари анъанавии бофандагӣ аҳамияти калон дорад.

Бале, хумдони қадима барои рангуборкунии ресмонҳо намунаи барҷастаи таҷрибаи ҳунармандии мардумони гузашта аст. Ин ёдгории нодир на танҳо аз гузашта қисса мекунад, балки руҳи эҷодкории ниёгонамонро эҳё мекунад.

Гуфтан ба маврид аст, ки рангуборкунӣ дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ ба ду касбӣ мустақил тақсим мешавад: рангубор кардан бо рангҳои гуногун, тарзи “гармогарм” ранг кардан бо ранги кабуди индиго, тарзи дигараш “хунукохунук” ранги кабудгарӣ ба роҳ монда шуда будаст. Ягона ранги кабуде, ки рангуборчиён истифода мебаранд, индиго- нил ном дорад. Ранги индиго- нилро ҳунармандони хуҷандӣ онро аз шаҳри Бухоро дастрас менамуданд, ки ин ранг аз кишварҳои Ҳиндустону Афғонистон оварда мешуд. 

Ёдовар бояд шуд, ки аввали  асри XX дар шаҳри Хуҷанд  ҳунармандон бо тарзи гармогарм ва хунукохунук  ресмонҳоро ранг мекарданд. Дар маҳаллаҳои қадимаи  бо номи Тӯбохон, Дари шикоф, Масҷиди сурх, Қалъаи нав, Қозилуччакон, Масҷиди савр, Гузари охун ва Дӯкчӣ рангуборхонаҳои мухталиф мавҷуд буданд, ки барои рушди   ҳунарҳои мардуми хизмат менамуданд.

Валӣ Набизод- котиби маркази 
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОХумдони рангуборкунии ресмонҳо дар осорхонаи таърихӣ
Scroll to Top